| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Дигаргуншавии муҳити зист оё фоҷиа аст?
Аз соли 1972-юм ин ҷониб 5 июн чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Ин сана аз он ибтидо гирифтааст, ки дар садсолаи охир фаъолони ҳифзи муҳити зист барои нигоҳдошти захираҳои табиат, ки торафт коҳиш ёфта истодаанд, мубориза мебаранд.
Дигаргуншавии муҳити зистро ҳамчун фоҷиа низ метавон баҳо дод ва арзёбӣ кард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам баъди соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидан чун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зиёд ба амал бароварда мешаванд.
Дар робита ба ин хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз бо чанд савол ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар Ойхон Шарифова муроҷиат кард.
-Ойхон Тоҳировна, дар шароити кунунӣ дар бораи ҳифзи табиат хеле зиёд ҳарф мезананд. Ин проблема то чӣ андоза муҳим аст?
-Мо фалокатҳои офатҳои табиатро қариб дар ҳама ҷо ва ҳар рӯз мушоҳида карда истодаем. Сел, ярч, бодлесӣ, биёбоншавӣ, тундбодҳо ба табиат, ба шаҳру деҳот, ба киштаҳо ва роҳу пулҳо хисороти калон мерасонанд. Бар замми ин боз фоҷиаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳастанд. Фоҷиаи баҳри Арал дар минтақаи мо ҳаҷман бузург ва қариб, ки ислоҳнашаванда гардидааст.
Ба мақсади назорати доимӣ ҷорӣ намудан ба ҳолати муҳити атроф аз таъсири бади беруна мебояд фаъолияти хоҷагидорӣ беҳ ва истифодаи самараноки захираҳо дуруст ба роҳ монда шаванд. Ҳамаи ин вазифаҳоеанд, ки Ҳукумати кишвар ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист вогузоштааст.
Азбаски 93 фоизи ҳудуди мамлакати моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистемаи нозуки кӯҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
-Дар иртибот ба гуфтаҳо кумита иҷрои кадом вазифаҳоро бетаъхир мешуморад?
-Аз рӯи Низомнома, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, ба зиммаи кумита ӯҳдадориҳои зайл: гузарондани сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар бобати ҳифзи муҳити зист; ба роҳ мондани назорати давлатӣ барои ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиат; тариқи қонунгузории ҷорӣ муайян кардани зарар ва ҷаримабандӣ; меъёр барои истифодаи бойигарии табиат; иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳо дар бобати истифодаи бойигариҳои табиат; назорати ҳудудҳои ба таври махсус ҳифзшаванда; гузарондани ташхисҳои давлатии экологӣ гузошта шудааст.
Кормандон бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз иҷрои вазифаҳо бо сарбаландӣ баромада, дар ин бобат чӣ дар минтақа ва чӣ дар ҷаҳон натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
-Шумо дар бораи дастгирии Ҳукумати кишвар барои ҳифзи муҳити зист ёдовар гаштед. Акнун мегуфтед, ки проблемаҳои ҳифзи табиат дар мамлакат чӣ гуна ҳалли худро меёбанд ва Ҳукумати кишвар барои барқарорсозии бойигариҳои табиат чӣ чораҳо андешида истодааст?
-Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои иброзгашта диққати зарурӣ дода мешавад. Ба ин мақсад базаи соҳа мустаҳкам карда шуда, барои ҳифзи муҳити зист қонуну қарорҳои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ба тасвиб расидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Муҳофизат ва истифодаи ҳавои атмосфера», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва ғайраҳо мисоли равшани гуфтаҳост.
Ҳамчунин Барномаи давлатии экологӣ дар давраи солҳои 2009 – 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии экологӣ оид ба додани маълумот ва тарбияи экологӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи миллии амал барои ҳифзи муҳити зист, Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои ба таври махсус ҳифзшаванда, Барномаи давлатӣ оид ба нигоҳубин, ҷамъоварӣ ва коркарди растаниҳои табобатӣ ва тайёр кардани доруҳо қабул шудаанд, ки самти асосии фаъолияти моро дар даҳсолаи охир муайян месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба бисёр созишномаҳои байналмилалӣ шомил гаштааст ва иҷрои онҳоро таъмин месозад. Инҳо конвенсияҳо дар бораи гуногунии биологӣ, дар бораи ҳифзи қабати озон, мубориза бо биёбоншавӣ, оид ба тағйирёбии обу ҳаво мебошанд. Ҳадаф аз қабули ин конвенсияҳо ҳифз, барқарорсозӣ, такрористеҳсолкунӣ ва истифодаи самараноки бойигариҳои табиат ба шумор меравад.
-Дар ҷумҳурӣ, бахусус дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда оид ба ҳифзи табиат чӣ чорабиниҳои мушаххас анҷом мепазиранд?
-Мавриди зикр аст, ки дар солҳои охир ҳифзи табиат бештар аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда, доираи васеъро дар бар мегирад. Ба шарофати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар беҳ гаштани ҳолати муҳити зист ба мушоҳида мерасад.
Дар мамлакат мамнӯъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум» ва «Зоркӯл» номнавис гашта, беш аз 173 ҳазор гектар масоҳат доранд. Дар ин мамнӯъгоҳҳо баробари ҳифзи захираҳои табиат, инчунин корҳои илмӣ бурда мешаванд. Боғи миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масоҳати беш аз 2,6 миллион гектарро дар бар гирифтааст, ки дар ин ҷо тамоми набототу ҳайвонот дар шакли аввалия ҳифз мегардад.
Дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки дар ҷаҳон ягона мавзеи дорои маҷмааи биёбонию тӯғайзор аст, тамоми мавҷудоти зинда ва рустаниҳо зери назорати давлатӣ гирифта шудаанд. Дар соли 2008 барои дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани он каналҳоро тоза намуда, кӯлҳои мавҷуда сероб гардонда шуданд. Чандест, ки дар «Бешаи палангон» 15 сар оҳуи бухороӣ нигоҳубин карда мешавад, ки давраи карантинро аз сар гузарониданд. Ҳамчунин дар ин ҷо барои мурғҳои зебои даштии тоҷикӣ ҷой тайёр кардаанд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист баҳри нигоҳдошти ҳайвоноту наботот бо Барномаи рушди СММ то соли 2015 ҳамкорӣ дорад. Аз ҳисоби ин созмон масоҳати мамнӯъгоҳ то 65 ҳазор гектар васеъ мегардад.
Ба наздикӣ дар мамнӯъгоҳ шумури ҳайвоноту парандаҳо гузаронида шуд. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки саршумори оҳуи бухороӣ, гурбаи бешагӣ, мурғи даштии тоҷикӣ, ҷейран ва ғайраҳо афзудааст.
Корҳои барқарорсозӣ дар мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», воқеъ дар Помири Шарқӣ, низ идома дорад. Ба ин ҷо дар фасли зимистон аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ парандаҳо меоянд. Дар ин ҷо архар (гӯсфанди Марко Поло), бабри барфӣ, улари тибетӣ, бузи кӯҳӣ, хирс ва дигар намуди ҳайвонот умр ба сар мебаранд ва афзоиш меёбанд.
Хулоса, тавассути тадбирҳои мушаххаси судманди Ҳукумати кишвар дар мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ҳодисаҳои барқасдона нобуд кардани ҳайвоноту парандаҳо хеле коҳиш ёфта, пеши буридани дарахтон гирифта, барои рушди олами наботот шароит муҳайё шудааст.
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|