logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ «КИШОВАРЗ»
1. Донишкадаи давлатии … Тоҷикистон. 2. Маҷалла. 3. Маҳсулоти полизӣ. 4. Фасли сол. 5. Баъду … . 6. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 7. Давлат дар Осиё. 8. Гул. 9. Боғ-тагизаминӣ. 10. Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ. 11. Моҳи фасли соҳаи кишоварзӣ. 12. Дарахти фоидаовари кишоварзӣ. 13. Пешрафт, инкишоф. 14. Нишондод, илмият-фаъолият. 15. Номи оби ташнашикан. 16. Дору барои серҳосилӣ. 17. 97 дарсади Тоҷикистон аст. 18. Мусобиқа. 19. … модари дониш. 20. Меҳнат, кӯшиш. 21. Ҷои обрав дар хоҷагии деҳқонӣ. 22. Барномаи ТВ «Тоҷикистон». 23. Номи занонаи русӣ. 24. Тарзи обмонии замин. 25. Маҳсулоти полизӣ. 26. Ҳайвони хонагие, ки заминро бо он шудгор мекунанд. 27. Муқаддасоти ҳар инсон. 28. Маҳсулоти донагӣ. 29. Оне, ки дон мепошад. 30. Дарахте, ки нав мешинонанд. 31. Маҳсулоти полизӣ. 32. Шаҳр дар Хитой. 33. Ақида, фикр. 34. Сайёра. 35. Проект ба тоҷикӣ. 36. Доруи заҳрхимикат. 37. Мева. 38. Фасли хуби кишоварзон. 39. Барномаи ТВ «Шаҳнавоз». 40. Мева. 41.Хӯрдании мардуми Осиё. 42. Ноҳия дар вилояти Суғд. 43. Иди ҳосил. 44. Соли нави мардуми мусулмон. 45. Номи дигари киштӣ. 46. Маҳсулоти ширӣ. 47. Асбоби таомхӯрӣ. 48. Чорвои даштӣ. 49. Яке аз ҷашнҳо. 50. Домоду … . 51. Ҷои киштукор. 52. Қонуни физика. 53. Номи яке аз бонкҳо (ташкилоти хурди қарзӣ). 54. Маҳсулоти ордӣ. 55. Нангу … . 56. Маҳсулоти полизӣ. 57. Мунтазир. 58. Маҳсулот аз чигити пахта. 59. Деҳа дар шаҳри Исфара. 60. Маҳсулот аз зардолу. 61. Ватанро бояд … кунем. 62. Мамлакат, ҳукумат...     
Таҳияи Муҳаммадюсуф Исмоилов,сокини ноҳияи Ашт
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
Ҷавоби  кроссворд  аз  16 сентябри соли 2022
Аз чап ба рост:
5. Стадион. 6. Инкасса. 10. Шукӯҳӣ. 11. Кончоч. 12. Депутат. 17. Кӯзагар. 18. Қаратоғ. 19. Марра. 21. Дирижёр. 22. Баҳсгар. 26. Ақида. 27.Лодигин. 28. Дунёдор. 32. Гандбол. 34. Гулобус. 35. Катвон. 36. Эликсир. 37. Марзбон.
 
Аз боло ба поён:
1 Талҳа. 2. Хоккей. 3. Аншлаг. 4. Усмон. 7. Сунбула. 8. Плутарх. 9. Домғозӣ. 13. Зайниддин. 14. Бадриддин. 15. Баласоғун. 16. Ғазнавиён. 19. Миёна. 20. Асаба. 23. Феодалӣ. 24. Риксдаг. 25. Илокхон. 29. Наргис. 30. Зодиак. 31. Аудит. 33. Саҳбо.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
САРГУЗАШТИ АҶИБ
Саргузашти аҷиби Патрик Мвалуаи кениягӣ собит месозад, ки инсон  бузургтарин мавҷудоти рӯи олам аст. Ӯ ҳар рӯз мошини обкашро киро карда, ба ҳавзҳои хушкшудаи боғи миллии Тсаво-Уэст беш аз 11 ҳазор литр об меорад. Ҳайвонҳои ваҳшӣ, аллакай, дӯсташонро мешиносанд. Ҳамин, ки Патрик намоён шуд, аз пасаш филу говмеш, антилопаю гӯрхарҳо медаванд. Ӯ деҳқони одӣ аст. Аслан, ҷуворимакка парвариш мекунад.  
- Дар ин ҷо, умуман, об нест. Ҳаёти ҷонварон дар хатар. Агар барои зинда мондани онҳо ёрӣ надиҳем, нобуд мешаванд, - мегӯяд Патрик.
- Ин макон зодгоҳи ман аст, - мегӯяд ӯ. – Ҳамин ҷо таваллуд шудаву бо ҳайвонҳои ваҳшӣ ба воя расидам. Аз ин рӯ, нисбаташон муҳаббат дорам. Мехоҳам кӯдакон низ олами ҳайвонотро дарк намоянд ва барои ҳифзи онҳо саҳм гузоранд.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АЙБИ МО ЧӢ?
Аз суҳбат бо шоҳидони сӯхтор:
– Дар гирду атроф қариб ҳар рӯз як сӯхтор мешавад. Чаро тамоми микрорайонро ба таҳлука андохтед?
– Мебахшед сардор. Аввал ҳеҷ кас набуд. Мо дидем, ки ҳуҷраи поён дуд мекунад, ҳама ҳамсояҳо ба кӯча баромадем, ҳоло хонаҳои дар барамон буда ҳам хабар надоштанд. Таҳлукае, ки шумо мегӯед, баъди омадани сӯхторхомӯшкунҳо сар шуд. Бачаҳои боғайрат якбора ба хона ворид шуданду дару тирезаҳоро кушоданд. Шамол, ки аз ду тараф зад, алангаи оташ ба осмон печид. Айби мо чӣ?
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
Як байт
Хулқу атвори замона хуб донистам, ки чист,
Корашон афтад, ғулому корам афтад, хоҷаанд.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
Фидел Кастро ва суханронии тулонитарин дар иҷлосияи СММ
Роҳбари вақти Куба Фидел Кастро қобилияти беназири корӣ дошт. Аксаран то соати се-чори шаб дар идорааш машғул буд. Дар ин вақт ӯ вохӯриро бо сиёсатмадорони хориҷӣ таъин мекард, то бо ин роҳ дар музокирот аз болои ҳамсуҳбати хасташуда пирӯз ояд.
Ӯ муаллифи баромади тулонитарин дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид аст. Суханронии пешвои Куба дар иҷлосияи нақшавии 872-юми Маҷмаи умумии СММ 269 дақиқа идома ёфт, яъне бештар аз 4,5 соат. Ин баромад 16 сентябри соли 1960 сурат гирифтааст.
 
Таҳияи Борбад ШЕРХОН
 
 
 
ХАТАРИ ГӮШМОНАК БА САЛОМАТӢ
Тибқи тадқиқоти мутахассисони соҳаи тиб, дар сурати як соат бе танаффус истифода намудани гӯшмонакҳо имконияти даромадани бактерияҳои хатарнок ба организм 700 маротиба зиёд мегардад.
                                      
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
ТОҶИ ИМПЕРАТОРИ БРИТАНИЯИ КАБИР
 
Тоҷи императори Британияи Кабир яке аз ҷавоҳироти гаронтарин ва ҷолибтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. 
10 сентябр Карли III расман шоҳи нави Британияи Кабир эълон шуд. Ӯ тахтро пас аз марги модари ҳумоюн ҳазрати худ Елизавети II, ки 8 сентябр оламро падруд гуфт, ишғол кард. 
Мувофиқи анъана, баъди қасам ёд кардан дар калисо, Карли III тоҷи машҳури империяи Британияи Кабир (Imrial State Crown), мумкин ки аз ҳама ороишоти муътабар дар коллексияи оилаи подшоҳии британиро ба сар мекунад. 
Тоҷ соли 1838 сохта шуда, 910 грамм вазн, тақрибан 3000 алмос, 269 садаф, 17 ёқут, 11 зумуррад ва 5 лаъл дорад. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН 
 
 
 
ДАР ВАСФИ МӮЙ
Хонуме мӯйҳои худро боз карда, шона мезад. Дар ин ҳол ба шавҳараш гуфт: 
"Як шеър ба васфи мӯйҳоям бигӯй".
 
Шавҳар бадоҳатан мегӯяд:
Гоҳе дар луқмаи дастам,
Гоҳе дар косаи шӯрбост.
Гоҳе дар байни нони хушк,
Азизам, мӯйи ту пайдост.
 
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
 
 
 
 
PARK AVENUE, 432
БАЛАНДТАРИН БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ ҶАҲОН
 
Соли 2015 дар ноҳияи Мидтауни шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо саҳми соҳибкор Гарри Маклоу бинои истиқоматии Park Avenue, 432 (426 метр) қомат афрохт, ки баландтарин дар ҷаҳон мебошад.
Тарроҳи ин ишооти нодир Рафаэл Винолии уругвайӣ буда, барои сохтмони он 1,25 миллиард доллари ИМА харҷ гаштааст. Гарри Маклоу мегӯяд, ки аз бино ифтихор дорад, зеро он бо тарҳи хос ба шаҳри Ню-Йорк зинат мебахшад.
Бинои истиқоматӣ аз 85 ошёна иборат буда, дорои 104 ҳуҷра мебошад, ки арзиши ҳар яки онҳо ба даҳҳо миллион доллар мерасад. Масалан, пентҳауз (манзили зист дар боми бино)-и иншоотро, ки шаш ҳуҷра барои хоб, ҳафт ванна ва китобхона дорад, яке аз миллиарддорони Арабистони Саудӣ ба маблағи 95 миллион доллар харид.
Дар ин бинои боҳашамат, инчунин, тарабхона, варзишгоҳ бо сауна, ҳавз, толори билярд ва майдон барои бозии голф ҷой гирифтаанд.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
МУШКИЛОТИ «КУ»
 
Нимаи солҳои 80-уми асри гузашта кинорежиссёри номии ИҶШС Георгий Данелия ва муаллифи сенария Резо Габриадзе филми ҳунарии «Син-дза-дза»-ро ба навор мегирифтанд. Кор дар авҷ буд, ки Константин Черненко ба сари қудрат омад. Коргардонҳо якбора ноҳинҷор шуданд, зеро суханони асосии меҳмонони сайёраи дигар «Ку» ба инитсиали Котиби генералии КМ КПСС Константин Устинович мувофиқат мекард.
Аз бало ҳазар,- гӯён Георгий Данелия ва Резо Габриадзе қарор карданд то «Ку»-ро иваз кунанд, аммо ягон варианти дигар рост наомад. Ҳини баррасии масъалаи ивази он Константин Устинович (10.03.1985, соати 19.20 ба вақти Москва) фавтид ва номи филм бетағйир монд. Ҳамин хел «Ку» аз пешвои аҷибтарин давлати дунё ҳамчун ёдоварӣ монд.
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
ҚОБИЛИЯТИ ФАВҚУЛОДА 
 
Соня Шаталова гирифтори бемории аутизм буда, ҳарф зада наметавонад, вале шеър ва наср менависад. Диди хоси вай ба дунё одамонро ба ҳайрат овардааст. Китоби шеърҳои вай соли 2015 таҳти унвони “Ман гунг нестам, ман гап мезанам” («Я не немая, я говорю») ба нашр расидааст. Тафсири чанд ҳодисоти дунё аз нигоҳи Соня: Шамол – ҳавое, ки ҳамеша беқарор аст; Кӯдакӣ – тулуи толеъ дар ҳаёти инсон; Руҳи инсон – ин як ҷои холиест, ки инсон метавонад онро бо Худо ё шайтон пур созад. Китоб – ашёе, ки метавон дар он донишу ҳиссиёти одамонро дар замон нигоҳ дошт. 
Ханда – табиб барои руҳи ғамгин. Инсон – ҷондоре, ки соҳиби ақл, нутқ ва дастони кордон аст ва метавонад ҳамаи инро кор фармояд. Хаёлот – матое барои оро додани мавҷудияти руҳ.
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
 
 
 
ДУ ФАКТИ ҶОЛИБ 
* Андорра  ягона мамлакатест, ки хизматрасонии почтавии он ройгон мебошад. 
* Ба об афтодани як  қатра нафт басанда аст, ки фаразан 25 литр оби  нӯшиданӣ заҳрогину барои ошомидан мамнуъ гардад.   
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ДИЛ БИБОЯД ДОШТ...
Бо дидани ин акс, кас гумон мекунад, ки туъма дар коми саг аст. Аммо ин тавр нест. Мурғобӣ ҳанӯз зинда асту саг онро наҷот медиҳад. 
Воқеа соли 1947 рух додааст. Мурғобичаеро, ки суратгир Лумис Дин ба хона меорад, якбора дар дили аҳли байт маъво мегирад. Ғайриинтизори ҳама саги хона низ бо мурғобӣ унс мегирад. Мурғобӣ чун бузургтар шуд, соҳибхона ӯро ба ҳавз андохт то санҷад, ки ҷонвар шино карда метавонад ё не. Мурғобӣ ҳанӯз аз канори ҳавз дур нашуда буд, ки аз тарс болу пар задан гирифт. Ногоҳ саги хона аз пушти ӯ худро ба об андохт, то “дӯст”- ашро раҳо кунад. 
Ин акс моро панд медиҳад, панди дӯстию рафоқат, ки гоҳо инсонҳо хилофи он мераванд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
   18. МАЙДОНИ  ОЗМОИШИИ ВУМЕР, АВСТРАЛИЯ
Пештара майдони кайҳоннавардӣ ва ҳоло майдони Вумер, ҳамзамон, чун минтақаи мамнуи Вумер маълум буда, аз ҳама маҷмааи бузург барои гузарондани озмоишҳои технологияи ҳарбист. Масоҳати он беш аз 122 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар ҷануби Австралия ҷойгир аст. Майдон соли 1947 мамнуъ дониста шудааст, вале дар ҳудуди Вумер ба ҳар ҳол ҳастанд объектҳое, ки ба онҳо сокинони одиро ҳам роҳ медиҳанд. Масалан, осорхонаи маҳаллӣ ва боз якчанд объекти шоёни диққати дастрас.
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
 
 
25 КИЛОМЕТР
Чӣ тавр ронандаи хуфта ин масофаро тай намуд?
 
Марди 41 - солаи белгиягиро дар сари чанбараки нақлиёт чунон сахт хоб бурд, ки баъди 25 километрро дар ҳамин ҳол пушти сар кардан ҳам, бедор нашуд. Ҳодиса 14 август дар роҳи шаҳри Лювени Белгия рух дод. Тибқи гуфтаи шоҳидон, мошин бо суръати мунтазам гоҳ ба самти чап ва гоҳ ба тарафи рости роҳ ҳаракат мекард. Дар ин бора ба Хадамоти таъҷилӣ ва политсия хабар доданд.
Замоне ки мошинро нигоҳ доштанд, кормандони политсия диданд, ки ронанда ҳанӯз ҳам хоб аст. Масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба чунин назар омаданд, ки ба шарофати дар автоматика будани нақлиёташ дучори садама нашудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ФУТБОЛИ ТОҶИК 
АСЛИДДИН ҲАБИБУЛЛОЕВ
ЯГОНА ДАРВОЗАБОНЕ, КИ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ СОЛ ШУДААСТ
 
Беҳтарин футболбози сол эътироф шудани дарвозабонҳо кам иттифоқ меафтад. Дар таърихи футболи Тоҷикистон танҳо ба як дарвозабон – Аслиддин Ҳабибуллоев даст додааст, ки унвони беҳтарин бозигари солро (2003) соҳиб шавад.
Ҳунарнамоии волои ӯ дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006 миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Баҳрайн, ки бидуни гол ба анҷом расид, дар ёди мухлисон ба ҳамешагӣ нақш бастааст. Вақте сухан дар бораи ин вохӯрӣ равад ҳатман аз он ёдовар мешаванд, ки чӣ хел Аслиддин ду ҷаримаи 11-метраро (дақ. 28 ва 35) баргардонд.   
Дарвозабон дар ҳайати тими миллии кишвар барандаи Ҷоми даъвати КФО мебошад. Ӯ зимни ҳунарнамоӣ дар дастаҳои “Варзоб” ва “Вахш” ду карат қаҳрамони Тоҷикистон (1999, 2005) ва ду бор ғолиби Ҷоми кишвар (1999, 2003) гаштааст.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
Ду панд
 
Чунон ки тасвири худро дар оби ҷӯшон нахоҳӣ дид, дар ҳангоми хашм низ ҳақиқатҳоро чунон ки ҳаст, мушоҳида нахоҳӣ кард. Барои дидани ҳақиқат хашмгин набош. 
***
Аз донишманде пурсиданд: Дӯст беҳтар аст ё бародар?
Гуфт: Мо дар интихоби бародар нақше надорем, аммо дӯст бародарест, ки худи мо интихоб кардаем.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
МАВЗУЪ БАРОИ АНДЕША
Астронавти амрикоӣ Уолтер Ширра (1923-2007) аз он шуҳрат ёфта буд, ки бо се киштии кайҳонӣ, дар маҷмуъ, 12 соат парвоз анҷом додааст. Дар яке аз суҳбатҳои баъди бозгашт, рӯзноманигор аз ӯ савол мекунад, ки вақте дар кайҳон дар роҳаткурсии киштӣ менишинед, дар бораи чӣ фикр мекунед?
– Росташро гӯям, дар бораи киштӣ, ки ғолибан зинда монданам аз қудрату тавоноии он вобаста аст. Ҳар боре ба тугмачаҳои зиёди рангоранг ва симҳои чун торҳои анкабут парешон менигарам, дилам таҳ мекашад. Охир, киштиро ҳамон ширкате сохтааст, ки дар тендер аз ҳама маблағи кам нишон додааст,– мегӯяд Уолтер. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
МУШК
Мушкро гуфтанд: Туро як айб аст. Бо ҳар кӣ нишастӣ, аз бӯи хушат ба ӯ диҳӣ.
Гуфт: Зеро нангарам, ки бо кӣ ҳастам, ба он нигарам, ки худ кӣ ҳастам.
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2022    №: 183    Мутолиа карданд: 1087
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед