logo

энергетика

Бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобиро дар кишвар вусъат диҳем

Бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург, босуръат ҷараён дорад. Чунончи, бо дастуру супориши Сардори давлат соли гузашта 50 нерӯгоҳи хурд ба кор даромад, ки даҳтои он барқи бодии хурд аст. Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергия чанде пеш ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, ки  дар оянда ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобии хурд пардохтанианд ва мукотибот бо давлати Кореяи Ҷанубӣ дар ин замина идома дорад.
 Қурбонҷон Кабутов, роҳбари маркази тадқиқи энергияи барқароршаванда, номзади илмҳои техникӣ, ҷиҳати бунёд ва самаранок истифода бурдани чунин нерӯгоҳҳо ба хабарнигорамон иброз дошт, ки нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ ва бодии хурд яке аз сарчашмаҳои таъмини аҳолии кӯҳистони кишвар бо барқ мебошанд.
Дар давлатҳои тараққикарда, хусусан Олмон барои истифодабарандагони ин навъи нерӯгоҳ имтиёзҳо муқаррар шудааст. Аз ҷумла насби онҳо ройгон буда, пардохти маблағи қарзӣ барои хариди он ба муддати панҷ сол тамдид карда мешавад ва барои хонаҳои истиқоматӣ онҳоро ҷузъи  сохтмон медонанд.  Мӯҳлати истифодабарии онҳо на кам аз 20-25 сол аст. Нерӯгоҳи барқи офтобиро вобаста ба талаботи истифодабаранда бо панелҳои офтобӣ, ки қувватнокиашон бо мегаватт ё киловатт ифода меёбад, муҷаҳҳаз мекунанд. Нерӯгоҳҳои барқи офтобии хурдро дар иқлими Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳо насб кардан мумкин аст. Ман шахсан дар насби понздаҳтои ин навъи нерӯгоҳ дар ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Мӯъминобод иштирок доштам. Шояд теъдоди онҳо имрӯз дар кишвар ба панҷоҳ расида бошад.
Дар бештари ноҳияҳои кишвар, хусусан тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон, деҳоти мавзеи силсилакӯҳҳои Ҳисор ва дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ насби ин навъи нерӯгоҳҳоро дар ҳар оила ногузир мешуморам.
Мувофиқи ақидаи олимон якрӯза нерӯи офтоб ба яксола талаботи инсон басанда аст. Бояд гуфт, ки нерӯгоҳҳои барқи обию бодиву офтобӣ аз назари экологӣ бехавф мебошанд.
Бисёр мехостам, ки истеҳсоли ҷузъи дастгоҳи чунин нерӯгоҳҳо дар кишвар ба роҳ монда шавад. Дастгоҳҳое, ки аз давлатҳои Олмон, ИМА, Ҷопон ва Чин оварда мешаванд,бояд аз ҷиҳати сифат камбудӣ надошта бошанд.
Ҳамчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкоронеро, ки бо овардани ин дастгоҳҳо машғул мешаванд, аз пардохти андоз озод намояд. Бо ин мақсад аз тарафи давлат грантҳо ҷудо карда шавад, ки мардум ҳавасманд гардад. Агар тавассути ВАО тарзи дурусти истифодабарӣ ва ҷалби сармоягузоронро барои бунёди онҳо ба роҳ монанд, аз манфиат холӣ нест.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1135
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед