logo

номаҳо

"Чаро бозорҳои Истаравшан тобеи шаҳр нестанд", дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 4 апрели соли 2009 зери ҳамин сарлавҳа мақолае чоп шуда буд

Ҷиҳати санҷиши иддаои мақола аз тарафи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси раёсат С. Ғозибеков, сардори шӯъбаи бозорҳо А. Шодиев ва ҳуқуқшиноси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят М. Ҷавҳаров таъсис дода шуд ва онҳо бо муаллифи мақола мулоқот доир  намуда, онро дар ҷояш санҷиданд. Пас аз санҷиш, гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки иддаои муаллиф асос надорад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад.
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқии он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд. Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст».
Вобаста ба ин бозорҳои шаҳри Истаравшан ташкилотҳои мустақили ҳисоби хоҷагӣ буда, тобеи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд мебошанд ва тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ҳиссагузор буда, корҳои сохтмониву ободониро амалӣ менамоянд.

Сироҷиддин  ВАЛИЕВ,
раиси Раёсати  Иттифоқи
Тоҷикматлубот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 684

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед