logo

энергетика

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ

«Роғун» - ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва соҳибистиқлол гардидани кишварҳои дар ҳайати он буда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар як қатор ҷумҳуриҳо тезутунд гардида, боиси муноқишаҳои дохилӣ, бесарусомонӣ ва халалдор шудани ҷараёни рушду тараққиёт гардид. Мушкилоти асосӣ дар он зоҳир гашт, ки ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ дар алоҳидагӣ наметавонистанд иқтисодиёт, саноат ва соҳаи кишоварзиро инкишоф диҳанд. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавре роҳандозӣ гардида буд, ки кишварҳо эҳтиёҷоти корхонаҳои худро аз ҳисоби ашёи хоми дигар давлатҳо таъмин мекарданд. Масалан, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъминкунанди ашёи хом барои корхонаҳои марказ ба ҳисоб мерафтанд. Аксар корхонаҳои саноатии Федератсияи Россия, Украина, Беларус ашёи хомро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегирифтанд. Ё ин ки маҳсулоти саноатии тайёр бештар аз он давлатҳо ба Осиёи Марказӣ оварда мешуд. 
Дар баробари со-ҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ шуравӣ, робитаҳои иқтисодӣ низ то ҷое қатъ гардиданд. Барои давлатҳое, ки саноату иқтисодиёташон он қадар пешрафта набуд, мушкилоти иқтисодӣ бештар эҳсос мегардид.
Тоҷикистон дар радифи ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ мустақилияти худро ба даст овард, вале он осон ба мо муяссар нагардид. Зеро дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ  ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дучор шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардида, пешрафти соҳаҳои иқтисодиётро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ харобу валангор гардида, молу ашё ва таҷҳизоти муассисаву корхонаҳои саноатӣ ғорат шуданд.
Бо вуҷуди душворӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта, соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам овард, ки мо ояндаи давлату миллат ва рушду инкишофи минбаъдаи Ватанамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин ва дар баробари ин, захираҳои бою ғании табииро, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, барои рушду тараққиёт истифода намоем. Истиқлол, ҳамчун рамзи Ватану ватандорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгир дар назди роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ва бар дӯши мардуми сарбаланду миллати тамаддунофари тоҷик вазифаҳои басо бузургу муҳимро гузошт. 
Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист бе дахолати дигарон ва таъсири қувваҳои беруна пойдорию устуворӣ ва бақои давлатро таъмин, ҳувияту асолати миллат ва ормонҳои ҳазорсолаи худро эҳё созад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ зери сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузошт, ки барои рафъи мушкилоти дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию саноатии мамлакат ҷойдошта, ҳадафҳои стратегиро амалӣ намояд. Маҳз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, дар мисоли таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардану ба кишвари транзитӣ табдил додан, аҳолии ҷумҳуриро ба ғизои хушсифат таъмин намудан, роҳи наҷоти давлату миллат ва аз буҳрони молиявию иқтисодӣ баромадан ба шумор мерафт.
Мушкилот ва душвории асосие, ки дар оғози даврони истиқлол эҳсос мегардид, ин масъалаи ташаккулу таъмини истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлоли энергетикӣ вобастагии зиёд дошт. Соҳаи энергетика, бахусус ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо рӯшноӣ ва гармидиҳӣ, дар ин давра ба мушкилоти асосӣ дучор гардида буд. Норасоии қувваи барқ дар мавсими зимистон барои аҳолӣ душвориҳои зиёдро эҷод мекард. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба аҳолӣ ҳамагӣ 2 – 4 соат қувваи барқ дода мешуд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ва баромадан аз ин душвориҳо, бунёду сохтмони неругоҳҳо буд.  Бахусус, қисмати шимоли мамлакат, ки дар замони шуравӣ тавассути шабакаи ягона аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қувваи барқ таъмин мегардид, баъд аз мустақилияти кишварҳои минтақа ва ҷудо шудани онҳо аз шабакаи ягонаи барқтаъминкунӣ ба норасоии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид.
Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар бораи манфиатовар будани бунёди неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ – энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар сухан мекарданд.
Пешвои миллат таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро яке аз стратегияҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ талошу кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. 
 
Бо мақсади таъмини минтақаи шимоли мамлакат бо қувваи барқ, соли 2009 ба бунёди хатти 500-киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, ҳамзамон, хатти баландшиддати интиқоли барқи 220-киловолтаи “Хуҷанд – Айнӣ” асос гузошта шуд. Дар як муҳлати кӯтоҳ бунёди онҳо ба анҷом расида, ҷиҳати таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ  ва  бунёду  истифодаи  корхонаҳои саноатӣ бо дастури Сарвари давлат сохтмону бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли қувваи барқ оғоз гардиданд.
Президенти кишвар шахсан ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо муҳити зист, иқлим, роҳ ва имкониятҳои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз наздик шинос гардида, вобаста ба шароити маҳал ва мавқеи ҷуғрофӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ дастур медоданд. Ин азму талоши Пешвои миллат буд, ки дар муддати начандон тулонӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат сохтмони неругоҳҳои барқи обии миёна шуруъ гаштанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ давоми солҳои 2009 – 2020 даҳҳо неругоҳҳо ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2”, хатти 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи “Лолазор – Хатлон” ва неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт мушкилоти таъмини қувваи барқро ба аҳолӣ осон намуданд. Илова ба ин, бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” корҳои таъмиру таҷдид ва навсозӣ ба анҷом расиданд. 
Бо мақсади аз таъмиру таҷдиди НБО “Норак”, ки солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда буд ва муддати беш аз 40 соли фаъолият таҷҳизоти техникӣ, хусусан агрегатҳояш, куҳнаву фарсуда ва таъмирталаб гардида буданд, лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак”” таҳия гардид, ки муҳлати амали он аз моҳи июни соли 2017 то декабри 2023-ро дар бар мегирад. 
Барои амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Сарбанд”” бошад, моҳи декабри соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишнома ба имзо расид. Муҳлати амали он то моҳи октябри соли 2022 буда, дар ин давра корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Чунончи, ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар НБО “Сарбанд” агрегатҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 иваз шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 20 марти соли 2022 агрегати 3-юми Неругоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои таъмиру таҷдид дар дигар қитъаҳо идома доранд.
Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” аз нигоҳи фаъолият пурсобиқатарин Неругоҳ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, солҳои 1956 – 1957 сохта шудааст. Тули беш аз 60 соли фаъолият ва истеҳсоли самараноки қувваи барқ дар Неругоҳ зарурати таъмиру таҷдид ва навсозии таҷҳизоти техникӣ ба миён омад. 
Арзиши умумии лоиҳа бошад, беш аз 200 миллион доллари ИМА буда, корҳои тармиму таҷдид ва навсозӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд. Баамалбарории татбиқи лоиҳа аз соли 2014 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки баъди анҷоми корҳо иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 126 мВт қаблӣ ба 174 мВт расонда шавад. Аз давраи татбиқи лоиҳа то 1 августи соли 2022 ба маблағи 90 миллион доллари ИМА корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода шуданд.
Бо мақсади дастрасӣ ба қувваи барқ ва осон намудани мушкилоти сокинони ВМКБ, татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” ба нақша гирифта шудааст, ки маблағгузории он 59 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва Бонки рушди Олмон ба амал бароварда мешавад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа бунёди 18 километр хатти интиқоли барқи 110 кВт “Себзор – Хоруғ” дар нақша буда, корҳои таҳвили таҷҳизот ва сохтмон оғоз гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки неруи барқ дар рӯзгори одамон, кору фаъолияти муассисаҳо ва идораву корхонаҳо нақши калидӣ дорад, зеро имрӯз бе қувваи барқ наметавон ҳаётро тасаввур кард. Дар шароити кунунӣ тамоми дастгоҳҳое, ки дар хизмати одамон қарор доранд ва техникаву таҷҳизоте, ки мо аз он ҳамарӯза истифода менамоем, бе неруи барқ кореро анҷом дода наметавонанд.
Сарвари давлат чунин моҳияту манфиат доштани қувваи барқро дарк намуда, аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, истеҳсол ва истифодаи онро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар мадди аввал гузоштанд.
Маҳз натиҷаи талошу кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, расидагии саривақтӣ ба мушкилоти мардум буд, ки барои самаранок истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ корҳои назаррас  амалӣ гардиданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 274 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ мавриди истифода қарор гирфит. 
Ҳарчанд таҳкурсии як қатор неругоҳҳоро аз замони шуравӣ гузошта буданд, бо сабабҳои гуногун сохтмонашон ба таъхир афтодаанд. Ин ҷо зарур мешуморем оид ба тарҳу бунёди онҳо маълумот диҳем.
Лозим ба ёдоварист, ки корҳо дар самти таҳияи лоиҳаи  техникию  иқтисодии НБО “Сангтӯда – 1” ҳанӯз соли 1982 аз ҷониби шуъбаи осиёимиёнагии Институти “Гидропроект” оғоз гардида, соли 1986 банақшагирии лоиҳаи Неругоҳ шуруъ шуд. Вале анҷоми онро интизор нашуда, моҳи августи соли 1987 раёсати сохтмони “НурекГЭСстрой” ба корҳои омодагӣ ҷиҳати бунёди Неругоҳ оғоз кард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, бинобар сабаби паҳн гардидани буҳрони молиявию иқтисодӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, сохтмони НБО “Сангтӯда – 1”  қатъ гардид, дар ҳоле ки ҳамагӣ 13 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта буданд.
Бо гузашти вақт ва ба эътидол омадани вазъият, ҳамзамон, бо беҳ гардидани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар, соли 2004 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишнома дар бораи сохтмони НБО “Сангтӯда – 1” ба имзо расида, маблағгузории лоиҳаи сохтмони Неругоҳро тарафи Россия ба зимма гирифт. Вобаста ба ин, 16 феврали соли 2005 ҶСК НБО “Сангтӯда – 1” таъсис ва 15 апрели ҳамон сол маросими расмии барқароркунии корҳои сохтмонӣ баргузор шуд. 
Иқтидори лоиҳавии НБО “Сангтӯда – 1” 670 мВт-ро ташкил дода, бо маблағи 847,5 миллион доллари ИМА, аз ин 635 миллион саҳми Федератсияи Россия (75 дарсад), саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон 211,9 миллион доллар (25 дарсад) мавриди истифода қарор гирифт.
Бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат ва меҳнати софдилонаю содиқонаи мутахассисону коргарон 20 январи соли 2008 агрегати якум, 1 июл агрегати дуюм ва 5 ноябри ҳамон сол агрегати сеюм ба истифода дода шуд. Агрегати чоруми Неругоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ҳузури оммаи васеи коргарону мутахассисон, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳолӣ 31 июли соли 2009 ба фаъолият пардохт.
Неруи барқи аз Неругоҳ дар соли 2021 истеҳсолгардида 2 206,8 миллиард кВт буда, 10,7 фоизи неруи барқи дар ҷумҳурӣ тавлидшударо ташкил медиҳад. То моҳи августи соли 2022 ШСХК “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда – 1” 28,5 миллиард кВт соат неруи барқро ба маблағи 616 миллион доллари ИМА харидааст. Он панҷумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба шумор меравад. 
Бинобар ҷой доштани имкониятҳои хуби бунёди боз як неругоҳ дар наздикии НБО “Сангтӯда – 1” зарурати сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда – 2” ба миён омад. Зеро он Неругоҳи маҷроӣ буда, бе обанбори ғунҷоишаш калон метавонад фаъолият намояд.
Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон – кишвари ба мо ҳамзабону ҳамоин ва ҳамфарҳангу тамаддун, бунёди Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда – 2” бо иқтидори лоиҳавии 220 мВт ба маблағи 318,9 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуд. Саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди ин Неругоҳ 278,9 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Санги асоси бунёди НБО “Сангтӯда – 2”  20 феврали соли 2006 гузошта шуда буд. 
Сохтмони он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии мамлакат боз як рӯйдоди фараҳбахш ба шумор рафта, шароит фароҳам овард, ки аз ҳисоби қувваи барқи истеҳсолшаванда боз чандин корхона ва  бинову иншооти соҳаҳои хоҷагии халқ бо барқ таъмин гардад.
4 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуда, ба масъулони бахши иқтисодиёти Ҳукумат оид ба таъмини даромади Буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ дастур доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2”, сохтмони НБО “Нуробод – 1” ва маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ҳамчунин, бунёди 50 неругоҳи хурди барқии обӣ тезонда шаванд.
Бо заҳмату меҳнати музаффаронаи мутахассисони тоҷику эронӣ дар партави ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ НБО “Сангтӯда – 2” низ бунёд гардид.
  
Таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат 5 сентябри соли 2011 агрегати якум ва 10  сентябри соли 2014 агрегати дуюми он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба истифода додани НБО “Сангтӯда – 2”  ва қувваи  барқи истеҳсолшавада шароит фароҳам овард, ки даҳҳо бинову иншооти хизматрасонӣ самаранок фаъолият намуда, норасоии неруи барқ ва маҳдудияти он барои аҳолӣ барҳам дода шавад.
Истеҳсоли қувваи барқи неругоҳи “Сангтӯда – 2” соли 2021 ба 784 миллион кВт-соат расид, ки он 3,8 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ тавлидшударо ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 августи соли 2022 ШСХК “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда – 2” 7,7 миллиард кВт-соат неруи барқро ба маблағи 379,8 миллион доллари ИМА харидааст.
Дар як муддати кӯтоҳ бо азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармояи хориҷӣ, якчанд неругоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуданд, ки ба қадри имкон мушкилоти дастрасӣ ба неруи барқро ба аҳолӣ осон намуд.
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат дарк ва эҳсос мекарданд, ки неруи барқи истеҳсолшаванда барои ҷумҳурӣ ҳанӯз кофӣ нест. Зеро авҷ гирифтани сохтмони корхонаҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои илмию таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сол ба сол қувваи барқро бештар талаб менамоянд. Бахусус, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ на танҳо дар марказ, балки дар дурдасттарин манотиқи кишвар, бунёди боғу токзорҳо, истеҳсоли нуриҳои маъданӣ, ташкили гармхонаҳо ва обёрӣ кардани ҳазорҳо гектар заминҳо, ки дар онҳо аз неруи барқ фаровон истифода бурда мешавад, дар шароити имрӯз тавассути афзун кардани қувваи барқ рушду инкишоф меёбанд.
Аз ҷониби Сарвари давлат дурнамои Тоҷикистон хеле хуб арзёбӣ мегардад. Зеро захираҳои табиии кишвар, коркарди маъдан ва канданиҳои фоиданок, имкониятҳои зиёди рушди саноату энергетика, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, иқлими мусоид, мардуми заҳматкаш ва бонангу номус кафолати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ шароити хуби табиӣ дорад, зеро ба он релефи кӯҳӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва захираҳои фаровони оби дарёҳо мусоидат менамоянд. Аз ҷиҳати манбаъҳои захираи неруи барқ Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Чунин имконият дар дигар ҷумҳуриҳо мавҷуд нест. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат низ ба он равона гардидааст, то мо бештару беҳтар аз имкониятҳои табиӣ истифода бурда, бо истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтисодиёти мамлакатро тараққӣ ва инкишоф диҳем.
Иқдоми бузургу таърихие, ки аз ҷониби Сарвари давлат мавриди амал қарор гирифт, ин идома додан ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” буд. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, асосан, соли 2008 оғоз гардиданд. Дар ҳоле ки дар доираи коршиносони байналмилалӣ, бахусус минтақа, баҳсу мунозираҳо дар атрофи зарару зиён ва хатари он ба минтақа сухан мерафт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекарданд, ки сохтмони ин иншоот барои миллати тоҷик ногузир аст. 
Аз ҷумла, бархе аз намояндагони воломақом ва коршиносони соҳаи энергетика аз кишварҳои хориҷ сохтмони НБО “Роғун”-ро ғайриимкон ва амалинашаванда арзёбӣ мекарданд. Қисме онро хатарноку ба муҳити зист зараровар ва гурӯҳе  боиси  норасоии  об  ба кишварҳои поёноб медонистанд. Дар умум, аксарият ошкоро изҳор менамуданд, ки Тоҷикистон қудрати сохтмони чунин иншоотро надорад ва талошҳои роҳбарияти давлат барабас меравад.
Вале Сарвари давлат дар ҳамоишу симпозиум ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ бо эътимоду бовар таъкид менамуданд, ки бунёди НБО “Роғун” баръакс на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа манфиатовар аст. Чунончи, зимни сафари Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Сарвари давлат бо асосу далелҳои қотеъ ва боварибахш воқеият надоштани овозаҳоро оид ба хатари неругоҳ изҳор намуданд. Ҳамзамон, таъкид намуданд: “Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои минтақаро ба эътибор  мегирад  ва лоиҳаҳои мо бархилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс, бо татбиқи ин лоиҳаҳо на танҳо минтақаро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиш ёфтани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунад”.
Дабири кулли СММ бо назардошти масъулияти баланд, ҳамчун роҳбари созмони бонуфузтарини ҷаҳон ва дарки аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон омодагии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони масоили энергетикиро барои баррасии амалӣ намудани тарҳи сохтмони ин неругоҳ изҳор намуд.
Мавсуф, аз ҷумла гуфт: “Мо аҳамияти неругоҳи “Роғун”-ро барои Тоҷикистон хуб мефаҳем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасаӣ намоем. Мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошад”.
Бо вуҷуди мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ, буҳрони молиявӣ ва мухолифати кишварҳои минтақа роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки НБО “Роғун” бояд сохта шавад.
Таъкидҳои пайваста ва асосу далелҳои муътамад оид ба устуворию мустаҳкамии баландтарин сарбанд, ҳамзамон, аҳамияти бунёди ин Неругоҳ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон ва минтақа  дар охир самараи нек овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳифзи манфиатҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикии Тоҷикистон чунин изҳор намуда буданд: “Мардуми Тоҷикистон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст, дар давоми асрҳо бо ҳамсояҳои худ дар оромиву осоиш ва муросову мадоро зиндагӣ кардааст ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт”.
Амалӣ гардидани тарҳи мазкур дар баробари қонеъ сохтани эҳтиёҷоти дохилӣ, инчунин, интиқоли неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Покистон, таъмин менамояд.
Яке аз лоиҳаҳое, ки дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, ин ба амал баровардани тарҳи хатти интиқоли барқи САSА-1000, яъне бунёди хатти 500 киловатаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон мебошад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад.
Бояд гуфт, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика,  аз  ҷумла бунёди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, барои ду кишвари ҳамсояи ҳамфарҳанг ва ҳамдину оин омили асосии рушду тарққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ мегардад. Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хориҷии худ ҳамеша омодагии худро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ба мардуми афғон, ки солҳои зиёд бар асари ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ранҷ мекашанд, изҳор менамуд. Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири иқтисоди ин кишвар 17 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати тоҷикон изҳор намуданд: “Дар чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд тавсеаи бештар пайдо карданд ва мо умедвор аз онем, ки ҳар ду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд”. 
Ҳарчанд дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мушкилиҳои зиёде пеш омаданд, вале азму иродаи қавии Пешвои миллат монеаҳоро шикаста, ба мардуми баору номус ва сарбаланди Тоҷикистон муяссар гардид, ки ин Неругоҳ бунёд карда шавад.
Барои сохтмони он маблағҳои калон зарур буд. Ҳарчанд як қатор ширкатҳои бонуфузи давлатҳои пешрафта ташаббус нишон дода, сохтмони НБО “Роғун”-ро ба уҳда гирифта бошанд ҳам, вале баъдан бо таъсиру дахолати баъзе кишварҳо баланд будани дарғоту хатар доштани онро сабаб оварда, аз сохтмони он даст кашиданд. 
Дурнамои сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, донишу фарҳанги баланд, таҷрибаи ҳаёт ва маҳорату малакаи баланди касбӣ, талошҳои зиёду пайвастаи Пешвои миллат манфиатовар будани сохтмони ин неругоҳро аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён собит намуд ва бо гузарондани ташхиси байналмилалӣ устувор будани сохтмони он ниҳоят тасдиқи худро ёфт.
Идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. НБО “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тақрибан 70 километр болотар аз НБО “Норак” сохта шуда истодааст. “Роғун” калонтарин Неругоҳ ба ҳисоб рафта, тавоноиаш аз иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” яку ним маротиба зиёд аст. Баландии сарбанди он 335 метр буда, дорои 6 агрегат ва иқтидори лоиҳавиаш 3600 мВт мебошад. Неругоҳ тавре бунёд гашта истодааст, ки ба заминҷунбии то 9 балл тобовар аст. Он дар як сол ба миқдори 17,3 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол менамояд. 
Майдони обанбор 170 километри мураббаъ буда, ҳаҷми ғунҷоиши об 10,3 км3 ва дарозии нақбҳо беш аз 70 километр мебошад. Бартарӣ ва афзалияти Неругоҳ аз дигар неругоҳҳо дар он зоҳир мегардад, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замин бунёд карда мешаванд. Корҳои сохтмонии сарбанди 335-метра ба зиммаи Ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило”, ки ғолиби тендери байналмилалӣ гардида буд, вогузор шудааст. 
Сохтмони НБО “Роғун” ҳанӯз нимаи солҳои 60-уми асри гузашта тарҳрезӣ гардида буд. Роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва беҳбудии шароити зиндагӣ тасмим гирифт, ки дар дарёи Вахш бунёди силсиланеругоҳҳоро ба роҳ монад. Бо ин мақсад, соли 1965 аз тарафи коршиносон тадқиқоти техникӣ-иқтисодии сарбанди Неругоҳ оғоз гардид. Моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиён ба кор шуруъ карданд. Корҳои асосӣ, яъне зеризаминӣ соли 1982 оғоз ёфт. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, агрегати аввали Неругоҳ бояд соли 1990 ба истифода дода мешуд. Вале аз сабаби фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва қатъ гардидани маблағгузорӣ, ҳамзамон, ҷангу муноқишаҳои дохилӣ сохтмони Неругоҳи ҳаётан муҳим ба анҷом нарасид. Бар асари боридани боронҳои селовар ва беназоратию бетаваҷҷуҳии масъулон роҳу нақбҳо харобу валангор, таҷҳизоти техникӣ аз боду борон ва зери ҳавои кушод корношоям ва қисман рабуда шуданд, мутахассисону коргарон пароканда гардиданд. Ҳамаи ин номусоидиҳо, носозгориҳо ва омилҳои сиёсиву иқтисодӣ боис шуд, сохтмони НБО “Роғун” қатъ гардад.
Мушкилоти норасоии неруи барқ, хусусан дар фасли зимистон баръало эҳсос мегардид. Баъди барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии сатҳи иқтисодиёт ва некуаҳволии сокинон соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ аз нав эҳё карда шавад. Вобаста ба ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва дар ин замина Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун" бо саҳмдории асосии Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2008 барои бунёди сохтмони аср 2780 мутахассис ва коргар сафарбар гардид. Тули солҳои минбаъда бо мақсади тезондани суръати сохтмон шумораи коргарон сол ба сол афзуда, аз 5615 нафари соли 2010 дар соли 2015 ба 11423 ва соли 2018, яъне дар арафаи ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳ ба 21268 нафар расонда шуд.
Яке аз роҳҳои пешбурд ва рушду инкишофи саноат, иқтисодиёт ва соҳаи кишоварзӣ ин ҷалби сармоя, воридоти технологияи муосир ва мутахассисони хориҷӣ ба шумор меравад. 5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, аз мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар бунёди Неругоҳ гузоранд. Ин даъват ба хотири ҳарчи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузург буд.
Даъвати Сарвари давлат аз ҷониби аҳолии кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ гарму ҷӯшон пазироӣ гардид, зеро онҳо хуб дарк карданд, ки рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон, бунёди калонтарин Неругоҳ дар минтақа кафолати пешрафту тараққиёт, тавонмандӣ, болоравии некуаҳволии халқ, зиндагии шоиста ва ободу гул-гулшукуфии Ватан мегардад. Дар як муддати кӯтоҳ ба маблағи беш аз 804 миллион сомонӣ саҳмияҳои НБО “Роғун” аз тарафи шаҳрвандон харида шуданд. Ин ҳиссаи сокинони бонангу номуси диёр ва ҳамватанони бурунмарзӣ як армуғон ва илтифоти самимонае дар бунёди иншооти аср мебошад.
Бо саҳмгузорӣ ва талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамарӯза корҳои зиёде ҷиҳати ҳарчи тезтар ба истифода додани агрегатҳо анҷом дода мешуданд. Хушбахтона, дар ин ҷода, бахусус бо татбиқи сиёсати берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик шароит фароҳам омад, ки дар солҳои охир бо ҷалби сармоя ва ёрии мутахассисони хориҷӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи энергетика, ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Имрӯз ин раванд дар ҷараёни сохтмони НБО “Роғун” бараъло ба мушоҳида мерасад. Дар иншооти бузург дар баробари ширкатҳои ватанӣ, инчунин, ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар раванди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона саҳми худро мегузоранд. Аз соли 2018 дар бунёди Неругоҳ 43 ширкати  ватанӣ ва 19  ширкати хориҷӣ  иштирок  менамояд. Баъд аз таҳкими иншоот, ба ЛОТ-ҳо ва  ЛОТ-менҳо вобаста гардидани ҳаҷми корҳо имрӯз дар раванди корҳои сохтмонӣ 45 ташкилоту муассисаи лоиҳакашию сохтмонӣ фаъолият мекунад, ки аз он 35-тояш ватанӣ ва 11 ташкилоту муассиса аз кишварҳои хориҷ мебошад.
Айни замон дар сохтмони аср беш аз 10 ҳазор коргару мутахассис бо истифодаи зиёда аз 3000 мошину механизм самаранок кор карда истодаанд, ки 90 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки насби таҷҳизоти техникӣ дар толори  мошинҳо ва бандубасти таҷҳизоти гидрогенератори агрегати № 6 аз ҷониби мутахассисони Консорсиуми байналмилалӣ – Корхонаи давлатии “Заводи Электрояжмаш” ва Ширкати “ДнепрСГЭМ”-и Ҷумҳурии Украина ва мутахассисони Ширкати “ТоҷикСГЭМ” ба амал бароварда шуд, ки имрӯз неруи барқ тавлид мекунад. 
 
 
Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо боварии комил метавон сохтмони байналмилалӣ номид. Дар таърихи Тоҷикистони навин бори аввал чунин шумораи зиёди коргарону мутахассисон аз хориҷи  кишвар  дар  ин  иншоот ба кор ҷалб шуданд. Чунончи, дар он  намояндагони давлатҳои Россия, Украина, Молдова, Гурҷистон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Покис-тон, Италия, Британияи Кабир, Франсия, Непал, Аргентина, Миср, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокаш, Нигерия, Камерун, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Намибия, Чили, Зимбабве, Панама ва ғайра ширкат доранд.
29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд, ки дар ин кор шахсан Сарвари давлат бо булдозер ширкат карданд. 
Азму  иродаи  қавӣ,  устуворӣ   дар мавқеи хеш ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат имкон дод, ки барои ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии сокинони мамлакат ва нангу номуси ватандорӣ баъди анҷом додани як қатор корҳои сохтмонӣ аввалин агрегати НБО “Роғун” ба истифода дода шавад.
Дар ин чорабинии тантанавӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои зарин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад».
Он рӯз ҷараёни ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳ ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои ватаниву хориҷӣ ба таври мустақим пахш гардид. Рафти баргузории ҷамъомади тантанавиро зиёда аз 200 рӯзноманигор аз шабакаҳои машҳури ҷаҳон, агентиҳои иттилоотии бонуфузи дунё ба таври васеъ инъикос карданд.
Баъд аз ба истифода додани аввалин агрегати НБО “Роғун” аҳли зиё, сокинони кишвар, намояндагони касбу кори гуногун таассуроти худро тавассути радиову телевизион баён намуданд. 
Дар ин радиф, намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ дар канор набуданд. Онҳо низ дастоварду комёбиҳои кишвари моро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Аз ҷумла, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ  оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дар робита ба ин иброз дошт: “Ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои рушду нумуи гидроэнергетика дар Тоҷикистон марҳалаи муҳиме ба шумор меравад”.
Муовини вазири корҳои хориҷии Италия Манлио ди Стефано дар ин маврид чунин зикр кард: ““Роғун” ин шаҳомати усули фанофарӣ дар мутобиқат бо ҳалли мушкилоти мураккаби муҳандисию техникист. Эҳсоси ифтихор мекунам, ки мо дар назди дастоварди бузурги инсонӣ ва технологӣ – сарбанди “Роғун”, ки бо баландии 335 метр дар дунё аз ҳама бузургтарин хоҳад буд, қарор дорем”.
Дар баробари ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳ, дар ин давра хатти интиқоли барқи 500-киловаттаи “Роғун-Душанбе” пурра сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дар заминаи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500-кВт дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ гардида, арзиши умумии тарҳи мазкур 650 миллион сомонӣ мебошад.
Ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳ ба коргарони он руҳу илҳоми тоза бахшид. Меҳнати фидокоронаи онҳо имкон дод, ки дар арафаи Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО “Роғун” мавриди истифода қарор гирифт. 
Ҳанӯз аз замони оғози сохтмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО “Роғун”-ро “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд.
Аз оғоз то имрӯз (июли соли 2022) бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат 14 маротиба аз Неругоҳ дидан карданд. Дар ҳар сафар аз наздик бо коргарону мутахассисон вохӯрда, бо шароити моддию маишӣ ва кору фаъолият шинос ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии онҳо аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ дастуру супоришҳо медоданд. Бахусус, таъкид мекарданд: “Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Ин Неругоҳ бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад”.
Як қатор шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла сафирони ИМА, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Италия дар Тоҷикистон, намояндаи расмии ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” бо роҳбарии Пиетро Салини, гурӯҳи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, сармоягузорон ва мутахассисони заводи алюминийи Ҷумҳурии Халқии Чин, намояндагони ширкатҳои ”Сиеменс” ва “СМЕС”-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор, роҳбарияти Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар, мудири иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас”, намояндагони ширкати “Voith Hydro”-и Австрия, ҳайати намояндагии ширкати “Русатом”,  директори генералии Бонки рушди Осиё, раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд ва даҳҳо нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Гурҷистон, Украина, Франсия ва ғайра ба НБО “Роғун” ташриф оварда, онро манбаи рушду тараққиёт ва ифтихори мардуми Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Сохтмони навбати аввали Неругоҳи барқи обии  “Роғун” ба анҷом расида, ду агрегати муваққатӣ бо иқтидори 260 мВт (ҳар кадоме 130 мВт) то 19 августи соли 2022 ба миқдори беш аз 4 миллиарду 719 миллиону 847 ҳазор кВт неруи барқ истеҳсол намуданд. Маблағи неруи барқи содиршуда аз оғози ба кор сар кардани Неругоҳ, яъне аз 16 ноябри соли 2018 то 19 августи соли 2022 зиёда аз 1 миллиарду 89 миллиону 539 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз оғози корҳо то ба истифода додани чархаҳои 1 ва 2 Неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлат сохтмони мазкур 24 миллиард сомонӣ ва то 22 августи соли ҷорӣ 37,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Бо мақсади татбиқи лоиҳа, таҳвил, васлу насб ва ба истифода супурдани агрегатҳои № 1 ва 4 бо таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон, инчунин, ивази чархҳои кории муваққатии агрегатҳои № 6 ва № 5 30 январи соли 2021 бо ширкати “Voith Hydro” давлати Австрия қарордод ба имзо расонда шуд.
Маҳз диловарию шуҷоат, меҳнати самаранок ва ҳамкориҳои судманди ширкатҳои ватанию хориҷӣ буд, ки афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд. Яъне, Неругоҳе, ки қариб 40 сол танҳо бо ном ва дар харита ҷой дошт, фаъолият намекард, ба арсаи меҳнат, корзор, майдони нангу номус ва ифтихори тоҷику тоҷикистониён табдил ёфт.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди Неругоҳ садҳо нафар коргарону мутахассисон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордени Шараф, медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз шуданд.
Аз тарафи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳдошти шароити моддию маишӣ, алалхусус таъминот бо маводи ғизоӣ, сару либос, нақлиёт, ҷойи хоб, истироҳату фароғат, пардохти саривақтии маош ва кору фаъолияти коргарону мутахассисон мунтазам ғамхорӣ зоҳир мешавад. Имрӯз дар мавзеи сохтмони Неругоҳ беш аз 20 хобгоҳи хурду калон мавҷуд аст, ки онҳо бо тамоми лавозимоту шароити зарурӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Ошхонаи замонавӣ дар ду баст бо чор вақт хӯроки гарм барои коргарон хизмат менамояд. Инчунин, 5 маркази савдо ва як дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 4 нонвойхона, 2 сехи хлебпазӣ, як ошхонаи худхизматрасонӣ ва сартарошхона фаъолият менамоянд.
Тибқи роҳхат коргарони ин шоҳкории аср ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз қабили “Баҳористон”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Гармчашма”, “Хоҷа Оби гарм” сафарбар мешаванд.
Бо мақсади истироҳату фароғати фарзандони сохтмончиён дар мавсими таътил онҳо ба истироҳатгоҳҳои тобистона фиристода мешаванд. Ба кормандони эҳтиёҷманд ва дар ҳолати осеби истеҳсолӣ бардоштан, сари вақт мунтазам ба онҳо кумакпулӣ мерасонанд.
Ҳама ин дастгириву ғамхориҳо ба он равона гардидааст, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вазифаи бузургу таърихӣ ва пурифтихор – сохтмони  НБО “Роғун”-ро ба анҷом расонда, ба ҷаҳониён собит намоянд, ки миллати тоҷик созандаву бунёдкор, фарҳангдӯсту тамаддунпарвар ва ташаббускору сулҳофар мебошад.
Воқеан, ин дастоварди таърихӣ иқтидору тавоноии кишвари моро собит намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон нишон дод, ки Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар қатори давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ қарор гирад.
НБО “Роғун” имрӯз ва дар оянда низ, ҳамчун калонтарин иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон ва минтақа боқӣ мемонад. 
Чи тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” ба шумор рафта, 98 дарсади неруи барқи он тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд ва аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва таҷдидшавандаи энергия кишвари мо дар қатори 6 кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад. 
Истифодаи самарабахши неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз стратегияҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои ҳалли он роҳбарияти давлат талошу кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. 
Бо ифтихори зиёд метавон таъкид намуд, ки оғози корҳои барқарорсозӣ дар НБО “Роғун”, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум”, мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда – 1” , “Сангтӯда – 2”,  “Помир – 1”,  Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоб, маркази барқу гармидиҳии  Душанбе – 2, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”, “Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 200 ва 500-киловолта дар НБО “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран – 2”, хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи “Лолазор – Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум – Суғд”, “Айнӣ – Рӯдакӣ”, татбиқи лоиҳаи  “САSА-1000” бузургтарин комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ бе сабаб аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор нагирифтааст. Зеро бе истеҳсоли неруи барқ наметавон рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин намуд. Фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолӣ ба неруи барқи доимӣ вобастагии зиёд доранд. 
Имрӯз дар ҳар минтақаву мавзеъ ва макону ҷой бо дастовардҳои даврони истиқлол, ки маҳз бо азму талош ва хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд, рӯ ба рӯ мешавем. Аз ин моро ҳисси ифтихору шодмонӣ фаро мегирад ва шукргузорӣ мекунем, ки Офаридгор чунин фарзанди фарзона, шахсиятеро ба миллати тоҷик ато намуд, ки қалбу вуҷудаш саршор аз муҳаббату самимият, хайру сафо, лутфу каромот ва эътимоду эътиқод ба фардои дурахшон мебошад. 
Боварию эътимоди Сарвари давлат, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардид, ки новобаста аз мушкилоту вазниниҳои солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ, фалаҷ гардидани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, бесарусомониҳо дар рӯзгори мардум, ки аксарият дар андешаи зинда мондану пайдо кардани ризқу рӯзӣ буданд, роҳбари ҷавону умедбахш қарору қонунҳоеро қабул намуд, ки барои пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими суботу оромӣ, волоияти қонун ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мусоидат карданд. 
Сокинони Тоҷикистон аз хурд то калон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндасози давлату миллат, эҳёгари таъриху тамаддун, бунёдкору созанда, хайрхоҳу ғамхори кор-афтодагон ва маҳбуби ҳар хонадонро мебинанд. Маҳз чунин рисолату фазилатҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳар кору иқдоме, ки пеш мегиранд бо хости Худо ва азму талоши мардуми бонангу номус хеле содаву равон, зебо ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса амалӣ мегарданд. 
Воқеан, боварии Пешвои муаззами миллат ба созандагии мардуми тоҷик ва пайравии шаҳрвандон аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат буд, ки Шоҳкори аср – Кохи нур, алорағми ҳама монеагузориҳову мушкилэҷодкуниҳо, бунёд ёфт ва имрӯз аз файзи нури он ҳама баҳравар гашта истодаанд. 
 
А. А. АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.28.29.09.2022    №: 185-186-187    Мутолиа карданд: 2207
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед