| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Мо чанд нафарем ва дар кадом шароит зиндагӣ мекунем?
Ба ин суол, ки барои ояндабинии ҷомеа, таҳияи ҳадафу барномаҳои давлатӣ хеле муҳим аст, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли равон дар саросари мамлакат баргузор мешавад, ҷавоб хоҳад гуфт.
Ташкилу баргузории ин маърака ба зиммаи Агентии омори назди Президенти мамлакат ва сохторҳои маҳаллии он вогузор шудааст.
Ба саволҳои хабарнигори «Ҷумҳурият» оид ба омодагӣ ба ин маърака сардори раёсати омори шаҳри Панҷакент Мунир Бегимов чунин посух дод:
- Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз тадбирҳои муҳимест, ки барои таъмини рушди ҷомеа, пешбинии роҳу равиши он зарур аст. Заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии он ҳанӯз соли 2005 дар қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта шуда, баъдан 4 июли соли 2006 қарори дигари Ҳукумат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» ба тасвиб расид. Дар ин қарорҳо вазифаҳои ҳамаи сохторҳои марбута ҷиҳати ташкилу баргузории маъракаи мазкур нишон дода шудаанд.
Яъне омодагии мо бо ба тасвиб расидани қарорҳои номбурдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз гардида буд. Ин кор зери назорати бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сурат мегирад. Бо қарори раиси шаҳр ҳайати комиссияи мусоидат барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил таъсис ёфта, ба он аз ҳамаи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ намояндагон шомил гардиданд. Бо ин қарор ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст.
То ба имрӯз тибқи нақша аз ҷониби комиссияи мусоидат ва раёсати омор, кумитаи заминсозӣ ва корхонаи фаръии байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳр нақшаи схематикии шаҳру деҳот таҳия гардида, кӯчаву хонаҳои истиқоматӣ, муассисаю корхонаҳо рақамгузорӣ карда, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар шаҳру деҳот пурра бозҳисобӣ карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҳайати 40 нафар сардори шӯъба, 159 нафар дастурдиҳанда – назоратчӣ ва 657 нафар ҳисобчӣ аз ҳисоби омӯзгорон, мутахассисони дигар соҳаҳо муайян карда шуданд.
Ҳоло корҳои омодагӣ ва омӯзонидани нафароне, ки ба гузаронидани ин маърака ҷалб мешаванд, идома дорад. Бо итминон гуфта метавонем, ки ин маъракаи муҳим дар шаҳри Панҷакент бо омодагии хуб ва дар сатҳи зарурӣ баргузор хоҳад шуд ва мо ба саволи чанд нафарем ва дар кадом шароит зиндагӣ мекунем, дақиқан ҷавоб гуфта метавонем.
Т. СОЛЕҲЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|