logo

Хабарҳо

“ШИРКЕНТ”. ҚАБУЛИ 1200 НАФАР ДАР ЯК МАВСИМ ДАСТОВАРДИ КАМ НЕСТ

 
Дар фароғатгоҳи соҳавии кӯдаконаи “Ширкент”- и Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, маросими ифтитоҳи басти дуюм ботантана баргузор гардид. Бо иштироки фаъоли истироҳаткунандагон чорабиниҳои дилангезу гуворо, рақсу сурудхонӣ, барномаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ пешкаши иштирокчиён гардонда шуд. Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт.
Чунонки Ҷалолиддин Холов, директори лагери “Ширкент”, иброз дошт, соли равон тибқи нақша дар чор баст, дар ҳар як баст 300 - нафарӣ наврасу кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар басти якум қариб 400 нафар ва дар басти  дуюм 320 нафар кӯдакону наврасон аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияҳои  Душанбе, Ҳисор, Панҷакент, Шамсиддин Шоҳин, Ҷалолиддин Балхӣ,  Ёвон, Шаҳринав ва оилаҳои камбизоати корхонаю муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои сохтмон, бофандагӣ ва хоҷагиҳои коммуналӣ, ба ин фароғатгоҳ омаданд. Аз ин теъдод дар басти  якум  зиёда аз 150 нафар  ва дар басти дуюм  50 нафарро  кӯдакони ятим  ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар ин лагер иқдоми хубе роҳандозӣ гардидааст: ба ҳамаи бачаҳои ятиме, ки дар ин ҷо истироҳат мекунанд, аз ҷониби кормандони ширкат  туҳфаҳо, аз қабили сарулибос,  тақдим  карда мешаванд.  
Дар фароғатгоҳ тамоми шароитҳо барои истироҳати кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст. Ҳайати педагогӣ ва мураббиён тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд, то ин ки истироҳати кӯдакон дар сатҳи баланду хотирмон гузарад. 
-  Аз имрӯз спартакиада - олимпиадаи лагер аз рӯи тамоми намудҳои варзиш оғоз мегардад. Мусобиқа  бо иштироки 8 даста аз рӯи бозиҳои футбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, давидан, шиноварӣ байни духтарон ва писарон дар байни отрядҳо гузаронда мешавад. Ғолибон бо ифтихорномаю диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Иттифоқи касабаи ширкат сарфароз мегарданд. Дар лагер, инчунин, аз ҷониби маъмурият маршруткаи махсус таъсис дода шудааст, ки кӯдаконро ҳар рӯз аз соати 5 - 6 – и субҳ  бо навбат ба саёҳат мебарад.  Инчунин, кӯдакон аз осорхонаи корхонаи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дидан намуда, бо кору фаъолияти корхонаи саноатии машҳур дар кишвар шинос мешаванд, - гуфт Ҷалолиддин Холов.    
         
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7097
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед