logo

фарҳанг

ОН НУКТА, КИ АСЛ БУД, НОГУФТА БИМОНД

 
Ҷамъи бузургони олам– инсонҳои худогоҳ, ватанхоҳу дилогоҳ, ободкору созанда, ғамхору дарёдилу ҷасур, халқпарвар ва ҷамъи эҷодкорон, ҷумлаи ҳунармандон, наққошону рассомон, ҳайкалтарошон, хирадмандону саховатпешагон ҳама фарзандони зан – модаранд.
Зан – модар ҳамчун замин офаранда ва ризқдиҳанда аст. Худованди бузург ба дунё овардани наслро ба ӯ ва танҳо ба ӯ бовар кардааст. Зан дар назди Аллоҳи бузург аз эътибори калон бархӯрдор аст.  
Пеш аз ҳама, ӯ Инсон бо ҳарфи калон мебошад. Модар сутуни хонадон буда, соҳиби нур ва таҷаллӣ ҳаст. Биноан, бояд ба бузургии ӯ қоил бошему дар хизматаш қоим. Ҷумлаи мардумони соҳибмаърифат дар мадҳ ва ситоиши модар суханҳои оливу мондагор, ҳикматноку дилошӯб, пурмуҳтавову ҷаззоб гуфтаанд. Онҳо кӯшиданд, ки бузургии ӯро, руҳи қавияшро бо суханҳои воло ифода бисозанд. 
Горкий, нависандаи бузурги рус, гуфтааст: – «Ҳамду сано бод ба зан, ба модар ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар». Лашкаркаши фаронсавӣ Наполеон дар бузургии модар таъкиде дорад: «Зан – модар ба як даст гаҳвора, ба дасти дигараш дунёро такон медиҳад».
Рассомону ҳайкалтарашон чеҳраи ӯро, қадду болояшро бо ҳазорон назокату лутфу меҳрубонӣ, қашангу зебо офаридаанд. Ҳунармандон сурудаҳояшонро дар васфи модар бо гармии дил ва гӯшнавоз сароидаанду ҳунармандони саҳна образашро хеле ҷолибу дилкаш, гуворо, бо ҳазорҳо ҳаракатҳои ҳалиму маҳин офаридаанд. Лашкаркашон бо як каф дуои модар ба размгоҳ шуда,  бо зафар  баргаштаанд. 
Занро гоҳе оташ мегӯянд, вале ҳиммату бузургии ӯ аз ҳар гуна оташ болотар асту гармтар. Дар ин оташ танҳо ӯ худаш месӯзад ва моро пухта сохтаву ба камол мерасонад. Модар хуни дилашро ба шири сафед табдил дода, тифлашро сер мекунад. 
Гоҳе аз сабуксарии лояқилона мо ӯро меранҷонем. Ба хостааш амалеро роҳандозӣ намекунем, суханашро ба замин мемонем. Ба ҳазор дарду офат худро гирифтор мегардонем, дар бандубаст мешавем. Модар соҳиби дили бузургу холӣ аз доғи сувайдо буда, қудрати бахшояндагӣ дорад. Агар дуои модар набудӣ дунё давом надоштӣ ва поянда набудӣ.
Шуҷоати модарро ба ҷуз модар каси дигаре надорад. Ҳамин нотарсӣ ӯро назди Темур бурд. Темур ба ҳайбати модар фарзандашро аз банд озод намуд.
Ҳазрати Ҷомӣ – беҳтарин вассофи меҳру муҳаббати модар, гуфтааст:
Ман тавонам сурати модар кашам,
Сурати модар ба хатти зар кашам.
Ман тавонам чашму рӯю мӯи ӯ,
Бо ҳазарон ранг зеботар кашам.
Лек ҳайронам, ки меҳри модарӣ,
Ман чӣ сон ба саҳфаи дафтар кашам?
Устод Бозор Собир манзалати модари тоҷикро хеле гуворову дилкаш ифода кардааст: 
Олучаи латадор буд, модари ман,
Қишлоқии хоксор буд, модари ман.
Яъне, ки бузургвор буд, модари ман,
Дар зиндагияш мазор буд, модари ман.
Ин мисраъҳо дар чорчӯбаи саҳли мумтанеъ офарида шуда, ҳар чанд одӣ ва сода намоянд ҳам, вале гуфтанашон осон нест. Ин суханро касе метавонад бигӯяд, ки ба бузургии модар имон дорад, ӯро сидқан дӯст медорад ва ба қадраш мерасад. 
Шоири ширинкаломи тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар ҳамин радиф гуфтааст: 
Беҳтар аз шабнами рӯи гул, агар чизе ҳаст,
Ашки шодист, ки бар чеҳраи модар бошад.
То имрӯз он нуктаи арзандаро, ки ҳимату қудрати модарро васф намояд касе иброз надоштааст. Гумони ғолиб аст, ки сухани бикрро дар санои модар ба ҷуз Худои бузург каси дигар қудрати гуфтанашро надорад. Худованди бузург фариштаеро ҳукм мекунад, ки ба Замин биравад ва касеро пайдо бисозад, ки лоиқи биҳишт бошад. Шаб буд. Фаришта ба Замин омад. Ҳамаро дар хоб дид. Ногаҳон, назараш ба зане бархӯрд, ки бари гаҳвораи ҷигарбандаш нишаста, бо овози нарму латиф, гӯшнавоз «Алла» мегуфт, гаҳвораро бо ҳазор лутфу меҳрубонӣ ҷунбиш медод. Малоика фаҳмид, ки аз ин модар беҳтар номзаде нест.
Аз пиндори хеш модарро навид дод. Модар розӣ шуд. Хост тифлашро аз гаҳвора берун оварад ва озими сафар шаванд. Фаришта аз ин нияту қарори модар ҳайрон шуд. Фариштаи ҳайратзада ба модар гуфт: «Биҳишт танҳо барои як кас аст. Агар мехоҳӣ дохили биҳишт бигардӣ тифлатро бозпас ба гаҳворааш бигузор». Модар аз ин азми фаришта дар шигифт монда, «Ман бе  фарзандам ба ҷое намеравам», – гуфт. Худованд аз ин ҷуръати модар шод шуда, биҳиштро васеъ намуд. Тавассути бузургии модар ва манзалати ӯ мо ҳамаи бандагони Худо умеди дохил шудан ба биҳиштро дорем. Бегумон, модар дар дили кӯчак, вале лабрез аз ишқу муҳаббат, зебоӣ дунёро ғунҷонидааст.
Одамизода аз бозе, ки худашро шинохт, аз худ огоҳ шуд, адибон ва ҳунармандонаш аз манзалату бузургии Зан – Модар шеър мегӯянд, суруд мехонанд… 
Зан – Модарро бо Моҳу Хуршеду ситораҳо, ҳуру парӣ монандаш мекунанд. Ӯро олиҳа, сарви равон, абрукамон... мехонанд, чеҳраат нуронӣ асту дурахши дидагонат Офтобро хира месозад. Дилат нарму қурси рӯят чун косаи шир гарм аст, – мегӯянд.
 
Гоҳи дигар мегӯянд, ки модар фаришта буд. Чи монандкунии аз ҳақиқат дур. Қазоват кунед, фаришта сӯз, гудоз, дард, ғам, андуҳ, оҳ, нола, фарёд… надорад, чун одамизода оила барпо намекунад, насл намезояд, дилаш барои хона, аҳли хонадон намесӯзад, парвои серӣ ва гуруснагӣ  надорад, аз дарду беморӣ азият намекашад, аз сарнавишту тақдири хеш ташвиш надошта, боре бари гаҳвора нонишаставу алла нахондааст, гаҳвораи тифлашро наҷунбонидаву шабзиндадорӣ накардааст, гумон ҳаст, ки орзуву ҳавас ҳам надорад, ғами Ватану ҳамватанро намехӯрад, забони модарӣ чисту, миллат кистро намедонад. Пас модарро ба фаришта монанд кардан, аз рӯи савоб нест. Модар аст, ки ҳамаи ин ҳиссиётҳоро дар ҷисму ҷони худ, руҳу равони хеш эҳсос менамояд. Модар пайвандгари наслҳост. Имрӯзро ба фардо, фардоро ба пасфардо пайваст мекунад. 
Доир ба бузургии модар дар «Қуръон» ва аҳодиси набавӣ таъкидҳо зиёданд. Чунончи бузурге мефармояд: 
Дили модар чу дарёи дамон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст:
Биҳишт зери қудуми модарон аст. 
Бо он забоне, ки Худо, Паёмбар, Модар ва Ватан мегӯем, ҳарфи бадро нагирем. Модар, бешак аз ҳар мавҷудоти олам боло аст. Гармии хонадон аз гармии дили ӯст, нуру зиё аз дурахшу ҷилои ӯ маншаъ мегирад. Бигузор дигар модарро ба гулу гиёҳ, долу дарахту ситораву сайёра ва боз чизҳои дигар монанд накунанд. Қадри модар дар назди Худованди олам гиромитар аст. 
То замони Истиқлоли давлатӣ 8-мартро – Рӯзи озодии занон меномиданд ва чун иди занҳо таҷлилаш мекарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро «Рӯзи модар» унвон карданд. Сарвари давлати мо рисолат ва бузургии модарро бо ҳиссиёти баланди инсонӣ дарк намудаанд.  
Пешвои миллатамон гиромидошти модар, донистани қадраш, эҳтиромашро бо ҷо овардан, арҷ гузоштан ба бузургиаш, гирифтани дуояшро талқин менамоянд. Президенти кишварамон борҳо ба мардуми Тоҷикистон таъкид доштаанд, ки дуои модарро бигиранд. Дуои модар сипар аст аз ҳар балову офот. Дуои модараст, ки Шуморо арҷманду соҳибэҳтиром мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон бо дуои модар ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанду бори вазнини роҳбарии давлату халқи ҷафодидаи Тоҷикистонро ба дӯш гирифтанд ва дар ин роҳ муваффақ ҳам шуданд. 
Дуои модар ӯро чун ҳамсафар аз миёни садҳо тиру туфанг, хавфу хатар гузаронд. Бо дуои модар ба кор ибтидо бахшида, аз сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан, ободӣ, созандагии диёр то ҳадди ташаббусҳои глобалию байналмилалӣ расиданд. Пас моро зарур аст, алалхусус ҷавононро, ки аз мардумони ватансоз, посдорони шири модар панд гирифта, корҳои шоёнеро дар пешрафти ҷомеа чун Президенти азизамон ба сомон расонем. Баҳри ободии Ватан талош биварзему коре кунем, ки модар аз мо ризо бошад. Модар аз зумраи мустаҷобуддаъвиҳост! Дуояшро бигиред. 
Ҳар чи аз бузургӣ, эътибор ва манзалати Зан – Модар гуфтем, дил холӣ нашуд. Дил мехоҳад сухане боз арзандатаре дар ҳаққаш бигӯем, аммо чи кунем, ки қудратамон ба гуфтани каломи аслӣ ва арзанда намерасад. 
Ҳақ ба ҷониби Расул Ғамзатов аст, ки фармуда: “Ситоиши модар мавзуест то ба абад тоза хоҳад монд”.  
 
Абдуллоҳ БОБОЗОДА, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 359
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед