logo

Хабарҳо

Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

 
«Хизматҳои устод Айнӣ барои халқи тоҷик барҷаста ва беназир аст». Бо чунин дастнавис ва имзо туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - китоби аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ба хона-музейи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд супурда шуд.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар дод, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар шахсони расмӣ ба хона-музейи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, туҳфаи Пешвои миллатро тақдим карданд.
 
 
Аҳдшикании сарҳадчиёни қирғиз
Кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон то соати 11:10-и 16 сентябри соли равон натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ тарафи нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», – омадааст дар иттилоия. Ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад.
Маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронда шудаанд.
Тоҷикистон ҷонибдори аз тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
 
 
Хатлон ҳамкориро бо корхонаҳои туркӣ густариш медиҳад 
Дар идомаи сафар ба Туркия роҳбарият ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Истанбул аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Deri OSB – Ассотсиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия дидан намуданд.
Тавре Носирҷон Маъмурзода аз Туркия ба “Ҷумҳурият” хабар дод, ин корхона дар минтақаи Аврупо аз лиҳози шаҳомат ва ҳаҷми истеҳсол дар мақоми дувум ва дар ҷаҳон дар даҳгонаи азимтарин ширкатҳои коркарди пӯсту чарм маҳсуб меёбад. 
Муҳиттин Савраноглу, ноиби президенти Ассотсиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати ҳамкорӣ миёни сармоягузорони туркию ширкатҳои тоҷикӣ дар самти коркарди пӯсти чорво ёддошти тафоҳум имзо карданд.
 
 
 
Форуми сармоягузории «Тоҷикистон – Россия» доир гардид
Дар Китобхонаи миллӣ Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон – Россия» доир гардид, ки аз рӯи  натиҷаҳои он миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд, дар Форум раиси Кумита Саъдӣ Қодирзода, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач,  намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок доштанд.
Ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳар ду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро рӯнамоӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2436
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед