logo

Хабарҳо

Шаббос дар «Ҷоми Элорда – 2022» мақоми сеюмро гирифт

 
Боксёри тоҷик Шаббос Негматуллоев дар I мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс «Ҷоми Элорда – 2022» (Нур-Султон, Қазоқистон) медали биринҷӣ гирифт.
Шаббос (-80кг) бар Баиржан Баигоншеков (Қазоқистон) ва Салгадо Брайан Леон (Куба) ғолиб омада, дар нимфинал аз Танглатиан Аербеке (Чин) мағлуб шуда, ҷои сеюмро ишғол кард.
 
 
Ду медали паҳлавонон аз Чемпионати Осиё
Исоҷон Нураҳмадов (-68кг) ва Муҳаммад Абдуҳакимзода (-62кг) дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни наврасони то 15-сола ва ҷавонони то 20-сола (Манама, Баҳрайн) соҳиби нишонҳои нуқраву биринҷӣ шуданд.
Ба маълумоти Федератсияи гӯштии Тоҷикистон, мусобиқот то 10 июл сурат гирифта, кишвари моро 8 паҳлавон намояндагӣ мекунад.
 
 
Душанбе мизбони якумин Чемпионати CAFA байни тимҳои бонувон
Дар аввалин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни тимҳои миллии бонувон мунтахабҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.
Бар пояи иттилои ФФТ, чемпионат 8 – 20 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мегузарад. 
Тибқи низомнома, он дар як давр баргузор мешавад. Дар ибтидо Қирғизистон бо Эрон ва Туркманистон бо Тоҷикистон (8 июл) вомехӯранд.
 
 
Натиҷаи 4 бозии даври 11-уми Лигаи олӣ
Дар даври 11-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол садрнишини он – «Хатлон» дар меҳмонӣ бо «Равшан-З» мусовӣ (0:0) кард. 
Натиҷаи се бозии дигар: «Равшан-К» – «Эсхата» – 2:0, «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1 ва КМВА – «Файзканд» – 1:2.
 
 
Омодагии футзалбозони тоҷик ба Ҷоми Осиё – 2022
Мунтахаби футзали кишвар, зери роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2022 бо тими Ӯзбекистон се бозии дӯстона (14, 15 ва 17 июл, Ҷиззах) анҷом медиҳад.  
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё (27 сентябр – 8 октябр, Кувайт) футзалбозони мо дар гурӯҳи «В» бо Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) рақобат мекунанд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4214
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед