logo

сиёсат

“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!” СИЁСАТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САБАҚИ ҶОМЕАСОЗ БАРОИ БАШАРИЯТ

Баъди шикасти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ, кишварҳои аъзои он ҳар кадом дар навбати худ истиқлолият ба даст оварда, озодона роҳи тараққиёти худро мушаххас намуданд. Аммо сарнавишти Истиқлоли давлати мо – тоҷикон,  комилан  дигаргуна  фоҷиабор оғоз шуд. Сарзамини тозаистиқлол ба  маркази  бархӯрди манофеи абарқудратҳо табдил ёфт.  Каме  монда буд, ки давлати тоҷикон аз дасти гурӯҳҳои зархарид ва ҷангу кашмакашиҳо куллан ба нестӣ равад. 
Барои Тоҷикистон ва мардуми дорои таърихи куҳан ду омили асосии ҳалкунанда вуҷуд дошт: яке зуҳури хиради азалии мардум ва дуюм роҳбари фозилу  маҳбуб, ки  ин хиради мардумро бедор кунад. Билохира, ин ду омил дар Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд тавъам рӯи кор омад. Дар Иҷлосия муҳимтарин ва хотирмону тақдирсозтарин суханонро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасуронаву оқилона ба забон оварда, дилҳои сардро гарму ба ҳам пайванд сохтанд. 
Он лаҳзаҳое, ки Роҳбари давлат бо меҳру муҳаббати зиёд парчами навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чашм мемолиду мебӯсид, дар ниҳоди ҳама хурду бузурги миллат, ҳозирини Иҷлосия эҳсоси ватанпарастию инсондӯстиро аланга меандохт. Ҳар суханаш дилпазир буд. Ормон, орзуи мардумӣ, нангу номус, шаъну шарафи ватандорӣ, муҳаббату садоқат акнун ҷойҳои худро мегирифтанд. Ҳарфҳо чунон самимона, ватандӯстона ва бо қатъиёт гуфта шуданд, ки ҳама ба онҳо бовар карду умед баст. Ҳар вожа  ҷон дошт, талош дар роҳи наҷоти миллатро ифода мекард. “Ман ба шумо сулҳ меорам!” дар қалби ҳамагон чун шуълаи умед медурахшиду  рӯшноӣ меовард. Пешвои муаззами миллат ваъда доданд, ки то охирон гурезаи тоҷикистониро ба Ватан барнагардонанд, ором намегиранд. Ҳарчанд ин бори гарони пурхатари тақдирсози Меҳанро бар дӯш  гирифтан осон набуд.  Савганди ӯ дар партави номи поки Худо садо дод. Сухане, ки дар радифи дуои неки пирон аст. 
Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ ато намуд. 
Ниҳоят ҷонбозиҳои Сарвари ҷавону ғаюри миллат бар пирӯзии таърихии он анҷомиду дар пайкари Истиқлоли давлатӣ ҷони дубора дамид. Хушбахтона, миллати мо на танҳо аз ҷанголи ҷангу зулмот раҳо гашт, балки рӯзгори мардуми азияткашида бештар аз интизориҳо беҳбуд ёфт. Захмҳои миллат ҳамвору комилан сиҳат ёфтанд. 
Таърих гувоҳ аст ва собит кардааст, ки танҳо  халқе аз фалокатҳои сиёсӣ метавонад халос ёбад, ки  Пешвои хирадманду азхудгузаштае дошта бошад. Мо бо чашми сар дида истодаем, ки чи қадар халқҳои дунё солҳо боз гирифтори нооромиҳо ҳастанду ғурбатзада. Зеро ҳанӯз роҳбари воқеан ғамхори мардум ва хирадманде чун Эмомалӣ Раҳмон пайдо накардаанд. 
Бубинед, имрӯз на танҳо пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, балки тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, шаҳру деҳоти он рӯ ба ободиву бунёдкорӣ ниҳодаанд. Маҳаллаҳо дар 5 – 10 сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун мегарданд. Дар ин муддат ҳисоб кардани бунёдкориҳову ободониҳои бемислу монанд имкон надорад. Танҳо дар зарфи се соли охир ба хотири  истиқбол аз Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд.  Ҳазорон гектар боғу токзорҳо, полизҳо, гулгашту хиёбонҳои хурраму сарсабз кишвари моро ба гулистону боғистони дилситон табдил додаанд. Имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат дар кишвари мо тамоми анвои гулҳову дарахтони нодири сайёра парвариш меёбанд. Ин рамзи шукуфоии бахти тоҷикон аст, ки ба шарафи сулҳу ваҳдат дар ҳавои поку неку осуда зиндагӣ мекунанду нафас мекашанд. 
Вақте бо заҳмату талошҳои хастанопазир агрегати якуми НБО “Роғун” ифтитоҳ ёфт, Пешвои миллат мисли падаре, ки дар хонадонаш тифли нав ба дунё меояд, медурахшиданд ва монанд ба ҳамон лаҳзаҳои суханрониҳояшон дар Иҷлосияи тақдирсоз аз самими дил сухан мекарданд. Дар хотима аз ин дастоварди миллат ба ваҷд омада, пур аз эҳсоси ватандӯстӣ гуфтанд: “Тоҷикистон, ба пеш!”. Ин ҳарфҳои илҳомбахши ватандорӣ баракати ҳамон шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам” мебошад, ки 25 сол қабл гуфта буданду содиқона онро ба ҷо оварданд. 
Бо назардошти таъмини сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ дар Ватан ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш ҳар яки мо манфиатҳои Ватану миллатро бояд  болотар  аз хостаҳои  худ бигузорем.  Ҳаёти мо бидуни бароварда кардани манфиатҳои  миллӣ маъно надорад ва оқибат мояи беқадрию хории мо хоҳад буд. 
 
Муҳаммадҷон САИДОВ, 
мудири ташхисгоҳи беморхонаи 
№ 5-уми шаҳри Душанбе,                                
Аълочии тандурустии Тоҷикистон
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2022    №: 181    Мутолиа карданд: 247
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед