logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ

 
Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 16-уми Шурои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар заминаи  Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург баргузор гашт, иштирок кард.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири адлияи Россия Константин Чуйченко доир шуда, дар он аъзои Шуро нақши вазоратҳои адлия дар гузарондани сиёсат ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намуданд.
Қарор шуд, ки соли 2023 вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён раиси Шуро интихоб гардида, ҷаласаи 17-ум дар Тоҷикистон баргузор шавад.
 
 
ЮНЕСКО дастовардҳои маорифи Тоҷикистонро намунаи ибрат хонд
Муваффақияти Тоҷикистон - ин ба таҳсил фаро гирифтани тамоми наврасони синни мактабӣ, хусусан духтарон, мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти маориф ва баробарии гендерӣ дар шакли ҳуҷҷат таҳия ва ҳамчун дастури намунавӣ барои корбарӣ ба дигар кишварҳо фиристода мешавад. 
Ин нуктаро директори глобалии ЮНИСЕФ оид ба маориф ва рушди ҷавонон Роберт Ҷенкинсон дар мулоқот бо вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, ки дар пойтахти Фаронса –  шаҳри Париж доир шуд, изҳор дошт.
 
 
Мулоқоти вазирони адлияи Тоҷикистон ва Россия
Дар вохӯрии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо вазири адлияи Федератсияи Россия Константин Чуйченко таҳкими минбаъдаи муносибатҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои мақомот ва муассисаҳои адлия, мусоидат ба рушди ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ бо мақсади амалинамоии ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи адлия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои Вазорати адлия, инчунин, барои ҷоннокгардонии муносибатҳои минбаъда, аз ҷониби вазири адлия пешниҳод шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар таҳрири нав таҳия гардад.
 
 
Муколамаи якуми Женева оид ба масъалаҳои об
Дар Швейтсария нахустин муколамаи Женева оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Мисри Араб  созмон ёфтааст, баргузор гардид. Муколамаро Созмони ҷаҳонии метеорология, «СММ – Об», Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, раёсати  Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва созмони «Geneva Water Hub» дастгирӣ карданд,- иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳадафи  асосии  муколама  гузоштани  саҳми  назарраси созмонҳо ва намояндагиҳои муқими шаҳри Женева ба Конфронси обии СММ – 2023, инчунин, муайян ва пешниҳоди роҳҳои мушаххас барои суръат бахшидан ба ноил гаштан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ мебошад.
 
 
Имзои 20 шартномаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ
Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ беш аз бист шартнома ба имзо расонданд. Онҳо дар доираи баргузории Форуми сайёҳӣ, ки чанде пеш дар Душанбе таҳти унвони «Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» доир шуд, ба тасвиб расиданд.
Дар ҳошияи баимзорасонии санадҳо, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва меҳмонон дурнамои рушди ҳамкориҳоро, бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои судманд, мавриди муҳокима қарор доданд.
 
 
Кумитаи ҳифзи муҳити зист соҳиби бинои нав мегардад
Бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бунёди бинои нави Кумита оғоз гардид. Иншоот дар буриши кӯчаи Шевченко ва Бухорои ноҳияи Сино воқеъ буда, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, барои сохтмони он 0, 3 гектар замин ҷудо шудааст.
Тавре аз Кумита хабар доданд, он аз нуҳ қабат бо таҳхона иборат мебошад ва  дар ошёнаҳо ҳуҷраҳои кориву техникӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ду лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг, роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои дастшӯӣ, шароити зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҷой барои посбон сохта мешаванд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4950
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед