logo

Хабарҳо

Зарбаи таҳримот ба иқтисоди ҷаҳонӣ

ТАСС. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо аъзои Шурои вазирон ва губернаторон изҳор намуд, ки таҳримот ба нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ ва занҷирҳои таъминот ғалларо ба силоҳе табдил медиҳад, ки метавонад ба бозорҳои ғизоӣ таъсири манфӣ расонад.   
Лукашенко таъкид кард, ки болоравии нархи ғалла боиси якбора боло рафтани дигар навъҳои озуқа ва маҳсулоти чорво мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ғалла як унсури сиёсати бузург шудааст. 
«Шумо хуб дар ёд доред, ки болоравии қаблии нархи гандум дар соли 2008 ба воқеаҳои андуҳгини «баҳори араб» анҷом ёфт. Вақте гуруснагист, хӯрока намерасад, ҷангҳо оғоз мешаванд. Ғалла ба як аслиҳаи сиёсӣ табдил ёфтааст», - гуфт Лукашенко.
 
 
Суҳбати телефонии Путин бо Мирзиёев  
РБК. Президенти Россия Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Ҷумҳурии  Қарақалпоқистони Ҷумҳурии Ӯзбе-кистонро  баррасӣ кардааст, - хабар медиҳад сомонаи Кремл.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки сарварони давлатҳо ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисод,  дахл карда, азми худро барои таҳкими шарикии Москва ва Тошкент иброз доштанд. «Ҷониби Россия аз талошҳои роҳбарияти Ӯзбекистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар Қарақалпоқистон изҳори дастгирӣ кард», - гуфтааст Кремл.
Сомонаи Президенти Ӯзбекистон таъкид менамояд, ки Путин ва Мирзиёев, ҳамчунин, ба иҷрои амали тавофуқҳое, ки роҳбарони давлатҳо зимни мулоқоти рӯ ба рӯ  моҳи ноябри соли гузашта дар Москва ба даст оварданд, таваҷҷуҳ кардаанд.
 
 
Тақрибан 200 нафар дар рӯзҳои истироҳати идона дар ИМА кушта шуд
Известия.  Тақрибан 200 шаҳрванди ИМА дар рӯзҳои истироҳати идона  бар асари ҳамлаҳо бо истифода  аз силоҳи оташфишон ба ҳалокат расид. Изҳороти дахлдор дар сомонаи созмони Gun Violence Archive нашр шуд.
Аз 2 то 5 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 414 ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст. Қурбониёни ҳамлаҳо 198 нафар, аз ҷумла 12 нафар кӯдакону наврасон, мебошанд. Ҳамчунин, 542 кас захм ва ҷароҳатҳои гуногун бардошт.
Президенти ИМА Ҷо Байден ваъда дод, ки пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар Иллинойс мубориза бо хушунат дар кишварро идома медиҳад.
 
 
Шадидтарин хушксолӣ дар Испания ва Португалия дар 1200 соли охир
Мир24. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи Испания ва Португалия ҳавои хушктарин дар ҳазорсолаи охир муқаррар шудааст. Тибқи гузориши Nature Geoscience, олимон ин падидаро ба тағйирёбии системаи фишори баланди атмосферӣ марбут медонанд.
Олимони Амрико бо истифода аз тадқиқоти компютерӣ муайян карданд, ки ин система тули 1200 соли охир чӣ гуна тағйир ёфтааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар аксари вақт он нисбатан устувор буд. Аммо тақрибан 200 сол пеш, вақте ки газҳои гулхонаӣ дар атмосфера афзоиш ёфтанд, он васеъ шудан гирифт. Дар асри ХХ, бинобар гармшавии глобалӣ, минтақаи фишори баланд майдони боз ҳам калонтарро ишғол кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7258
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед