logo

иҷтимоиёт

КАМОЛИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ ДАР КАЛОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. 

Эмомалӣ РАҲМОН
 
Барҳақ, ин гуфтаҳо гувоҳ бар он аст, ки барои камоли миллат, давлат ва забон халқ ба Пешво ва давлатдори ҳомию пуштибон ниёз дорад, то ки  бо пиндор, рафтор ва гуфтори хеш зимоми давлатдории миллӣ ва мустақилро ташкил намуда, пояҳои онро мустаҳкам намояд ва миллат, давлат ва забони хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, зеро  “халқ бо фарзанди оламгир оламгир шавад”. Хушбахтона,  бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлоли комили сартосарӣ  ба даст омаду забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид.
Бале,   сиёсате,  ки   имрӯз   Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти забони давлатӣ ва густариши он роҳандозӣ намудааст, пеш аз ҳама,  боиси пазириш аст  ва  ҳеҷ гоҳ набояд  фаромӯш кард, ки дар татбиқи он, мо – соҳибони забон, ба қавли бузургон, то умр ҳаст, дар ҳоли «доимо омода!» ва «ҳамеша ҳушёр!» бошем, зеро «рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем».
Аз ин гуфтаҳо метавон қазоват кард, ки нишонаҳои асосӣ дар ҳаёти инсон барои ҳар халқу миллате аз нигоҳи арзишмандӣ ва тавонмандӣ бо  калом сифот мешавад. Васфу ситоишҳо аз ҷониби абармардони шуҷоъ, далеру содиқ, тамаддуншиносу бофазл, покизаманишу фарҳангсолор  иброз мегардад ва, барҳақ, бо дарки масъулият возеҳу равшан муайян кардани аслияти шоиставу сазовор будани нишона, омил ва унсур   ба ин сифоту тавсиф нақши бориз дорад. Ҳамин аст, ки калому нукот мақому ҷойгоҳи хешро ҳангоми баён пайдо мекунад, маснад мегирад, бо муассирӣ пойбарҷо меистад ва барои ба ҳадафу мақсад расидан, замина мегузорад, ки дар ин росто бузургон фармудаанд:
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба Замин омадааст
Ҳамин тариқ, перомуни нақши каломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муайян кардани манзалати воқеии забони тоҷикӣ, ки яке аз самтҳои сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолист, ҳарф мезанем. Академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолаи тозанашри хеш овардааст: “Бояд роҳи 31-солаи тайкардаи мамлакатро тавъам ба кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба риштаи таҳқиқ кашем”  ва вобаста ба мавзуъ чунин ибрози андеша намудааст:  “Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт».
Истифода аз муқтазои ҳол ва мавриди созгор  фақат чанд нукотеро чун муште аз хирвори ганҷи каломи Пешвои муаззами миллат дар намунаи ифодаву ибораҳои бунёдӣ ва пойбарҷой, ки дар  ситоиши  забони тоҷикӣ иброз намудаанд ва барои камолу рушди ин забони «ширину шевову шоирона» ҳамчун далели раднопазир маҳсуб меёбанд, меомӯзем. 
Пеш аз ҳама, камоли забони миллат  бо сухани  тоҷикӣ бори нахуст аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон аз забони Пешвои миллат доир ба арзи ҳастӣ кардани давлату миллати тоҷик  оғоз шуд ва боз ҳам исбот гардид, ки забони модарӣ “нишонаи гӯёи ҳастӣ”-и миллати тоҷик аст. 
Ба василаи муаррифӣ намудани давлату миллати тоҷик дар ақсои олам бо забони тоҷикӣ Пешвои миллат собит сохт, ки забон “хишти аввалини кохи миллат” аст.
Забон дар ҳаёти миллат “нахустунсури тафаккури миллӣ” ба ҳисоб меравад, зеро  забони модарист. Вобаста ба ин, дар тақвияти фикр ва далел бар гуфтаҳо метавон боз ҳам суханони Пешвои миллатро овард, ки фармудаанд:  “Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем”. 
Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармуда:
Заҳр бодо шири модар бар касе, 
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Забон “арзиши миллӣ”, “рукни асосии пойдории миллат”, “рукни бунёдии давлату миллат”, “шарти муҳимтарини пойдории миллат” номида шудааст ва ин бесабаб нест, зеро «миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ “рукни асосии давлати миллӣ”, “рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ”, “яке аз шоҳсутуни иморати хештаншиносии  мо – тоҷикон” маҳсуб меёбад, чунки дар даврони истиқлолият мақому ҷойгоҳи аслии худро пайдо намуд, яъне ҳамчун забони давлатӣ расман шинохта шуд.  
Забони модариям – давлати ман, 
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам, 
Забони ман – бақои миллати ман.
Ҳамзамон, бо қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар ибтикорот дар ин самт “муҳимтарин рамз ва рукни Истиқлолияти давлатию сиёсӣ”, “омили асосии пойдории истиқлолияти миллӣ” пазируфта  шуд.  Аз  ин  рӯ,  забон  олитарин  “муқаддасоти миллӣ”-ст, зеро дигар муқаддасот бо ин забон шарҳу тавзеҳ меёбанд ва, муҳимтар аз ҳама, бо ин забон  суруди миллӣ дар фазои кишвар ҳамеша танинандоз аст.
Бешубҳа, забони модарӣ “симо ва пайкараи миллат”, “оинаи таърихи миллат” аст. “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад” ва мо таърих ва фарҳанги куҳанбунёди хеш, матнҳои беш аз ҳазору дусадсола, эҷод  ва осори ҷовидонаи садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари тоҷикро имрӯз маҳз бо ин забони нобу шево мехонему мефаҳмем. Ҳамчунин,  забон “моли халқ” ва  “мероси миллат” аст. Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо гӯйишу шеваи хоси забони тоҷикӣ кӯшидааст, ки забони гуфторӣ ва навишторӣ бе фосила амалкард дошта бошад. Ҳамчунон ки Пешвои миллат зикр мекунанд: ""Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме"-и қофиласолори адаб – Рӯдакиро хурду бузург медонанду мефаҳманд".
Дар даврони истиқлол бо забони давлатӣ эҷод ва чоп гардидани асарҳои илмию бадеӣ ва бознашр гардидани шоҳасарҳо “сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол” будани забони тоҷикиро  собит намуд ва муҳимтар аз ҳама, хосияти “баҳамоварӣ” ва ё ваҳдатофаринӣ, тавоноӣ ва рақобатпазирии он илман асоснок гардид [ниг.: “Забони миллат – ҳастии миллат”].
Бояд гуфт, ки “ганҷи гаронбаҳои ниёгон”, бо ин забон эҷод шудааст, аз ин рӯ, “муқаддастарин сарвати миллӣ” ва  “беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат” маҳсуб меёбад. Халқи фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик соҳиби “бузургтарин сарвати бебаҳо” ва “ҷавҳари миллат” мебошад. Ин “омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадманди мо” бояд ҷовидона аз насл ба насл ҳифз шавад.
Забони тоҷикӣ “пояи асосии ҳама арзишҳои фарҳангӣ”-и халқи тоҷик аст ва ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзу “Фалак” ва аввалин бор дар минтақаи Аврупо (дар Осорхонаи Гимейи Фаронса) намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ҳамагӣ  намунаи далел бар ин гуфтаҳост. 
Метавон гуфт, ки роҳандозӣ намудани озмунҳои “Фурӯғи субҳи   доноӣ  китоб  аст”,  “Илм – фурӯғи  маърифат”,  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва ба ин васила, дарёфти истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз  дар мавриди васфи забони тоҷикӣ бо ифодаи “омили муҳими рушди маънавӣ” далели раднопазирест.
Ҳамчунон ки баён доштем, забони тоҷикӣ ҳамчун “омили муҳими иттиҳод” бо хусусиятҳояш дар ташаккул ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор ва, умуман, дар тарҷумонию луғатнигорӣ, ки дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи тулонӣ дорад, нақши муассир бозидааст. 
Маврид ба зикр аст, ки фарзандони барӯманди ҳар миллат дар марҳилаҳои таърихӣ бо гуфтору пайкори хеш муаррифгари забону миллати хеш дар арсаи ҷаҳонӣ мегарданд. Дар марҳилаи таърихи навини тоҷикон,  бо сарварию роҳбарӣ, иқдому ташаббус, ибтикору пайкор, рафтору гуфтор ва эҷоду эъҷози  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ  ҳамчун “чеҳраи хоси миллӣ” эътироф гардид. Аз минбарҳои бонуфузи дунё бо ин забони нобу шево иброз намудани андешаву пешниҳодот на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои мардуми минтақаву ҷаҳон ва пазируфтани ин гуфтаҳо боз ҳам нишон  аз муассирию мондагории забони тоҷикист. 
Асари мондагору бунёдии “Забони миллат – ҳастии миллат”, агар аз як тараф муҳаббати самимӣ доштан, арҷ гузоштан ва пуштибону ҳомӣ будани муаллифро нисбат ба забони модарӣ нишон диҳад,  аз тарафи дигар, бо мазмуну муҳтаво ва бандубаст ҳамчун шиносномаи забони тоҷикӣ эътироф гардидааст.   
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ бо каломи Пешво барҳақ бо побарҷойиву мондагорияш “сипари боэътимод”, ҳамчун муқаддасот “омили ҳифзи асолати миллӣ”, барои расидан ба ҳадафҳои созанда дар сиёсати забонгустарӣ “қутбнамо” ва “чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзӣ” аст. 
“Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ, моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем”.  Ҳамчун “воситаи ҳифзи ҳувияти миллӣ” дар пайравии “Ба пеш!” гуфтанҳои Пешво ҳамеша барои поку беолоиш ва бегазанду устувор мондани забони тоҷикӣ андеша ва баёни солимро пешниҳод намуда, ба нафъи Ватан, давлат, миллат ва пуштибонӣ аз ин сиёсати хирадмандонаю оқилона талош варзем. 
Мо, бахусус муҳаққиқону омӯзгорон, донишмандону забоншиносон, бояд дар ин самт ҳамеша беш аз ҳама ҳушдор бошем ва ин каломи Пешвои миллатро  барои забони миллат шиори ҳамешагии хеш донем, ки фармудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».
 
Гулназарзода ЖИЛО,
ректори Донишгоҳи 
давлатии забонҳои 
Тоҷикистон ба номи 
Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2022    №: 184    Мутолиа карданд: 668
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед