menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Ҳаёт аз ваҳдат аст

Чандест мардуми мо аз носозӣ, ҷангу пархош, қатлу хунрезӣ ва харобкориҳое, ки дар вилоятҳои ӯш ва Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя ба амал омадаанд, нохушанду ташвиш мекашанд. Вақте аз барномаҳои ахбори телевизион хурду бузурги ваҳшатзадаву гуреза, биноҳои дар оташи хашм, кинаву адоват сӯзону валангор, модарону падарони аз марги азизонашон сиёҳпӯшу ашкрезро мебинед, дил пора мешаваду ба фарёд меояд: сад  дареғ, ки ин мардум фирефтаи дасисаву найранги шайтон шуда, роҳгум задаанд, ақлро бохта, тамкину хиради инсониро аз даст додаанд. Бадбахтӣ ва рӯзи сиёҳ аст, ки ғуломи ҷаҳолат мешавӣ ва поси нону намаку хотирро фаромӯш карда, ба сари ҳамсояҳои дерину фарзандони онҳо теғ мебардорӣ, бо тири ноҳақ хуни инсонҳо мерезӣ, даст ба сӯхтору ғорату харобкорӣ мезанӣ.
Ин ғояти ҷаҳолату бехирадист, ки бадбахтона, мардуми мо ҷафои онро бисёр кашида буд. Ва ин ҳам пӯшида нест, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз он моҷароҳои хонумонсӯз то ҳанӯз бори шарму хиҷолат мекашад ва бо афсӯсу надомат шикасту рехти он вайронкориву  хонасӯзиҳоро дуруст мекунаду ба захми дилҳо даво меҷӯяд. Вале, ба қавли маъруф, шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон, аммо дили ранҷидаву озорёфтаро дубора хурсанд кардану ба даст овардан корест мушкил. Лек чи метавон кард, ки аз азал Худованд сарнавишти инсонро бо ғаму шодӣ, ташвишу оромиш сиришта: яке месозад, дигаре мешиканад, яке аз рӯи шарофат гул мекорад, дигаре аз касофати хӯву хислат поймолу хароб мекунад ва аз ҳама мудҳиш он аст, ки ҳазорон ҳазорро ба вартаи нокомиву бадбахтӣ тела медиҳад.
Мардуми мо, ки бар асари воқеаҳои нангини солҳои навадуми асри бист шӯриву талхии ҷангу ҷидоли шаҳрвандиро афзун чашидааст, мисли моргазидае, ки аз банди ало меҳаросад, аз рӯйдодҳои харобиовару мудҳиши ҷумҳурии ҳамсоя чун бародари холис бо қалби пурдард на танҳо афсӯс мехӯрад, балки аз дилу ҷон мехоҳад, ки ин ғубори кинаву кудурат ҳарчи зудтар аз байн бардошта шавад, ба ҷои рӯзҳои сиёҳ қадами мубораки сулҳу оромӣ боз ба кишвари ҳамсоя бирасад.
Банда бовар дорам, ки тамоми ҳамватанони азизам зимни дидани даргириву пархошҳои фоҷеабори мамлакати ҳамсоя, бо ашки ҳасрат фирор кардани мардуми озурдаву хонабардӯш, бори дигар имон ҳосил карданд, ки ваҳдати миллии бадастовардаи мо, тоҷикон, ки сездаҳумин солгарди онро бо ифтихор ҷашн мегирем, барҳақ дастоварди бузургтарини миллиамон ҳисоб меёбад.
Маҳз ҳамин Ваҳдат омили аз гирдоби фано раҳонидани Истиқлоли миллати тоҷик шуд ва мардуми аз ҷаҳлу нодонӣ ва фиребу найранги «ғамхорҳо» ба ҳамдигар душману кинавар, аз кирдорҳои зишт шармсору фирорӣ ва ё аз ноҳаққиву таҳқир ғарибу дарбадару парешонро дар хоку диёри аҷдодӣ ба ҳам овард.
Маҳз ҳамин Ваҳдат ба дили хурду бузург дубора умеди зиндагии тинҷу оромро ҷо кард.
Маҳз ҳамин Ваҳдат мардуми саросари Тоҷикистонро бо фарзандони қаҳриву ёғияш сари хони муқаддаси оштии Тоҷикистони азиз шинонд. Ва онҳо сари ин хон ба рағми душманони ҳасуду иғвоангез дасти меҳру вафо ба ҳам доданд, гуноҳҳои якдигарро бахшиданду кинаҳоро аз дил шустанд ва барои ободиву  сарсабзии  меҳани азиз камари ҳиммат бастанд.
Маҳз бо таҳкими сулҳу субот ҳамин Ваҳдат дар сарзамини азияткашидаи мо пойдор гашт, обрӯ ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Бисёр давлатҳои хурду бузурги дунё ба Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ барқарор карданд. Албатта, ин ҳама дар натиҷаи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон, талошу муборизаҳои бардавоми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки масъулияти ватандорӣ ваҳдатро истиқбол гирифтани мардуми заковатманди саросари кишвар ба даст омад. Ва имрӯз дастовардҳои ҷумҳурии мо дар бахши сиёсати дохиливу хориҷӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқ, бунёди иншоотҳои бузургу хурд, пулу роҳҳо, нақбу муассисаҳои тиббиву таълимӣ, ҳатто сохтмонҳои беҳисоби инфиродӣ, андӯхтани сарвату соҳиби мошинҳои гуногунтамға шудан ва ғайра маҳз меваи ҳамон ваҳдат аст. Яъне бе ваҳдати комил зиндагии созу гуворо ва саодату хушбахтии як оиларо ҳам наметавон тасаввур кард. Чӣ расад ба ҷомеаи бузурги як ҷумҳурӣ.
Бубинед, ба шарофати ваҳдат чанд соле пеш дар водии Рашт, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳоямон чи қадар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, корхонаву иншоот, боғу манзилгоҳҳо бунёд гардиданд. Ва чун дар ин рӯзҳо кас мебинад, ки ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар дурдасттарин ноҳияву деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардум бо ҳавсала ба созандагӣ машғуланд ва барои ба таври шоиста истиқбол гирифтани меҳмонон омодагӣ мебинанд, дил аз фараҳ лабрез мешавад. Оре, маҳз ваҳдати комил метавонад дилҳои мардуми моро ба ҳам наздик бикунад, кафшери дӯстиямонро то ҷовидон мустаҳкам созад, Тоҷикистони азизро саросар ободу сарсабз гардонад. Ва роҳи ягонаи саодати миллат ва пойдории давлат ҳамин ваҳдати комил мебошад. Ин ҳақиқатест чун офтоб рахшон. Э, кош арзиши бузурги ваҳдатро насли имрӯзу фардои Тоҷикистон донад ва онро чун омили ягонаи пойдории истиқлоли миллӣ, давлату давлатдорӣ ва шукуфоии ватану хушбахтии хеш мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Абдулҳамид Самад,
Нависандаи Халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед