logo

Хабарҳо

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Эълон намудани солҳои 2022 - 2026 - Солҳои рушди саноат ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии ҶДММ КМ "Зарафшон" такони бузург бахшид. Дар доираи роҳандозии ин ҳадафи стратегӣ, фаъолияти муназзами коргоҳ таъмин, ҷойҳои корӣ нигоҳ ва боздеҳи иқтисодии иқтидорҳои истеҳсолӣ пурзӯр мешаванд. 
 
Имрӯзҳо корҳо дар конҳои тилло ва миси "Тарор", "Ҷилав", нақби обгузар дар мавзеи Моғиёндарё, партовгоҳҳои №2 ва №3, фабрикаҳои бойгардонии №1, №2 ва №3  идома доранд. Заводи нав оид ба истихроҷи мис, ки ҳоло бунёд мегардад, минбаъд КМ "Зарафшон"-ро ба тавонотарин ва бузургтарин коргоҳи саноатии Тоҷикистон табдил медиҳад.
Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми истифодаи кони "Тарор" сохтмони иншооти гидротехникӣ (нақби обпарто) ба дарозии 960 метр, андозаи нақб 19,4 м2, оид ба ҷойгир намудани ҷинсҳои кӯҳӣ оғоз гардидааст.
Роҳбарияти коргоҳ ҷиҳати васеъ намудани майдони маъдан, омӯзиши умқҳои конҳои кушоди «Ҷилав», «Тарор», афзоиши маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ин тадбирҳо амалӣ гардондани ҳадафи саноатикунонии кишвари азизамон нақшаҳои наҷибе доранд.
- Полоишгоҳҳо дар истеҳсолоти коргоҳ қисми муҳимтарин ва асосии коркарди маъдан мебошанд. Бе иншооти лойобанигоҳдорию тозакунӣ коргоҳ фаъолият карда наметавонад. Бо мақсади пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист дар полоишгоҳҳо маҷмуи шабакаҳои гидротехникӣ сохта шудаанд, ки барои ҳифзи обҳои зеризаминӣ ва воридшавии боришоти атмосферӣ ба полоишгоҳҳо пешбинӣ гардидаанд. Оби полоишгоҳҳо аз ҳудуди минтақаи саноатӣ берун набаромада, ба воситаи шабакаҳои дохилӣ  дар истеҳсолот такроран истифода бурда мешавад. Аммо дар раванди афзоиши босуръати истеҳсолот полоишгоҳи амалкунанда талаботи торафт афзояндаи коркарду истихроҷи маъданро таъмин карда наметавонад. Аз ин рӯ, бояд полоишгоҳи нав бунёд  гарданд,- мегӯяд ҷонишини директори кулли КМ "Зарафшон" А. Ашӯров.
Номбурда ҷараёни корҳоро оид ба бунёди полоишгоҳи нав шарҳ дода, гуфт, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Панҷакент барои сохтмони полоишгоҳ, марҳилаи 3, қисми 1 ҷиҳати ҷойгиркунонии лойобаи коркарди  маъданҳои кони «Тарор»  қитъаи замини иловагӣ бо масоҳати 9,91 гектар ба муҳлати 30 сол ҷудо   шудааст.   Дар полоишгоҳ ҷинсҳои табиии кӯҳие ҷойгир мешаванд, ки аз қисми кӯҳпораи конҳо гирифта, минбаъд дар раванди истеҳсолот аз онҳо маъданҳои арзишнок ҷудо карда мешаванд. Бо ҳамин роҳ 81 фоизи металлҳои арзишнок гирифта, боқимондаи ҷинсҳои кӯҳӣ дар шакли лойоба  дар полоишгоҳ нигоҳ дошта мешаванд. Лойобаҳои полоишгоҳҳо бо миқдори зикршудаи металлҳои арзишноки талафшуда дар оянда бо роҳу усулҳои нави технологӣ дубора мавриди коркард қарор мегиранд. 
Бо назардошти он, ки полоишгоҳ дар наздикии деҳаи Хумгарон сохта мешавад, роҳбарияти коргоҳ уҳдадор шудааст, ки маҷмуи зиёди корҳои ободонии деҳаро иҷро намояд: бинои мактаб ба куллӣ таъмир,  синфхонаҳои иловагию роҳ бунёд, сокинон бо оби нӯшоию полизӣ беҳтар таъмин карда хоҳанд шуд. Ҳар моҳ ба сокинон 150 ҳазор сомонӣ ёрии бебозгашт ҷудо мегардад. 
Бо маблағгузории Коргоҳи муштараки "Зарафшон" кӯдакистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
Дар умум, ба хотири дастгирии муассисаҳои соҳаи маорифу тиб, рушди инфрасохтори шаҳру деҳот, ободонии роҳҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ ва хуррамгардонии мавзеъҳои фароғатии шаҳри бостонии Панҷакент маҷмуи чораву тадбирҳоро меандешад. КМ "Зарафшон" ҳам бо корҳои хубу шоиста дар рушди иқтисодиёт ва ҳам  бо ғамхориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба эҳтирому муҳаббати мардуми Панҷакент сазовор мегардад.
 
Луқмон ҚУРБОН, рӯзноманигор, ш. Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4401
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед