logo

илм

ФАРМАКОЛОГИЯ. БОЗТОБИ СОҲА ДАР СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ПРОФЕССОР ҒУЛОМҚОДИР БОБИЗОДА

 
Солҳост дар мамлакат олимон ба таҳқиқу омӯзиши гиёҳҳои шифобахш таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозанд, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт пешравии назаррас қариб ба чашм намехӯрад. Таври маъмул мутахассисони мо  рустаниҳои дармонбахшро дар шакли чой пешниҳод менамоянд, ҳол он ки дар давлатҳои мутараққӣ аз онҳо ҳаб ва малҳамҳо истеҳсол мекунанд,  дар табобати бемориҳо садҳо маротиба таъсири бештар доранд. Ба ин хотир, Бобизода Ғуломқодир, раиси Кумитаи фармакологияи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, профессори кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо шогирдонаш дар натиҷаи таҳқиқ ва омӯзиш, омехтасозии (композитсия) рустаниҳои шифобахшро бо доруҳои мавҷуда пешниҳод месозанд, ки дар фармакологияи кишвар тарзи нав аст. Усули мазкур чӣ гуна аст ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани он ба соҳаи тиб чӣ манфиат меорад? Ба хотири дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигари марбут ба мавзуъ, хабарнигори мо бо Ғуломқодир Бобизода суҳбате орост, ки фишурдаи он манзур мегардад. 
– Омехтасозӣ, яъне композитсияи рустаниҳои шифобахш бо доруҳои мавҷуда чӣ тавр рӯи кор омад ва дар самти табобат  чӣ манфиати фарқкунанда хоҳад дошт?  
 
– Композитсияи  рустаниҳои шифобахш бо доруҳое, ки имрӯз дар тиб  васеъ истифода мешаванд, усули бисёр манфиатбор аст, хосса дар табобати бемориҳои музмин. Яъне, гиёҳҳои шифобахше, ки дорем, бо доруҳои хосияти умумидошта омехта мешаванду таъсири онро баланд мебардоранд.  Дар ин самт ҳоло таҳқиқи пайвастагиҳои табиӣ бо пептидҳои синтетикӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи олимон аст. 
Солҳои 90-уми асри XIX ба тибби амалӣ бештар аз 10 доруи пептидӣ ворид гардид. Ибтидои асри XIX ин рақам 6 маротиба афзуд. Дар зарфи 15 соли ибтидои аср ХХI ин шумора ба 600 расид, ки ҳоло як қисми онҳо дар марҳалаи таҳқиқоти пешазклиникӣ қарор доранд. Олимони тоҷик низ дар заминаи пептидҳо, ки барои пурзӯр намудани масуният истифода мешаванд, корҳои зиёди илмӣ анҷом додаву ҳанӯз ҳам ҷустуҷӯҳо дар ин самт идома доранд. 
Яъне, мо, аллакай, дар асоси пептидҳо ба истеҳсоли давои омехта замина гузоштем. Барои баланд бардоштани самаранокии доруҳои пептидӣ, пайдарпайии аминокислотаҳо (кислотаи органикӣ, ки унсури асосии сохти сафедаҳои наботот ва ҳайвонот аст) аксар вақт тағйир дода мешаванд. Бо тағйир ёфтани таркиби аминокислотаҳо ва ба вуҷуд овардани пайвастаҳои координатсионӣ бо металлҳо, бо пайвастаҳои биологӣ, метавон ба тағйирёбии хосиятҳои фармакологии онҳо ноил шуд.
Силсилаи таҳқиқоте, ки  5 сол дар ин самт анҷом додем, собит намуданд, ки бо ин роҳ метавон таъсирнокии баъзе аз маводи тиббиро зиёд кард, дар натиҷа суръати таъсиррасонии он ба бунияи инсонҳо, алалхусус маризон, зиёд мегардад. Масалан, аспирин, ки хосияти паст фаровардани ҳарорати баданро дорост, бо ҳазориспанд омехта шавад, суръати таъсиррасониаш бештар мегардад.
Шогирдони мо дар таҳияи омехтаи доруи тимосин бо барги зуф ва пудинаи боғӣ бо истифодаи таҷрибаи бисёрасраи тибби халқӣ кори илмӣ анҷом доданд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳои илмӣ барги зуф ва пудинаи боғӣ барои беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо ва устувор гардондани масуният мусоидат мекунад. Маҷмуи моддаҳои  фаъоли биологии ин рустаниҳо хосияти зиддимикробӣ, зиддиилтиҳобӣ, зиддибактериявӣ, зидди варам буда, масуниятро фаъол месозанд. Натиҷаҳои илмие, ки дар ин самт ба даст омаданд, назаррас мебошанд.  
 
– Оё тибби имрӯза, хосса фармакологияро ба чунин доруҳои омехта ниёз ҳаст?   
– Бале, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ барои муолиҷаи сеяки бемориҳо истифодаи давоҳои аз рустаниҳои шифобахш омодашударо ба мақсад мувофиқ медонад, зеро доруҳое,  ки  ҳоло дар тиб барои рафъи бемориҳо истифода мегарданд, таъсири кимиёвӣ доранд ва дар баробари рафъи беморӣ ба бунияи  инсонҳо осеб мерасонанд. Аз ҷониби дигар, давоми се соли охир бемории коронавирус тамоми аҳолии сайёраи Заминро ба ташвиш овард. Онҳое, ки масунияти паст доштанд, ба беморӣ муқовимат карда натавонистанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби торафт зиёд шудани вазъи ногувори экологӣ, пастшавии қобилияти муқовимати бадани одамон ба бемориҳо ба вуҷуд омадааст. Яъне, солҳои охир ба қобилияти муҳофизатии бадани одам омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонда истодаанд. Аз ин ҷост, ки баъзе ҳолатҳо доруҳо  дар бартараф намудани ин ё он беморӣ ёрӣ  намерасонанд. Ба ибораи дигар, неруи кам доранд. Маҳз ҳамин омил зарурат пеш овард, ки олимони соҳа дар ин самт чораҳои   муқовимат биандешанд. Чораҳое, ки  тавонанд ба афзуншавии муқовиматнокии организми инсон мусоидат намоянд ва системаи муҳофизатии ҷисми инсон муқобили омилҳои бегона (бактерияҳо, вирусҳо ва амсоли инҳо) тобовар бошад.  
Омӯзиш дар ин самт нишон дод, ки омехтасозии доруҳои руҳафзо, муқаввӣ, масунафзо бо иловаҳои фаъоли биологӣ (рустаниҳои шифобахш), ки хосияти бо ҳам мутобиқшавӣ доранд ва ба инсонҳо таъсири ҳамсон мерасонанд, роҳи ҳалли ин мушкил буда метавонад. 
Ба вуҷуд овардани чунин доруҳо дар асоси рустаниҳои шифобахш имкон медиҳад, ки таъсирнокии дору пурзӯр шуда, бештар доруҳои навъи самарабахш ва бехатар ба вуҷуд оянд. 
Ҳоло дар ҷаҳон ба чунин доруҳо талабот зиёд аст. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд то аз рустаниҳои шифобахш маводи доруӣ омода созем. Яъне, самте, ки Пешвои миллатамон муайян сохтаанд, бе баҳс дуруст аст, аммо барои амалӣ намудани он мо – олимон бояд, ки кор кунем ва агар ин самтро рушд бахшида тавонем, ҳам фармакологияи кишвар рушд меёбад, ҳам метавон ба бозори  ҷаҳонӣ роҳ ёфт.
 
– Саноати дорусозии мо имкони истеҳсоли чунин маводи доруии омехтаро дорад? 
– Бале. Солҳои охир самти соҳаи фармасевтӣ – истеҳсоли доруҳои ватанӣ рушд ёфтааст. Айни замон дар мамлакат 53 муассисаи фармасевтӣ ба истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ пардохта, дар бозори фармасевтии кишвар мавқеъ пайдо кардааст. Имрӯз ҶДММ “Тиб барои шумо”,“Вежа фарм”,“Сино – 2013”,“Мину фарм” ва ҶСП “Аввалин” ба содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёри фармасевтӣ машғуланд. Яъне, мо имкони истеҳсоли чунин доруҳоро дорем. Фақат зарур аст, ки олимони соҳа дар ин самт бештар корҳои таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ анҷом бидиҳанд ва ба истеҳсолот натиҷаҳои илмӣ пешниҳод созанд. 
 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2022    №: 206    Мутолиа карданд: 851
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед