logo

энергетика

Истеҳсол 1,8 миллиард кВт-соат коҳиш ёфт

-Нерӯгоҳҳои барқи обии тобеи ширкат наздики 11, 5 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол карданд, ки ин нишондод ба сабаби камобӣ нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2007  ба миқдори 1,8 миллиард кВт-соат кам мебошад, -гуфт Шарифхон Самиев, раиси ШСХК «Барқи тоҷик». Истеҳсоли нерӯи барқ дар силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб ба андозаи 88,7, Бойғозӣ-89, Норак-87, Қайроққум-73,НБО-ҳои Вахш-82 ва дар  Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 100,2 дар садро  ташкил додааст. Ҳамчунин раис зикр кард, ки бо дарназардошти  хариди нерӯи  барқи НБО-и «Сангтӯда-1» дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ  нисбат ба соли гузашта воридоти барқ ба  шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ 1 миллиарду 210 миллион кВт-соат афзудааст.
Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба тайёрӣ ба давраи зимистони солҳои 2008-2009 гуфт, ки имсол ҳам ба сабаби камобӣ имкон пайдо нашуд, ки дар обанбори Норак то сатҳи муқаррарӣ об захира гардад. Дар аввалҳои моҳи сентябр баландии сатҳи об 902 метрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 8 метр паст аст.
Нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ 85,3 дар сад (367,4 миллион сомонӣ) иҷро шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 10,2 дар сад кам мебошад. Агар нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя аз рӯи реҷа ба ҷумҳурӣ интиқол ёбад, таъминоти аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо беҳтар гашта,  бӯҳрони энергетикӣ коҳиш меёбад.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 855

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед