| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
мулоқотҳо
Президенти Тоҷикистон Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт
14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морелро, ки баҳри иштирок дар мулоқоти вазирони адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон ба рушду нумӯи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо манфиатдор аст ва мо хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон бо он дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд», -гуфт Сардори давлат.
Пйер Морел дар навбати худ аз он, ки Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон ба тасвиб расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки «татбиқи амалии ин санад ба оғози марҳалаи нав дар муносиботи гуногунҷанба, аз ҷумла дар ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас боис мегардад».
Пйер Морел ҳамчунин аз омодагӣ ба нахустин ҷаласаи «Шӯрои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе бояд баргузор шавад, иттилоъ дода, ин ва дигар чорабиниҳои муштаракро «фоли нек аз оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуд».
Ба гуфти ӯ тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти раисони судҳои конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад.
Баргузоршавии чорабиниҳои сершумори сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир ва хусусан соли равон ба назар мерасад, нишона аз болоравии нуфузу эътибори ҷаҳонии кишвари мо маънидод гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба авзои кунунии Қирғизистон мубодилаи афкор намуда, изҳори умед карданд, ки тарафҳои даргир ҳарчи зудтар аз амалиётҳои ҷангӣ ва тахрибкорӣ даст кашанд ва баҳри барқарорсозии амнияту субот дар минтақаи ҷануби ин кишвар чораҳои муассир андешида шаванд.
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|