logo

иҷтимоиёт

ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ. ОМИЛИ ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ

 
Дар робита бо масъалаи матраҳшуда таъкид менамоем, ки ҳанӯз соли 2010, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуда буд, баъд аз мушоҳидаҳои сершумор як ақидае иброз гардид, ки рушди тафаккури техникиро мо бояд аз хурдтарин ҷузъиёт оғоз намоем. Аз ҷумла, аз истифодаи ибораҳое ба монанди “як баробар зиёд (шакли дурусти он аз назари риёзиёт “ду баробар зиёд”) ҳам дар нутқи ҳаррӯзаамон ва ҳам аз минбарҳои расонаӣ канорагирӣ кардан зарур аст. Вале, мутаассифона, то ҳол ҳам дар воситаҳои ахбори омма ҷумлаҳое чун “Ҳосил як маротиба зиёд шуд” хеле зиёданд. 
 
Вақте бо иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид, ҳамин иддао дар бораи канораҷӯйӣ аз истифодаи калимоте чун «як баробар зиёд шуд» такрор ёфт. Дар робита бо ин баъзеҳо пешниҳод намуданд, ки аз ибораҳое чун “мавқеашро 360 дараҷа тағйир дод” (шакли дурусташ – “Мавқеашро 180 дараҷа тағйир дод”) низ бояд бо сабаби нодурустии онҳо истифода накунем. Пас аз ин дар радио калимаҳое садо доданд, ки бори дигар ин нуктаро оид ба тақвияти тафаккури техникӣ тавассути ҷузъиёт мубрам гардонд – наттоқи яке аз шабакаҳои радиои ҷумҳурӣ чанд карат таъкид намуд, ки “Кӯҳҳои Испания метрҳо аз сатҳи Замин баланданд”. Ин тарзи тафсир комилан зиддиилмӣ аст, зеро баландии кӯҳҳоро аз сатҳи баҳр чен мекунанд, на аз сатҳи Замин.
Дар ҳар сурат, мисолҳои дар боло зикргардида бозгӯйи сатҳи тафаккури техникии як иддае аз мардуми моянд. Ҳама ин равшан нишон медиҳад, ки дар ин навъи тафаккури мо мушкилоти системавӣ вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо бояд аз вазифаҳои мубрамтарин дар самти рушди техникию технологии кишвар бошад.
Қабл аз он, ки оид ба унсурҳо ва омилҳои асосии ҳалли масъалаи гузошташуда на тавассути мисолҳои ҷузъӣ, балки ба таври васеътар сухан ронем, мехостем даставвал худи мафҳуми “тафаккури техникӣ”– ро шарҳ диҳем. Дар робита бо ин, қобили зикр аст, ки маърифат ё тафаккури инсоният табиатан се навъ дорад, ки ҳаргиз бо ҳамдигар омехта сохтани онҳо имкон надорад: 1) тафаккури  илмӣ ё мантиқию ақлонӣ; 2) тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ (эҳсосотӣ); 3) тафаккури динӣ ва ирфонӣ.
Тафаккури  илмӣ ё мантиқию ақлонӣ, ки аз ҷумла тафаккури техникиро фаро мегирад, талаб мекунад, ки донишҳои ба таври назариявӣ исбот нагардида ё ба таври таҷрибавӣ асоснок карда нашуда бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор нагиранд. Навъи дуюм–тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ (эҳсосотӣ) бештар ба адабиёти бадеӣ ва тамоми намудҳои санъат хос аст ва донишҳое медиҳад, ки ё ҳаққониянд, ё маҳсули тахайюли шахси эҷодкоранд. Масалан, таҳқиқоти илми таърих дар бораи сулолаи Сомониён донишҳои илмиянд, ки ба ҳақиқат рост меоянд, вале донишҳое, ки мо аз асарҳои адибон дар бораи Сомониён  мегирем, метавонанд ҳаққонӣ ё бофтаи муаллиф бошанд. Вале барои ин бофтаҳо касе адибро айбдор карда наметавонад, зеро ӯ на дар бораи шахсиятҳои таърихии Сомониён таҳқиқ мебарад, балки образи онҳоро меофарад.
Дар заминаи навъи сеюми тафаккур – тафаккури динӣ ва ирфонӣ бошад, эътиқод қарор дорад, ки ягон бурҳону исботро талаб намекунад ва агар ба ростии ин эътиқод шакке оварда шавад, шахс аз доираи дину ирфон берун меравад. Яъне дин ҳеҷ гоҳ илм буда наметавонад, зеро исботи назариявӣ ё таҷрибавиро ҳаргиз талаб намекунад. Бо ҳамин сабаб, вазифаи аввалини илм барои кишвари мо дар марҳилаи кунунӣ бояд роҳ надодани воридшавии хурофот ба тафаккури мардум бошад.
Тафаккури техникӣ ҳамчун навъи аввали тафаккур ба донишҳои илмӣ ва ба донишҳои мантиқан ва бо тарзи ратсионалӣ ё худ, ба таври ақлонӣ бадастомада такя мекунад. Ин мафҳумро бори аввал ба илм муҳандиси рус П.К.Энгелмейер (1855–1942) дар асари худ “Фалсафаи  техника” ворид сохта, онро ҳамчун сохтори махсуси ақли инсонӣ тафсир намудааст. Ин навъи тафаккур ду махсусият дорад: 1) тафаккури техникӣ шакли фаъоли инъикоси воқеият дар шуури инсон буда, ба маърифати ҳадафнок, бавосита ва умумии воқеият нигаронда шудааст, робита ва муносибатҳои моҳиятии ашё ва зуҳуротро фаро мегирад, аз бунёди эҷодкоронаи идеяҳои нав ва пешбинии ҳодисаҳо ва фаъолиятҳо иборат аст; 2) тафаккури техникӣ амали мантиқиест, ки ба таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ нигаронда шуда, ҳадафи он маърифат ва дигаргунсозии табиат ва ҷомеа мебошад.
Тафаккури техникӣ навъҳои назариявӣ ва амалӣ дорад, ки аз онҳо аввалӣ ба кашфи қонунҳо ва маърифати моҳияти объектҳо нигаронда шуда, дуюмӣ татбиқи ин кашфиёту донишҳоро дар амалия фаро мегирад. Дар баробари ин, барои тафаккури техникӣ ҷустуҷӯ кардан аз муҳимтарин амалҳо буда, он ҳамеша пайдо кардани воситаҳои муносибтарини таҳаввули модда, энергия ва иттилоотро ба маҳсулоти ба инсон зарурӣ тақозо дорад.
Бори дигар таъкид месозем, ки се шакли асосии тафаккур – илмӣ, тахайюлӣ ва динӣ ба ҳар як инсон хоссанд, вале тафаккури илмӣ, ки тафаккури техникӣ ҷузви он аст, бевосита ба ҳаёти моддии одамон дахл дорад. Аз ин рӯ, рушди ин навъи тафаккур барои инсон, махсусан барои наврасону ҷавонон, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб соҳаи маорифи кишвар бояд, қабл аз ҳама, вазифаи додани донишҳои илмиро ба таълимгирандагон иҷро намуда, дар баробари он, ба рушди тафаккури техникии онҳо таваҷҷуҳи хосса дошта бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ду вазифаи муҳимтарин дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расад:
– болобарии сифати таълими фанҳои табиию риёзӣ, аз қабили табиатшиносӣ, математика, физика, биология, химия, информатика, технология ва ғайра дар тамоми зинаҳои таҳсилот;
– рушди бевоситаи тафаккури техникии таълимгирандагон тавассути роҳандозии усулҳои гуногуни таълим – тарбияи малакаҳои эҷодкорӣ; мунтазам ҳал намудани масъалаҳои мантиқӣ ва муаммоҳои мантиқӣ–техникӣ; роҳандозии таҳияи нақша ва графикаҳо; иҷрои лоиҳаҳои эҷодӣ; мушоҳида ва дарки ашё, ҳодиса, зуҳуроти гуногун ва тарзи кори механизмҳои мухталиф; таҳияи модел, механизм ва конструктсияҳои содатарин, ҳалли масъалаҳои конструкторӣ ва техникию технологӣ ва ғайра. Ҳамаи ин вазифаҳо бояд тавассути гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ, реактивҳо ва маводи кимиёвӣ, намунаи техника ва технологияҳо ва амсоли он ба анҷом расонда шаванд.
Чунонки болотар таъкид гардид, баъзе масъалаҳо нишон медиҳанд, ки дар тафаккури техникии мардуми мо як қатор мушкилоти системавӣ ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, мехостем оид ба чанде аз сабабҳои ин қафомониҳо дар рушди техникию технологии мо ва умуман, дар ҷаҳони исломӣ чанд сухане гуфта бошем.
Аз касе пӯшида нест, ки дар олами исломӣ имрӯз илм, хусусан илмҳои табиию риёзӣ, мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нуқта ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд“. Ва, хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, чунонки болотар таъкид гардид, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд.
Дар кишварҳои исломӣ дар баробари паст рафтани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, имрӯз, инчунин, ба мафкураи мардум хурофот роҳ меёбад, ки дар ҷумҳурии мо метавонад оқибати нохуше барои арзишҳои миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯза, махсусан аҳли илму зиё, аз он иборат аст, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд ва барои тарғибу ташвиқи илму техника дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Яке аз воситаҳои муҳимтарин дар ин самт омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор сохтани руҳияи ҷавонон барои идомаи анъанаҳои неки онҳо дар соҳаи илм аст.
Воситаи дигаре, ки метавонад барои илмомӯзии ҷавонон нақши муассирро ба иҷро расонад, ин фаҳмондани он аст, ки ислом ҳамчун дин ҳеч гоҳ муқобили илм набуда, танҳо ходимони алоҳидаи динӣ садди роҳ ва монеа дар роҳи илмомӯзӣ будаанд. Рушди илм дар овони ҳукмронии ду хилофати исломӣ аз асри VII то XII худ гувоҳи ҳаминанд. Ба ҳамин ишора карда, яке аз сарварони собиқи ИМА Барак Обама гуфта буд: “Маҳз ислом шамъи донишро дар даврони Эҳё ва маорифпарварӣ ба Аврупо овард. Мо аз онҳо алгебра, компаси магнитӣ ва олоти навигатсиониро гирифтем, тавассути онҳо тибро аз худ кардем”.  Аммо, мутаассифона, дар замони муосир олами исломӣ ин мавқеи худро аз даст додааст. Чунонки олимони Ғарб зикр мекунанд, мусулмонон, ки замоне худ дар илм муаллим буданд, имрӯз ба таълимгиранда табдил ёфтаанд. Барои пастшавии мавқеи илмҳои табиию риёзӣ дар олами ислом баъзе омилҳои айнию зеҳнӣ мусоидат намуданд, ки дар байни онҳо мутахассисон чунин сабабҳоро асосӣ медонанд: ба давлатҳои зиёди ба ҳам зид тақсим шудани олами ислом;  мавҷудияти ихтилофоти зиёди мазҳабӣ ва сиёсию иҷтимоӣ байни мусулмонон; таваҷҷуҳи хосса надоштан ба рушди илму маориф; ба таври амиқ наомӯхтани гузаштаи худ ва ғайра. 
 
Хуршед ЗИЁӢ, доктори илми фалсафа, профессор
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2022    №: 182    Мутолиа карданд: 219
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед