logo

Хабарҳо

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди  ҳамаи соҳоти хоҷагии халқи мамлакат, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  дар мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ аз  худ  иқдоми наве зоҳир кард. Дар ин ҳамоиш мавсуф ба соҳибкорони маҳаллӣ  пешниҳод намуд, ки   дар  таъмири ҷории роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ашт саҳми худро гузоранд. 
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки навсозии роҳи Хуҷанд - Ашт таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад ва тибқи муҳлати муқарраргардида сохта хоҳад шуд. Мардуми шарифи ноҳия ба ин ғамхории Пешвои миллат, ҳамзамон, ҳамовозӣ  зоҳир карда, барои  ободии диёр бо амри виҷдон саҳм мегузоранд.
Роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ин ҳамоиш ба соҳибкорон иброз дошт, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ шумораи соҳибкорони муваффақ меафзояд. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат  саҳми соҳибкорони ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Инчунин, соҳибкорону саховатмандони  бонангу номуси ноҳия барои таъмири   роҳи Хуҷанд - Ашт, ки яке аз  омилҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия маҳсуб меёбад, ҳиссаи муассири худро мегузоранд. Соҳибкорон бо иштироки 72 нафар иқдоми  раиси  ноҳияро хуб пазируфта бо  ҳимматбаландии худ 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ  ҷамъ намуданд. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4904
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед