logo

маориф

Раванди таълимро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид созем

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаҳои муҳими соҳаи маорифро дар бар гирифта, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногунро мушаххас  кардааст. Тавре ки аз Паём бармеояд, ба зиммаи  омӯзгорони кишвар  ҳалли вазифаҳои муҳиме, ки ба  рушди  соҳаи маориф ва омода сохтани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир нигаронида шудаанд, вогузор гардидаанд. 
Бо мақсади  рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани  сатҳи тафаккури  техникиву технологӣ  дар ҷомеа бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълими фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникаву технологияи нав диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро масъалаи баланд бардоштани маърифати техникии ҷавонон дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва рақобати бозорӣ  ба масъалаи муҳим ва ҳалталаби замони муосир табдил ёфтааст. Муҳимияти ҳалли масъалаи мазкурро ба назар гирифта, Сарвари давлат дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: «Дар  ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд аст, ҳар гуна рафтори эҳсосотӣ ва дасисаву иғво натиҷа намедиҳад».
Масъалаи баланд бардоштани маърифати техникии ҷавонон ва дараҷаи ҷавобгӯй будани малакаи тахассусии онҳо ба талаботи муосири бозори ҷаҳонии меҳнат асосан ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ вогузор гардидааст.
 Солҳои охир бо саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи таҳсилоти олии касбӣ  инкишоф ёфта, дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд. Вале, тавре ки  Сарвари давлат дар Паём қайд кардааст,  сатҳи касбии хатмкардагони  мактабҳои олӣ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат пурра ҷавобгӯй нест,  имрӯз мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои якхела дар чанд мактаби олӣ  бе назардошти ниёзмандии воқеии иқтисоди миллии мамлакат омода карда мешаванд. Илова ба ин,  дар Паём нокифоя будани мутахассисон ва заминаҳои таълимиву методӣ барои тарбияи кадрҳо аз рӯи як қатор ихтисосҳои зарурӣ  зикр ёфтааст.
Дар ҳақиқат,  шароити бамиёномадаи иқтисодӣ ва талабот дар бозори ҷаҳонии меҳнат  аз мутахассиси ҷавон  маҳорат ва  тахассуси баланди касбӣ,  донишу  ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти мутобиқшавӣ  ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияи навтаринро талаб мекунад.  Бо дарки амиқи масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  ба Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои илмӣ доранд, пешниҳод намудааст, ки  тамоми имконоти мавҷударо муттаҳид карда, онро   ба рушди илмҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияи нав сафарбар  созанд.
Бо назардошти  талаботи иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони соҳаи молияву иқтисод 18 июни соли 2009 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 345 дар заминаи Коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе, ки куҳантарин муассисаи таълимии миёнаи касбӣ буда, дар давоми фаъолияти худ ҳазорҳо мутахассисони зинаи миёнаи касбиро барои хоҷагии халқи кишвар  омода сохтааст,   муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи молияи Тоҷикистон» таъсис ёфт. Муассиси таълимгоҳи мазкур  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсад аз таъсиси донишкада  тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода сохтани мутахассисон барои сохтору мақомоти молияву иқтисоди  кишвар  мебошад. Бо мақсади татбиқи сиёсати молиявии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иҷрои дастуру пешниҳодҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишкадаи молияи Тоҷикистон  тасмим гирифтаанд, ки  дар оянда ин таълимгоҳи  навтаъсис ба Маркази ҷумҳуриявии  таълимиву илмии   соҳаи молияшиносӣ мубаддал гардад. Қобили зикр аст, ки дар самти мазкур донишкада бо Академияи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, сохторҳои байналмилалии молиявӣ, таълимгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаи мутақобила ба роҳ мондааст.          
Имрӯз дар Донишкадаи молияи Тоҷикистон аз рӯи 10 равияву тахассуси соҳаи молияву иқтисод мутахассис тайёр карда мешавад. Нақшаҳои таълимии донишкада  тибқи  меъёрҳои ҷаҳонӣ ва бо назардошти  комёбиҳо дар соҳаи илми иқтисодиёти ҷаҳонӣ таҳия гардида, усули кредитии таълим роиҷ аст.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои марбутаи буҷети давлатӣ, аз ҷумла, пардохтани андоз  таваҷҷӯҳ намуда, таъкид кард, ки дар ин самт баланд бардоштани фарҳанги андозсупории аҳолӣ ва махсусан ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷаро доро мебошад. Дар иртибот  ба ҳалли масъалаи мазкур дар радифи сохторҳои бонуфузи давлативу муассисаҳои таълимӣ мушаххасан номбар гардидани Донишкадаи молияи Тоҷикистон ҳайати устодон ва шогирдонро водор месозад, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва фаъолияти касбии худро ба   иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, равона созанд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар назди  Донишкадаи молияи Тоҷикистон курсҳои муҳосибӣ, омодасозии аудиторон, компютерӣ, омӯзиши забонҳо, ронандагӣ, корхонаи хурди табъу нашр, толори машқ ва ғайраҳо таъсис ёфтаанду дар хизмати донишҷӯён қарор доранд.
Президенти кишвар дар баромадҳои худ ҳамеша ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи нав диққати махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола Сарвари давлат бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала зикр намуд, ки: «Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ  ба яке аз меъёрҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мубаддал гаштааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо низ ин меъёрро дар ҷомеаи худ татбиқ кунем…»
 Дар ҳақиқат, шароити имрӯза аз мутахассиси ҷавон  на танҳо дониши касбӣ, балки донистани забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти мутобиқшавӣ   ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоиро тақозо дорад. Бо дарки амиқи масъалаи мазкур дар Донишкадаи молияи Тоҷикистон илова ба тадриси фанҳои тахассусӣ ба таълими забонҳои хориҷӣ ва  омӯзонидани истифода аз техникаву технологияи навтарин   диққати зиёд медиҳанд.     Имрӯз дар донишкада 3 синфи компютерӣ фаъол буда,  компютерҳо ба шабакаи  Интернет насб гардидаанд. Дар аввали соли таҳсили 2009-2010 барои истифодаи донишҷӯён китобхонаи электронӣ таъсис ёфт, дар он шакли электронии зиёда аз 15000 китоб ҷойгир шудааст,  бинои нави китобхонаи электронӣ барои 80 ҷой мавриди истифода қарор хоҳад  гирифт.
Яке аз воситаи муҳими омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи бозори ҷаҳонии меҳнат  ворид намудани раванди таълим  ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала раёсати Донишкадаи молияи Тоҷикистон бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Каримҷон Ҳусейнов тасмим гирифтааст, ки заминаи моддӣ-техникии таълимгоҳро  такмил дода, раванди тадрисро пурра дар асоси технологияи муосир  ба роҳ монад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат вазифаҳои муассисаҳои таҳсилотии кишварро дар самти тарбияи мутахассисони соҳибистеъдоду ҷӯянда  муқаррар намуда, аз ҷумла тазаккур додааст: «Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд».
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар самти такмили қобилияти пажӯҳишии  ҷавонони соҳибистеъдод имрӯз дар Донишкадаи молияи Тоҷикистон 5 маҳфили илмии донишҷӯён  таъсис дода шудааст. Инчунин ташкили аспирантура ҷиҳати пешбурди  фаъолияти илмӣ ва омода сохтани олимони соҳаи молияшиносӣ дар назар аст.
Раёсати донишкада ба ободонии таълимгоҳ ва муҳайё сохтани шароити мувофиқи таҳсил барои донишҷӯён кӯшиши доимӣ дорад. Дар давоми як соли фаъолият дар таълимгоҳ  ҷиҳати ободонии донишкада корҳои зиёди таъмириву тармимӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, соли 2009 раёсати  донишкада бо дастгирии бевоситаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   таъмири толорҳои фарҳангӣ ва варзиширо ба анҷом расонид.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мо, кормандони соҳаи маорифро ба фаъолияти баланди касбӣ ҳидоят намуда, водор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати рушду нумӯи Ватани азизамон саъю талош намоем.

Файзинисо ИНОМОВА,
устоди Донишкадаи
молияи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1280
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед