| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Пиряхҳои Федченко ва «Хирсон»-ро набояд фаромӯш кард
Борҳо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишварамон, дар суханрониҳои худ иброз доштанд, ки пиряхҳо, аз он ҷумла лозурҳои азамати Федченко ва «Хирсон»-и ноҳияи Ванҷ, дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бузургтарин, бебаҳотарин сарвати табиии мамлакат ба шумор мераванд. Пиряхҳо манбаи пурқиматтарини оби нӯшиданӣ на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошанд.
Пиряхи Федченко азимтарин лозур дар тамоми сайёра аст, ки 77 километр дарозӣ, бештар аз 7 километр паҳно ва 500 метр ва дар баъзе минтақаҳо то ба 1 километр баландӣ дорад. Пиряхҳои «Хирсон» ва «Абдулқаҳҳор» низ дар бузургӣ, паҳноӣ ва дарозию баландӣ дар Помир ҳамто надоранд.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир бодҳои ғуборолуди намакин аз ҷониби биёбонҳои наздики баҳри Арал ва дигар минтақаҳои биёбонии Осиёи Марказӣ лозурҳоро хеле зиёд об карда бошанд ҳам, онҳо боз ҳам дар мақоми бузургӣ ва боҳашаматии хеш қарор доранд.
Дар тӯли сад соли охир аз ҷониби олимони рус ва мутахассисони дигар мамолики хориҷӣ вазъи пиряхҳо мунтазам омӯхта мешуд. Ҳар як ҳаракати ин лозурҳо дар айёми сарди фасли зимистон ва ҳам дар гармтарин рӯзҳои тобистон мавриди омӯзиши васеъ ва ҳаматарафа қарор мегирифт. Дар домони пиряхи Федченко таи солҳои тӯлонӣ маркази тадқиқотии пиряхшиносии «Хрустал» ва болотар аз он ҳамин гуна маркази омӯзишии «Далный» созмон ёфта буд ва ҳамарӯза маълумотҳоро дар хусуси ҳолати лозурҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Москва ва Хоруғ медоданд. Моҳе ду маротиба коршиносон тариқи чархболҳо дар болои лозурҳо тадқиқот бурда, наворбардорӣ мекарданд ва вазъи пиряхҳоро сурат мегирифтанд. Ҳамасола дар айёми тобистон чандин гурӯҳҳои олимон ба марказҳои тадқиқотӣ омада, ба омӯзиш машғул мешуданд. Гурӯҳҳои зиёди геологӣ дар чорсӯи минтақаҳои ҷойгиршавии лозурҳо канданиҳои нодири зери пиряхҳо ва кӯҳҳои гирду атрофи онҳоро кашф мекарданд.
Шоҳгадо Иброҳимов, ки он солҳо муовини раиси кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи ноҳияи Ванҷ буд ва ҳоло собиқадори меҳнат мебошад, нақл мекунад, ки дар он даврон муассисаҳои геологӣ дар ихтиёри худ техникаи пуриқтидори роҳсозӣ низ доштанд ва қитъаи роҳи қариб 50 километраи Ғуҷоваст –Пои Мазор -подомони пиряхҳои Федченко ва «Хирсон»-ро тахту ҳамвор мекарданд. Чор пули мошингузар сохтанд ва аз ҳама муҳимаш он буд, ки тамоми фаслҳои сол ба марказҳои тадқиқотӣ ва омӯзишии «Хрустал» ва «Далный» роҳи мошин кушода буд. Хулоса, баҳри аз ҳолат ва вазъи лозурҳои азамати болооби рӯдхонаи Ванҷоб хабар гирифтан тамоми тадбирҳо андешида мешуданд. Натиҷаи фаъолияти бонизоми тадқиқотчиён, геологҳо, ҳамкориҳои ҳукумати вақти ноҳия ва вилоят бо чунин ташкилотҳо буд, ки борҳо пиряхҳо, алалхусус забонаҳои азими лозури Федченко, «Хирсон» пеши роҳи дарёчаи Абдулқаҳҳорро баста буд ва кандашавии оби ҷамъгардида дар омезиш бо яхпораҳои азим гарчанде ба киштзорон, роҳҳо, пулҳо, маҳаллаҳои истиқоматӣ (ва ҳатто соли 1973 тайёраи мусофирбареро низ аз фурудгоҳи Ванҷ бурдааст) зарари ҷиддӣ расонида бошад ҳам, лекин хушбахтона, ба ҷони одамони соҳилнишини рӯдхонаҳои Ванҷоб ва Панҷ хавфе эҷод накардаанд.
Мутаассифона, имрӯз омӯзиши пиряхҳо он тараф истад, ҳатто аз вазъ ва ҳоли ин лозурҳои аз як тараф фоидаовар ва аз ҷониби дигар хеле зараровар қариб касе хабар намегирад. Роҳҳо ва пулҳо бошанд дар вусъатободи роҳи қариб 30 километраи Пои Мазор –Абдулқаҳҳор тайи бист соли охир вайрону валангор гаштаанд. Аз рустои Пои Мазор то наздикии лозурҳо дигар нақлиёти автомобилӣ ҳаракат карда наметавонад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки одамони беинсоф ва бадкор дар солҳои муташанниҷ иморатҳои марказҳои тадқиқотии «Хрустал» ва «Далный»-ро вайрону валангор карда, таҷҳизот, чӯбу тахтаи ин биноҳоро ба яғмо бурдаанд. Ҳоло аз вазъи пиряхҳо танҳо шикорчиён ва шахсони табиатдӯсти деҳоти водии Ванҷи боло хабар мегиранду халос.
Рустам Ёдгоров, раиси деҳоти Рованд, деҳшӯрое, ки лозурҳои азамати Федченко ва «Хирсон» дар қаламрави он ҷойгиранд, чунин иттилоъ дод, ки бо супориши раиси ВМКБ Қодири Қосим сари чанд вақт, алалхусус, дар рӯзҳои гарми тобистон, сокинони деҳоти Пои Мазор ва Ванван ба домони пиряхҳо рафта, мунтазам аз ҳолати лозурҳо бохабар мешаванд. Онҳо ин масофаи тӯлонии роҳи кӯталро пиёда мепаймоянд. Рафту омади бошандагони мардуми наздики лозуршини Ванҷи боло ҳоло ягона манбаест, ки аз вазъи лозурҳо аҳолии ноҳияи Ванҷро хабардор мекунанд.
Ба андешаи ҳам роҳбарони вилоят ва ҳам ноҳияи Ванҷ барои аз вазъи лозурҳо сари вақт хабар гирифтан пеш аз ҳама роҳи қариб 30 километраи Пои Мазор –Абдулқаҳҳоро тоза карда, пулҳоро барқарор намудан зарур аст. Баҳри ба ҷо овардани ин амали хайр қудрат ва тавоноии муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ намерасад. Зеро ин корхона бо се булдозери кӯҳнааш танҳо метавонад роҳи бештар аз 75 километраи Рохарв –Поимазор –Ванванро дар ҳолати истифодабарӣ нигоҳ дорад.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки баъди заминларзаи шадиде, ки 2 январи соли 2010 дар қисмати мобайни ноҳияи Ванҷ рух дод, алҳол барои онҳое, ки бесарпаноҳ монданд, дар соҳили рудхонаи Ванҷоб ва дарёи Панҷ истиқоматгоҳ месозанд ва шаҳрчаи нав бояд то рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад. Вале кӣ кафолат дода метавонад, ки аз нав кандашавии пиряхҳо, баста гаштани маҷрои рӯди Абдулқаҳҳор ба ин шаҳрчаи навбунёд зараре намерасонад. Бе лағжиши пиряхҳои Федченко ва «Хирсон» низ тайи солҳои ахир дарёи Панҷ ва рӯди Ванҷоб дар мавзеи Овринги Баравн ва қарибии корхонаи асфалтбарории мавзеи Сурхсангов роҳҳоро шуста бурдааст. Пас лозурҳо канда шаванд, чӣ мешуда бошад?
Ҳоло аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ маблағҳо ҷудо гардида, соҳилҳои дарё, канораҳои роҳи мошингарди Дарвоз –Хоруғ –Ванҷ мустаҳкам карда мешаванд, аммо мутасаддиён ба ин амали хайр хеле дер оғоз бахшиданд. Зеро, ба андешаи коршиносон, мавҷҳои хурӯшони дарёҳои Панҷ ва Ванҷоб ин сангҳои ҷамъшудаи ба соҳили дарёҳо партофтаро ҳам шуста бурда метавонанд.
Ин ҷо боз саволе ба миён меояд, ки чаро ба ин кор дер сар карданд? Магар мумкин набуд, ки ин амалро фасли зимистон, ҳангоми камобии дарёҳо ба ҷо меоварданд? Чи илоҷ, чунин расм шудааст, ки вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ қариб ягон кореро пеш аз вуқӯи ҳодиса ба ҷо намеоранд, ҳатман баъди сар задани воқеа ба ин кору амал мечаспанд.
Хулоса, вақти он расидааст, ки аз ҳолу вазъи пиряхҳои Федченко ва «Хирсон» мутасаддиёни соҳа мунтазам хабар гиранд. Роҳҳо ба ҷониби лозурҳо аз сари нав барқарор шаванд. Дар деҳоти соҳилҳои рӯдхонаҳои Ванҷоб ва Панҷ таҷҳизоти огоҳкунанда аз ҳолати кандашавии пиряхҳо гузоранд. Зеро лозурҳо, ин манбаи бебаҳои обҳои нӯшиданӣ саҳлангорӣ ва бепарвоиро намеписанданд, онҳо метавонанд ва қодиранд, ки дар баробари ба инсонҳо хизмат намудан, ҳамчунин зарарҳои гӯшношуниде низ ба бор оранд. Аз ин хотир, пиряхҳои Федченко ва «Хирсон»-ро соате ҳам набояд фаромӯш кард.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|