| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иқтисод
Дар домани Дашти Ново
Дар вусъатободи фосилаи роҳи бештар аз яксаду панҷоҳ километра дар мавзеъҳои Яхчи Сор, Зиғару Хостав ва Кеврону Пошхарв, дар ду тарафи роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз –Ванҷ марғзорҳое ҷой доранд, ки дарвозиён ин маконҳои сарироҳиро даштҳои Курговад, Ново, Содроғ, Сохинг, Ёгед, Паткуноб, Роғак ном мебаранд. Аксари ин заминҳои ҳамвор серхок ва баъзан санглоху беобанд.
Дар замони шӯравӣ чанде аз онҳо, ки масоҳаташон аз 5-10 гектарӣ зиёд набуд, тавассути насосҳои дизелӣ аз рудхонаи Панҷ обёрӣ мешуданд ва аксар дар онҳо ғалла ва хӯроки чорво кишт мешуд. Вале бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, бо сабаби нарасидани сӯзишворӣ насосҳои дизелӣ аз кор монданд ва тагдаштҳои сарироҳиро боз хору хас фаро гирифт.
Имрӯз, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ диққати калон дода мешавад, зарурияте пеш омадааст, ки ин тагдаштҳо аз сари нав эҳё гашта, истифода шаванд. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» таконе шуд барои истифодаи ин қитъаи заминҳо дар ин минтақаи камзамини Бадахшон.
Тайи ду соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, ёрии Вазорати кишоварзӣ, ҳамкории хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва соҳибкорон дар минтақаҳои поёнии ноҳия майдонҳои зиёди киштбоби канори роҳҳо аз хору хас тоза шуда, ба киштзор ва боғҳои мевадор табдил ёфтанд. Аз ҷумла дашти бекорхобидаи Ново, ки ба хоҷагии деҳқонии ба номи Зиёратшо Воҳидов тааллуқ дорад, дар наздикии деҳаи Вишхарв воқеъ буда, ҳоло дар ин ҷо тамоми намуди зироатҳо хуб нашъунамо меёбад.
- Се сол муқаддам бародарони соҳибкор Ҳикмат ва Исмат Неъматовҳо як қитъаи замини чакалакзорҳои Дашти Новоро ба иҷора гирифта, хоҷагии хусусии «Дашти Ново»-ро созмон доданд. Соли нахуст дусад бех ва солҳои минбаъда боз чорсад бех ниҳоли зардолу, себ, нок, гелосу олуболу шинонданд. Дар қитъаи дигари замини солҳо бекорхобида ғалла коштанд ва беш аз як тонна гандуму дувоздаҳ тонна хӯроки чорво захира намуданд.
- Соли гузашта аз заминҳои Дашти Ново ҷамъулҷамъ ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба даст овардем, -гуфт Ҳикмат Неъматов. Ҳангоми шинос шудан бо кору бори бародарони соҳибкор ва хоҷагии хусусии «Дашти Ново» ба хулосае омадем, ки барои бо об пурра таъмин кардани киштзорону боғоти он танҳо як амали муҳимеро ба ҷо овардан зарур аст. Тавассути лӯлаҳои полиэтиленӣ аз масофаи 2,8 километр аз оби рӯдхонаи Висхарвоб ба саросари заминҳои Дашти Ново об овардан мушкилие надорад. Боварӣ ҳаст, ки Дашти Ново ва боз даҳҳо домони тагдаштҳои дигари канори шоҳроҳи Абрешим тавассути ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вилоят ва ноҳияи Дарвоз ба киштзорони ҳосилхез, боғу бӯстон табдил меёбанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|