| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
ҳуқуқ
Масъулияти судҳо боз ҳам баландтар гардид
Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар ин замина Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.
Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки ҳокимияти судӣ ҳамвора таҳким ва густариш ёбад.
Аз ин лиҳоз судяҳои ҷумҳурӣ, бахусус судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат дар баробари дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 сармашқи кори худ қарор дода, барои татбиқи дастуру супоришҳои дар он зикргашта саъю талош меварзанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар ҳар як паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин рукни ҳокимияти давлатӣ диққати махсус медиҳанд. Дар пайёми имсола низ Президент дар баробари таҳкими самтҳои аосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҳокимияти судӣ баҳои сазовор дода, аз ҷумла зикр сохтанд, ки «Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад».
Хотирнишон месозем, ки илҳомбахш ва ташаббускори бевоситаи таҳия, қабул ва давом додани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар кишварамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бесабаб нест, ки қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли ҷорӣ ба салоҳияти суд вогузор карда шудаанд.
Дар ин маврид дар Паёми Президент омадааст: «Тағйироти мазкур салоҳияти судҳоро боз ҳам васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд месозад ва аз ин рӯ, зарур аст, ки дар бораи пурзӯр намудани талабот ҳангоми интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд».
Президенти мамлакат давом додани ислоҳоти судиро зарур шумурда супориш доданд, ки Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ масъалаи минбаъд ба мансаби судягӣ бемӯҳлат таъйин намудани судяҳое, ки дар ин мансаб зиёда аз даҳ сол фаъолият намуда, худро ҳамчун судяи кордон ва босалоҳияту поквиҷдон нишон додаанд, мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳа пешниҳод намоянд.
Ин иқдоми Сарвари давлат, бешубҳа, судяҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла судяҳои суди шаҳри Ваҳдатро рӯҳбаланд намуда, моро вазифадор месозад, ки баҳри баланд бардоштани мустақилияти ҳокимияти судӣ, таҳкими қонуният, беҳдошти фаъолияти худ дар амалисозии адолати иҷтимоӣ бо дарки масъулияти баланд софдилона хизмат кунем.
Айни ҳол дар суди шаҳри Ваҳдат панҷ нафар судя ҳамарӯза зимни баррасии парвандаҳои судӣ талаботи Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқ қарор дода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя карда, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.
Судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суд баробари сари вақт ва сифатнок баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва маводи муассисаҳои ислоҳӣ ба гузаронидани мурофиаи сайёри судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон диққати махсус медиҳанд. Ҳамзамон онҳо дар вақти баррасии парвандаҳои судӣ ба сабаб ва омилҳои содиршавии ҷиноят, қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷчӯҳи хос зоҳир карда, бобати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ошкоршуда ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд. Гузашта аз ин, ҳангоми баррасии парвандаҳои судии мушаххас судяҳо ҷиҳати ҷалб намудани диққати роҳбарони корхонаю муассисаҳои алоҳида, раисони деҳот, мудирони муассисаҳои таълимӣ таъиноти хусусӣ бароварда, бобати бартарафсозии нуқсонҳои мавҷуда муваззафашон месозанд.
Самти муҳими фаъолияти судиро вохӯрию мулоқотҳо бо мардум ташкил медиҳад. Суди шаҳри Ваҳдат бобати иҷрои супориши Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси он ки «баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад», нақшаи чорабиниҳои мушаххас омода сохтааст. Мо қабули шаҳрвандонро дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар корхонаю ташкилот ва муассисаю мактабҳо вохӯрию мулоқотҳо доир менамоем. Танҳо дар давоми як моҳи охир роҳбарияти суди шаҳри Ваҳдат 108 нафарро қабул карда, ба онҳо дар ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ маслиҳатҳои судманд дод.
Суди шаҳри Ваҳдат бо прокуратураи шаҳр ва шӯъбаи корҳои дохилӣ робитаи зичи ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ, қаллобӣ ва дигар қонуншиканиҳо тадбирҳои муассир андешида, барои таъмини адолати судӣ, оромии ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон пайваста талош хоҳад кард.
С. ХОЛМАТОВ,
раиси суди шаҳри Ваҳдат
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|