| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иқтисод
Чӣ ҳол дорӣ, «Хуҷандатлас»?
Баргузории озмуни «Атласи тоҷик- 2010» баъди чанд соли танаффус дар шаҳри Хуҷанд собит сохт, ки бонувони мо, сарфи назар ба афзоиши номгӯи дигар матоҳои рангоранги навбаромади муосир, боз ҳам ба ин матои сирф миллии тоҷикӣ- атлас ҳанӯз завқ доранд ва ниёзманданд.
Қариб 150 нафар бонуи атласпӯш аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят либоси аз навъҳои гуногуни ин матоъ мувофиқи табъу завқи хос бо тарҳи классикиву замонавӣ басо шинаму зебо дӯхтаи худро аз рӯи панҷ шарт манзури ҳайати доварон ва тамошобинони аз ҳамаи гӯшаву канори вилоят ҷамъомада гардонданд.
Толори кохи ба номи устод Рӯдакии маркази вилоят ба як дунёи рангини атлас табдил ёфта буд. Ҳадаф аз доиршавии озмун қабл аз ҳама, тарғиби анъанаи миллӣ, эҳёи ҳунари дӯзандагии ниёгон, тарғиби сару либос аз матои табиӣ бо истифода аз услуби миллии дӯзандагӣ миёни аҳолӣ, хоса ҷавонон мебошад.
Иштирокдорони озмун қабл аз ворид шудан ба толор, ки имкон доштанд бо намоиши хеле васеъ доман густурдаи навъҳои гуногуни матои атлас, ки бевосита дар корхонаи «Атласи Хучанд» истеҳсол шудааст, шинос шаванд. Ҳамзамон то баргузории ин чорабинӣ эълон ҳам шуда буд, ки иштирокдорон ба озмун танҳо бо либосе ҳозир шаванд, ки аз матои атласи истеҳсоли ватанӣ бошад. Намедонам, то чӣ андоза масъулони тадорукоти озмун—Кумитаи кор бо бонувони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба ин ноил гаштанд, аммо он рӯз «ҷинси латиф» воқеан ҳама, аз 7 сола то 70 сола, атласбабар буд. Ба саҳна бо куртаҳои атласии бо услубҳои гуногун дӯхта пайдо шудани иштирокдорони озмун аҳли толорро ба ваҷд меовард. Бешубҳа, озмун дар сатҳи баланд доир шуда, ҳама бо табъи хушу гуворо, бо таассуроти хуш аз кохи Рӯдакӣ берун мешуд ва бо як ҳаяҷон аз зебоии ин матои миллӣ—атласи тоҷикӣ ҳарф мезаданду таъкид бар он доштанд, ки «атлас ҳамеша атлас асту ҷои онро ҳеҷ як матои дигар гирифта наметавонад».
Воқеан ҳам оё месазад, ки истеҳсоли атлас дар ҷумҳурӣ ба таври васеъ аз нав ба роҳ монда шавад ва мо ниёзи бонувони кишвари худро бо ин матои шоҳии аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намоем ва муваффақ ҳам шавем, ки ба бозори хориҷ роҳ ёбем?
«Хуҷандатлас», ки таъсисёбиаш ба соли 1931 рост меояд, солҳои 70-80-уми асри гузашта ба афзоиши чандинкаратаи маҳсулот муваффақ шуда, бо ду ҳазор коргар соле то 2 миллион мураббаъметр ва ҳатто аз ин ҳам зиёд намуди гуногуни атлас истеҳсол мекард.
Аз байн рафтани давлати шӯравӣ чун ба дигар корхонаҳои азим ба «Хуҷандатлас» низ таъсири манфӣ расонд. Ҷанги шаҳрвандӣ, гусаста шудани риштаи ҳамкорӣ бо корхонаҳои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ниҳоят ҷараёни мӯътадили корхонаи мазкурро халалдор кард ва аз соли 2001 то 2005 «Хуҷандатлас»-и машҳур ҳам ба фишангҳои низоми нави бозаргонӣ тоб наоварда, аз фаъолият бозмонд. Аз тарафи мақомоти шаҳру вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшише барои аз нав ба кор андохтани он шуда бошад ҳам, натиҷаи дилхоҳ надод. Ва дар ин фосилаи вақти бозистии корхонаҳои мо бозори кишвар аз моли давлати ҳамсоя пур шуд. Ҳол он ки дар замонаш маҳз атласи тоҷик чи дар минтақаву чи ҷаҳон машҳур буд.
Ниҳоят аз соли 2005 корхона дар симои соҳибкор Азимҷон Ғафуров соҳибмулки нави худро пайдо ва тағйири сохтор карда, ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Атласи Хуҷанд» табдил ёфт.
Оё имконоте ҳаст, ки акнун « Атласи Хуҷанд» шӯҳрати қаблии худро дубора ба даст ораду бонувони тоҷикро бо матои зебову шинам таъмин созад ва содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монад?
-Бале, чунин шароит ҳаст ва имконоте низ дорем, -қотеона иброз медорад Азимҷон Ғафуров, директори генералии корхона, - танҳо бояд талош кард, ки бозори худро ёбем. Ҳоло дар ин самт низ кор мебарем. Сониян, маврид ба зикр аст, ки корхона ба мо бо тамоми маҷмӯи мушкилиҳояш расид, ки ҳаллу фасли онҳо дар як фосилаи вақти кӯтоҳ душвор буд ва ин ҳолат то ҳадде ба ҷараёни бомароми истеҳсолот монеъ мешуд. Ҳоло дар пайи эҳёи дубораи корхона ҳастем ва ният дорем, ки бозори дохилӣ ва то ҷое бозори хориҷиро низ бо атласи худӣ таъмин намоем.
Аз сӯҳбат бо сарвари корхона аён мегардад, ки мушкилиҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд ва истеҳсолот маҷрои амиқро думболгир шудааст. Аммо суоли рӯз он аст, ки оё бо он таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда дурнамои соҳаро дар самти истеҳсоли атласи миллӣ метавон рӯшан дид? Ҳарчанд кулли биноҳои истеҳсолӣ ба шароити имрӯз мутобиқ гардонида шуда, сохтмонҳои иловагӣ давом доранд, ҳоло «Атласи Хуҷанд» на ба он миқдоре истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мондааст, ки дар замони шӯравӣ буд. Агар соли 2009 87,5 ҳазор метри мураббаъ матои миллӣ тавлид шуда бошад, соли равон ин рақам бояд то ба 100 ҳазор метр тағйир хӯрад. Ин миқдор атлас барои ҷумҳурӣ оё басанда аст?
- Аммо ҳамин миқдори истеҳсолшуда ҳам пурра фурӯхта нашудааст, -мегӯяд сарвари корхона, -зеро атласи мо нисбат ба атласи воридотии кишварҳои хориҷӣ каме арзиши баланд дорад. Агар дар даврони шӯравӣ ашёи хом-шоҳӣ аз корхонаи шоҳибарории шаҳри Хуҷанд бо нархи арзон дастрас мешуд, акнун чунин нест. Феълан дар заминаи он корхонаи шоҳибофӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам-«ВТ-СИЛК» таъсис ёфта, ашёи хом- як кило ресмонро ба мо дар ду – се соли охир бо нархи ҷаҳонӣ то 33 доллар мефурӯхт ва, албатта, ин нарх ба арзиши ниҳоии матои истеҳсолшаванда таъсири худро мерасонад. Ниҳоят, чанде пеш дар мувофиқа бо роҳбарияти «ВТ-СИЛК» нархи як кило ресмон ба 19 - 22 доллар фуроварда шуд.
Ба суоли он ки оё корхона метавонад матои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол кунад, аз директори генералӣ посух шуд, ки пурра не, зеро ба ин таҷҳизоти корхонаҳои коркарди пиллаи « ВТ-Силк» ва «Атласи Хуҷанд» мувофиқ нестанд. Ғайр аз ин барои гузаштан ба технологияи пешқадами муосир зарур аст, ки дар марҳалаи аввал Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо бинобар дастӣ иҷро шудани 75 фоизи корамон имтиёзе диҳад, ки муддате аз баъзе намуди андоз озод бошем. Роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости моро ҷонибдорӣ кардааст ва ҳоло ҳуҷҷатҳо омода мешаванд, ки ин масъала баррасӣ гардад. Дар сурати мусбат ҳал шудани масъала мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки таҷҳизоти нав ворид созем.
Дурнамои рушди корхонаи «Атласи Хуҷанд» ба равнақи соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он сахт марбут аст. Агар дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи пайгирона дошта бошанд, метавон дар истеҳсоли ин матои бозоргир ба муваффақият ноил гашта, ҳам аҳолии кишварро таъмин карду ҳам бозори онро берун аз ҷумҳурӣ пайдо намуд.
Ҷовиди Аштӣ,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|