logo

Хабарҳо

Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

 
Кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони зарардида таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ҳар оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори зарурӣ семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид. Манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин  муддат  бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Барои зимистонгузаронии оилаҳои зарардида бошад, орд, биринҷ, равған, пиёз, сабзӣ,  картошка, макарон ва шакар дастрас мешавад.
Сокинон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат боиси руҳбаландии онҳо мегардад.
 
 
 
Шумораи вижаи маҷаллаи “Business Central Asia” оид ба Тоҷикистон
Ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии Нав маҷаллаи “Business Central Asia” бо таваҷҷуҳи хос ба Тоҷикистон ба нашр расид,- хабар дод Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Дар ин шумора паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, мубодилаи табрикномаҳои роҳбарони ду кишвар ба муносибати рӯзҳои миллӣ, матни табрикоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон ба муносибати 30-солагии барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, мақолаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо номи “Ташвиқи рушди саноат дар Тоҷикистон”, мақолаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон таҳти унвони “30 соли ҳамкориҳои мутақобилан судманд” ҷой дода шудаанд.
Ҳамзамон, дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, робитаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра ба табъ расидаанд.
 
 
 
Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ
Аз якуми октябри соли 2022 даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат, бо иштироки масъулони мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, дар ҷаласае, ки бо иштироки вазири мудофиа Шералӣ Мирзо доир шуд, оид ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гашт, ки вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Баланд намудани иқтидори мудофиавии кишвар, пеш аз ҳама, ба таҳкиму тақвияти тамоми самту соҳаҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.
Супориши қатъӣ дода шуд, ки масъулони ин чорабинии муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум боз ҳам ҷоннок намуда, ба масоили ташкилу ба роҳ мондани сифати даъват диққати аввалиндараҷа диҳанд ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияҳои даъватӣ муҳайё созанд. 
 
 
Форуми байналмилалии дӯстии халқҳои Чин ва Осиёи Марказӣ
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба дӯстии халқҳои Чин ва Осиёи Марказӣ Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ бо реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки таҳкими дӯстии анъанавӣ ва дастгирии ҳамдигар, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати тавсеаи тиҷорат ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби фаъолонаи сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии мутақобилан судманди минтақавӣ, аз ҷумла дар заминаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, аз вазифаҳои асосии сиғаи Осиёи Марказӣ – Чин мебошанд.
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ба натиҷаҳои судманд ноил гардидаанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4763
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед