| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иқтисод
Боғи миллии Тоҷикистон, гӯспанди Марко Поло ва созмони ЮНЕСКО
Дар истилоҳи илми экология он маҳдудаи ҷуғрофиёии табиии ниҳоят густурдаву ноёберо боғи миллӣ гӯянд, ки аз сӯи давлат бо қонун мавриди ҳифозату таҷдид қарор бигирад. Дар аксари кишварҳои олам дар саропои асри XX боғҳои миллӣ созмондеҳӣ шуданд. Солҳои ҳаштодуми ҳамон аср дар маҳфилҳои илмии Тоҷикистон дар мавриди ташкили боғи миллӣ гуфтугӯҳо ҷараён дошт. Соли 1993 барои бунёдгузории Боғи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 1,6 миллион гектар тамоми асноду мадорики даркорӣ фароҳам омад ва музокироти расмӣ анҷом гирифт. Аммо вуқӯи ҷанги шаҳрвандӣ барои солҳо таҳаққуқи ин тарҳи умдаро ба даранг андохт. Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ азми росихро дар ин самт аз сар гирифт. Ду сол кори муттасил идома ёфт, то санадҳоро аз нав таҳия кунанд ва ҳамфикрӣ бо идороти марбута ҷараён дошт.
Ниҳоят Боғи миллии Тоҷикистон созмон ёфт, ки бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдараро дар оғӯши худ қарор дод. Қаламрави Боғи миллии Тоҷикистон маҷмӯаҳои табиии барҷастаи кӯҳсори Помирро дар худ гунҷоиш медиҳад, ки дар он азимтарин низомҳои кӯҳии Осиё ва ҷаҳон бо ҳам гиреҳ мехӯранд: Ҳиндукуш дар ҷануб, Сиёҳсангон (Қароқурум) ва Ҳимолой дар ҷануби шарқӣ, Кунлун дар шарқ, Олойу Тяншон дар шимол ва Паропомиз дар ғарб.
Баландтарин чакодҳои мавҷуд дар марзу буми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (7495 м) ва Озодӣ (7134 м), ложури Федченко (70 км)- калонтарин пиряхи олам ва Сарез- аз ширинобтарин дарёчаҳои ҷаҳон, ки тавонмандӣ дорад аҳолии Осиёи Марказиро яксара бо оби ошомидании тоза таъмин кунад ва дарёчаи Бузург (Қаракӯл- 380 км2) аз дилфиребтарину ҳаяҷонафзотарин ҷозибаҳои табиии ин сомон мебошанд. Дар ин сарзамини бошаҳомат ва пурҳайбат минтақаҳои табиии мутазоде чун гармсер (субтропикӣ) ва сардсер (кӯҳсори алпӣ), барфҳои абадӣ ва биёбонҳои кӯҳии пурвусъат шакл гирифтаанд ва кӯҳдараҳои танг дар иҳотаи қуллаҳои осмонбӯс истодаанд. Оре, Помир сарзамини тазодҳои ҷуғрофиёии беназир ва муаммоҳои таърихию этнографии бесобиқа аст ва Помири ховарӣ пас аз Тибет баландтарин кӯҳистони маскунии дунё ба шумор меояд.
Боғи миллии Тоҷикистон алъон 2,6 миллион гектар масоҳат дорад ва калонтарин густураи ҳифзшаванда дар Осиёи Марказӣ ва кӯҳистонитарин боғи миллӣ дар ҷаҳон мебошад. Масоҳати он 18 дарсади қаламрави умумии ҷумҳурӣ ва 60 дарсади қаламрави ВМКБ-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1938 ҷиҳати ҳифзи низоми зистмуҳитии нодири дарёвотҳои резишгоҳҳои Вахшу Кофарниҳон дар масоҳати 50 ҳазор гектар парадиз (мамнӯъгоҳ)-и давлатии «Бешаи палангон» созмондеҳӣ шуда буд. Он гоҳ дар он ҷо бабри тӯронӣ- шоҳи найистонҳо бо шукӯҳу салобат ҳокимият дошт, аммо ба ангезаи маҳдудияти сукунатгоҳу тағзияаш соли 1954 мунқариз шуд. Бо он ки ин парадиз тайи солҳо фарозу фурудҳое паймуд, имрӯз дар дунё ягонатарин маҷмӯаи найзориву биёбонии ҳифозатии минтақаи гармсери хушк мебошад ва дар он ҷонварони нодире чун тазарви тоҷикӣ, мурғи даштӣ, уқоби морхӯр, сусмор, кубро, гурза, гурбаи найзор, ҷирон (ғизол), кафтор, гӯспанди бухорӣ (уриал) ва гавазни бухорӣ (холгул) ба бақои худ идома медиҳанд. Баъдан гомҳои дигаре дар нигоҳдории олами табиат бо ташкили парадизҳои Ромиту Сарихосор ва чанд зистгоҳ ниҳода шуд.
Аммо бунёдгузории Боғи миллии Тоҷикистонро дар ин росто иқдоми таърихии ҷиддӣ бояд шумурд. Олами табиати ин ҷо мунҳасир ба фард аст ва дар он беш аз ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки манбаи доимии оби зулолу ширин мебошанд. Рӯдҳои Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Баландкик, Язгулон, Ванҷ, Мурғоб, Гудара, Аличур ва Помир дар ин сомон сарчашма гирифта, бо як ғалаёну хурӯш оби худро ба Панҷ мерезанд, ки дар навбати худ бо даромехтан бо Вахшу Кофарниҳон бузургтарин рӯдхонаи Осиёи Марказӣ- Омударёро ташкил медиҳанд, ки 2315 км дарозо дошта, миллионҳо одам ва миллионҳо гектар замини кишварҳои поёнобро шодоб месозанд. Дар қаламрави боғ беш аз 100 гуна рустанӣ ва ҷонвари махсусе мавҷуданд, ки дастае аз онҳо дар ҳолати нобудии тамом қарор доранд ва ҷо-ҷо бутазорҳои ангату зарбед ва ҷангалҳои анбӯҳи буруҷ (тӯс), рем (сафедори кӯҳӣ) ва чормағз вомехӯранд. Парандагони камёбе мисли зоғобӣ, увак (саҷда)-и тибетӣ, алокафтар, ёҳу, кабки ҳилол, шоҳин, лочини помирӣ, шоҳуқоб (бургут), мурғи ҳумо (ғаҷир), каргас (лошахӯр) ва ғози кӯҳӣ дар фазо парвоз мекунанд. Ҷонвароне назири сагобӣ, миримушон, рӯбоҳ, дала, суғур, нахчир (бузи кӯҳӣ), силовсин, гуроз (хуки ваҳшӣ) ва хирси мала бо садои хоса аз вуҷуди худ дарак медиҳанд.
Ду ҳайвони ин минтақаи ҳифозатӣ – гурги сурх ва шерпаланг ба Китоби сурхи ҷаҳон дохил шудаанд. Аммо тоҷи ифтихори Боғи миллии Тоҷикистон гӯспанди кӯҳист, ки бадахшиён онро архар ё ғулча мегӯянд. Бори аввал ин ҷонварро Марко Поло- сайёҳи дунёшумули итолиёвӣ дар илм тавсиф карда буд, ки дар асри XII аз шаҳри Венетсия бо азми ҷаҳонгардӣ бархост ва рӯ ба сӯи Ховарзамин, ба сӯи Чин ниҳод. Аз тариқи як шохаи Шоҳроҳи Абрешим, ки қалбаш он замон ҳанӯз метапид, бо убур аз Хуросони Бузург вориди водии Вахон гашт, бо рамаи ин гӯспанди ёбоӣ дучор омад ва онро дар сафарномааш муаррифӣ кард. Ва ҳамин тариқ архар бо номи гӯспанди Марко Поло шӯҳрат ёфт.
Дар поёни даврони шӯравӣ бо назардошти афзоиши аҳолӣ, саршумори бузу гӯспанд, шикори ғайриқонунии мунтазам ва коҳиши минтақаи сукунату тағзияи архарҳо зистгоҳҳои Зоркӯл ва Помир ташкил шуд.
Архар барои идомаи бақояш ба чарогоҳҳои бепоён ниёз дорад ва вобаста ба мавсим аз ҷое ба ҷое кӯч мекунад ва дар адирҳову нишебиҳои фарохи пуралаф, дар баландии беш аз 3500 м то 5000 м аз сатҳи дарё мечарад ва то хунукии 50 дараҷа тоб меоварад. Архар тӯъмаи асосии шерпаланг аст ва бо кӯчокӯчи архарҳо шерпалангҳо низ маҷбур ба кӯчишанд. Саршумори архар ҳар чи бештар бошад, саршумори шерпаланг рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод.
Соли 2002 дар минтақа тақрибан 12-14 ҳазор сар архар вуҷуд дошт. Аммо баъди ташкили Боғи миллӣ давлат соли 2007 шикори архарро муваққатан манъ кард. Пас аз ду сол бо пуштвонаи молии Анҷумани ҳамкории техникии Олмон (GTZ) муҳосибаи саршумори архар сурат гирифт. Мутахассисон бо навардидани ҳазорҳо километр ба натиҷаи ҳайратбахш даст ёфтанд: саршумори архар ҳудудан ду баробар афзоиш ёфта, ба 20-24 ҳазор расидааст! Боғи миллии Тоҷикистон шояд дар оянда зарфияти расониши саршумори архарро ба беш аз 100 ҳазор дошта бошад. Ин пажӯҳишро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ. Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Боғи миллӣ, парадизи Зоркӯл ва коршиносони байналмилалӣ ба иттифоқи ҳам анҷом доданд. Ба ақидаи таҳлилгарон, агар аз як ҷониб мораторийи шикори архар дар афзоиши саршумор мусоидат карда бошад, аз дигар ҷониб ба далели беҳбуди нисбии маишати мардуми сомон ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ коҳиш пайдо кард. Пеш аз эъломи мораторий Кумитаи муҳити зисти ҷумҳурӣ ҳар сол барои шикори архар то 40 адад парвона (лисензий) медод ва ҳар парвона 8-10 ҳазор доллар арзиш дошт.
Аз тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоноро» филми мустанаде дар ин хусус ба намоиш рафт ва тамошои гузари рамаи архари чандҳазорсара аз ёлаву фарозҳои Помири ховарӣ касро ба ҳаяҷон меовард. Ин филме боарзиш аст ва агар аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишварҳои саноатии пешрафта пахш шавад, бегумон сафи ҷаҳонгардон ва шикориёни сарватманде, ки дар дил ҳаваси сайру саёҳат ба Помирро мепарваранд, хеле афзун ва як манбаи даромад барои хазинаи давлат хоҳад шуд. Низ дар сурати хеле афзоиш ёфтани саршумори архар фурӯши гӯшти онро мисли гӯшти хашгов (қутос) метавон дар пойтахт ва баъзе маҳалот ба роҳ андохт, то дастраси умум гардад. Вале баҳри он ки сафи ҷаҳонгардон, шикориён ва кӯҳнавардон ба ҳақиқат рушд кунад, афзун корҳои зербиноӣ ва омӯзиши мутахассисонро ба манзури равнақи гардишгарӣ бояд анҷом дод. Минҷумла сохтусози як меҳмонсарои панҷситорадори Марко Поло дар шаҳри Хоруғ ба салоҳи кор аст.
Қаблан дар назар буд, ки Боғи миллии Тоҷикистон соли 2030 мақоми қаламрави биосфери (зисткурраӣ)-ро хоҳад гирифт ва дар феҳристи Мероси ҷаҳонии Созмони байналмилалии фарҳангӣ, омӯзишӣ ва парваришӣ- ЮНЕСКО шомил хоҳад шуд. Аммо бо талоши пайгири Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ интиҳои соли 2009 ҳайати озмоишии Шӯрои байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои ЮНЕСКО ба Тоҷикистон ташриф овард ва ҳангоми сафар ба Боғи миллӣ бо вижагиҳои мунҳасир ба фарди ин қаламрав ошноӣ ёфт ва санадҳоеро баррасиву мутолиа кард, ки фаъолияти ин минтақаи ҳифозатиро танзим мекунанд.
Ҳайат аз ҳамаи асноди таҳияшуда роҷеи шомилсозии Боғи миллии Тоҷикистон ба феҳристи Мероси ҷаҳонӣ истиқбол кард ва тасмими ниҳоӣ дар бораи вуруди ин минтақа дар иҷлосияи 34-умини Кумитаи Мероси ҷаҳонӣ гирифта хоҳад шуд, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Бразилия доир хоҳад гашт.
А. СОЛЕҲИЁН,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|