logo

Хабарҳо

Пули 760-метра сохта мешавад

 
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture”-и Ҷумҳурии Корея вохӯрд. Дар мулоқот масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод, ки аз болои дарёи Вахш мегузарад, мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба он қарордод ба имзо расид.
Ба  иттилои Вазорат, таҷдид ва навсозии роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод 31 январи соли 2020 ба маблағи 123 498 586,95 доллари ИМА оғоз гардида, дар назар аст, 31 декабри соли 2023 ба анҷом расад.
Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+217 км) роҳи асосии Обигарм – Тагикамар  иборат мебошад. Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак (1,6 километр), Қарағоч (1,7 километр), шаш пул, таҷдиди  пули мавҷудбуда ва  пули муваққатӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
 
 
Мулоқоти вазири адлия бо сафири Япония
Вазири адлия Музаффар Ашуриён сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро ба ҳузур пазируфт, - хабар дод Вазорат.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила дар самти фаъолияти мақомоти адлияи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
 
 
 
Вохӯрии раиси Кумита бо сафири Туркия
Дар вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва муомилот бо партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори ҳамкорӣ мубодилаи сафарҳои омӯзиширо ба роҳ монда, ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
 
 
 
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расид, ки онро сардори Хадамот Барно Саидвализода ва муовини вазири адлияи Беларус Сергей Калиновский имзо карданд.
Тавре аз Хадамоти иҷро хабар доданд, ҳайати ниҳод таҳти роҳбарии Барно Саидвализода бо сафари корӣ ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск рафт. Дар доираи сафар мулоқоту музокирот миёни роҳбарияти Хадамоти иҷро ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд, ки зимни он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ гардиданд.
 
 
Хонандагони тоҷик ба Лондон рафтанд
11 хонандаи МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ ба пойтахти Англия – шаҳри Лондон сафар карданд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, хонандагон  дар  ду  даври  Олимпиадаи  мазкур,  ки  моҳҳои феврал – майи соли ҷорӣ тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ғолиб омада, ба Гранд-финали Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.
Олимпиада аз 31 июл то 7 августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, инчунин, иштирокчиён аз макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Британияи Кабир дидан мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6625
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед