menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Оё Арши илоҳӣ бар об қарор дорад?

Об дар замони мо аз бӯҳронзотарин мушкилоти ҳаёти башар шуда ва беш аз се ду ҳиссаи аҳолии рӯи Замин бо чолиши беобӣ ё камобӣ дучоранд ва ин рақам, ба гунае ки коршиносон ҳадс мезананд, бо афзудани падидаи гармоиши иқлими сайёра дар оянда мӯҷиби кашокашҳои ҷаҳонӣ хоҳад гашт.
Об дар радифи хоку боду оташ аз унсурҳои табиии ҳаётофарин бувад ва олами табиат миллиардҳо сол аст, ки аз ваҳдату зиддияти чаҳор унсур ба ҳаёти худ мудовимат мебахшад. Чаҳор унсур нишонаҳои илму қудрати эзадӣ ва абзори шинохту маърифат буда, имону яқини касро тақвият медиҳанд. Баҳси мо аз ҷойгоҳи об дар низоми хилқат аст, аммо се унсури дигар ҳам бо омезиш бо об нақше ҳастисоз доранд. Колбади инсон аз хок халқ шуда ва боз ба хок бармегардад. Инсон дар рӯи хок зиндагӣ мекунад ва хок ватани ӯст. Рӯишу болиш аз дили хок оғоз мешавад ва бӯи хуши зистан аз умқи он ба  машом мерасад. Хок бистари аслии кишоварзӣ  ва маншаи ҷумла ашёест, ки ниёзҳои аввалияи инсонро бароварда месозанд ва тамаддуни башарӣ бар  мабнои кишоварзӣ падид омадааст. Бод ҳаракатдиҳандаи обу хоку оташ аст, зиндакунандаи зиндагӣ ва пешоҳанги нузули раҳмати илоҳист, агар бод набуд, қатраи бороне ҳеҷ гоҳ бар хушкзамине намерехт. Оташ, ки намоде аз Офтоб аст, манбаи нуру ҳарорату шавқу сурур бувад, агар оташ набуд, башарро ҳеҷ пешрафте насиб намегашт.
Байни ҳакимони аҳди бостон баҳси калидие сари ин қазия буд, ки дар низоми офариниш кадоме аз ин аносир дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад.
Файласуфони юнонӣ Фалес - об, Анаксимен - хок, Анаксимандр - бод ва Ҳироклит - оташро дар мақоми якум гузоштанд ва ҳар ҳикматпардоз унсури баргузидаи худро нахустмояи ҳаёт ангошт.
Барои рӯшаниандозӣ ба ин қазия ба Қуръони Азимушшаън рӯ меоварем ва хоҳем дид, ки кадоме аз ин хирадсолорон ҳақ ба ҷониб буд. Бояд гӯшзад намуд, ки каломи илоҳӣ ҳақиқати мутлақ аст ва ба он як зарра намешавад шакку тардид раво дошт, чаро ки ӯ офарандаи яктост ва мо ҳама офаридаем ва дар ояи 30 сураи Анбиё мефармояд: «Осмонҳо ва замин фурубаста буданд, он гоҳ онҳоро баргушодем ва ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офаридаем». Дар ин маврид ҳаққонияти сухани Фалес ба исбот мерасад ва ӯ бар ҳаммаслакони худ чирадастӣ дорад, зеро ба асли ҳақиқат расида буд.
Ин андеша дар ояи 45 сураи Нур такрор мешавад, ки ҳар ҷунбандае аз об падид омадааст. Ҳатто Худои Мутаъол дар ояи 7 сураи Ҳуд ҳарфи рамзомезу розолудеро баён медорад, ки муфассирон дар фаҳми он дармондаанд: «Ва ӯ касест, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид ва Арши ӯ бар об буд». Аксари тафсиргарони муосир бар инанд, ки хилқати шашрӯзаи олам ба ин маънист, ки ҷаҳонофариниш на якбора сурат гирифт, балки тадриҷӣ ва марҳила ба марҳила, дар шаш давра, анҷом ёфт. Аммо фиқраи «Арши ӯ дар об буд»-ро муфассирон аз душворфаҳмтарин ояҳои Қуръон унвон кардаанд ва аз Табарӣ то ба имрӯз касе ба умқи он нарасидааст. Вале орифоне чун Шайх Муҳйиддини Арабӣ «Арш»-ро бо истинод ба ояи мазкури сураи Анбиё ва ривояти машҳури «Дили мӯъмин Арши Худои Раҳмон аст» ба маънии ҳаёт донистаанд. Дили мӯъмин барҳақ Арш ё ҷойгоҳи Худост ва маҳз ӯ бар дили мӯъминон салтанати комил дорад. Худи истилоҳи «Арш» мазҳари камоли қудрат ва салтанати илоҳӣ дар саросари ҳаёт дар густураи Коинот мебошад.
Аз ояҳои гуногуни Қуръони Карим ошкор аст, ки ҳамоно об нахустин моддаи хилқат ва ҳаёт буда, аз ҳақиқатҳои калидист. Пеш аз он ки ҷилваҳои зиндагӣ дар Коинот ошкор шавад, об ҳамаи ҳастиро фаро гирифта ва бистарсози пайдоиш ва зойиш буд. Пас об дар сайру таҳаввули шаклгирии ҳаёт нақшофаринии бунёдину шигифтангезе дорад ва асосу бунёди ҳастӣ мебошад, зеро наметавон ҳеҷ  мавҷуди зиндаеро дар баҳр, хушкӣ ва ҳаво пайдо кард, ки аз об бениёз бошад. Об барҳақ ҳофизаи сабзи Замин ва таърихи пайдоиши башар аст ва агар замоне одамон ба қудрати илмию фановарие даст ёбанд, ки ин куҳантарин ҳофизаро бихонанд, ба бисёр пурсишҳои зуҳури ҳаёт дар Коинот посух хоҳанд гирифт. Чунонки зикр шуд, об одамсоз ҳам ҳаст ва ин нуктаи муҳим дар ояи 54 сураи Фурқон тасреҳ мешавад: «ӯст, ки одамонро аз об биёфарид».
Об назири рӯшаноӣ мазҳари қудрати илоҳист, аммо он ба монанди ҳар чизи дигари ин дунёи фанопазир андозагирӣ шуда: на ба қадре ки фурӯ меборад, ки замин ғарқ дар об шавад ва на ба қадре ки мардум аз беобӣ ба ҳалокат расанд. «Ва аз осмон обе баандоза фурӯ фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо ба [кори] аз байн бурдани он тавоноем». (Мӯъминон, 18). Ин ҷо Худои Мутаъол бандагонашро ҳушдор медиҳад, ки захираи об бепоён нест ва дар масрафи он ҳадду меъёрро бояд муроот кард, вагарна камбуди об дар дунё рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод. Воқеан, имрӯз ҳудуди 80 дарсади кулли оби ширини мавҷуд ба масрафи кишоварзӣ мерасад, бо ин ҳол ба иллати нуқси шабакаҳои обёрӣ, махсусан дар кишварҳои рӯ ба рушд, 60 дарсади ин об ба ҳадар меравад: ё бухор мешавад ва ба зери хок бармегардад. Ҳудуди 40 дарсади аҳолии дунё дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳое ба сар мебарад, ки аз нигоҳи миқдори об ба шиддат ё ба таври миёна таҳти фишор қарор доранд. Баровард шудааст, ки то соли 2025 ҳудуди дусеи ҷамъияти ҷаҳон- наздик ба 5,5 миллиард нафар- дар минтақаҳое сукунат хоҳанд дошт, ки ҳар рӯз бо ин гуна фишорҳо рӯ ба рӯ хоҳанд буд.
Бино ба ояҳои қуръонӣ падидаи осмонӣ будани об бо он ованд ҳам ба субут мерасад, ки он бо олами абадият пайванде ногусастанӣ дорад. Тасвирҳое аз Биҳишт, ки ҷойгоҳи ухравии некукорон аст, дар Ин Китоб вуҷуд дорад, ки ҷараёни зиндаи обҳои ширину зулолро дар ҷаҳони минуӣ ба мо башорат медиҳад.
Худои Мутаъол борҳо аз оби борон ҳамчун эҳёгари Замин ёд мекунад, ки сарсабзиҳову хуррамиҳо, зебоиҳову шодобиҳо марбути он аст. «ӯст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва бад-он гиёҳ мерӯяд ва чорпоёнро мечаронед. Ва бо он бароятон киштзор ва зайтуну нахлҳо ва токистонҳо ва ҳар навъ  мева бирӯёнад. Дар ин ибратест барои мардуме, ки меандешанд». (Наҳл, 10-11).
Об ба ҳар ранге ки ҳаст, зинданамояндаи заминҳои мурда аст, барподорандаи ҷангалҳои анбӯҳ, гулистонҳои атрафшон, полезҳои босафо ва боғҳои бошукӯҳ аст, поксозандаи чиркҳову олудагиҳост, паҳнкунандаи оксиген аст, навидбахшандаи саломат аст. Об ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳи инсонро аз зиштиҳову палаштиҳо пок месозад, зудояндаи андӯҳҳо ва армуғонбахшандаи шодиҳост.
Обро мардуми тоҷик муқаддас мешуморад, ки ин нукта ҳам аз Қуръон ва ривоёти исломӣ сарчашма мегирад. (Зимнан посдориву арҷгузории чаҳор унсур дар Авасто ҳам вуҷуд дорад). Ҳикмати азиздошти об ба он мафҳум аст, ки бо чашми басират ба ин моддаи ҳастизо нигоҳ кунем, ба он арзиши азим қоил бошем, онро пок шуморему пок нигоҳ дорем ва даруну беруни он қудрату ҳикмату азамати илоҳиро бибинем ва мудом шукргузор бошем.
Имрӯз оби олуда мушкилест, ки рӯзона ҳазорон нафар аз мардуми дунёро ба коми марг мекашад ва омили он набуди назорат бар захираҳои обист. Баррасии муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Барномаи рушди Созмони Милал нишон медиҳад, ки рӯзона дасткам  даҳ ҳазор нафар аз мардуми ҷаҳон бар асари бемориҳои сарзада аз оби олуда ҷон месупорад. Ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки ин як мусибати ҷаҳонии ношинохта аст ва куштори он бамаротиб аз бемории СПИД ва тамоми ҷангҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон ҷараён дорад, бештар аст.
Аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид оби нӯшидании солимро ҷузви ҳуқуқи башар ба ҳисоб овардааст. Дар Эъломияи ин созмон омада: «Бояд ба об ҳамчун фаровардаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигарист, на он гуна ки имрӯз ба он ба ҳайси колои иқтисодӣ нигоҳ мешавад». Бегумон, қарор додани ҳаққи баҳрабардорӣ аз об дар миёни ҳуқуқи башар иқдоме муҳим ва зарурӣ барои дастёбӣ ба зиндагии солим ва шоистаи шаъну шарофати инсонист.

А. СОЛЕҲИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед