menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иқтисод

Деҳае, ки се нерӯгоҳи барқи обӣ дорад

Деҳаи Пшихарви ноҳияи Ванҷ дар ҳашткилометрии роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ, дар фарози кӯҳҳои осмонбӯс воқеъ гардидааст. Сокинони ин русто солҳо боз аз бебарқӣ азият мекашиданд. 
Ба бахти сокинони Пшихарв ҳамдеҳаашон Давлат Қандов, ки дар овони бачагӣ бо ҳамроҳии волидонаш ба шаҳри Душанбе рафта буд,  аввали соли навадуми асри гузашта ба деҳа омад. ӯ ду рӯз дар русто сайру тамошо карда, рӯди калони кӯҳиро, ки аз канори деҳа мегузашт, рафта дид. Ба ҳамдеҳагон чизе нагуфта, рӯзи сеюм озими шаҳри Душанбе шуд ва пас аз як ҳафта бо як мошин бор ба деҳа баргашт. Дар бордони автомобил генератори тавлидкунандаи нерӯи барқ, лӯлаи калони оҳанин, чанд халта семент ва дигар таҷҳизоти техникии барқӣ буд. ӯ сокинонро даъват намуд, ки дар хобондани лӯла, васл кардани генератор ва сохтмони бинои он ширкат варзанд.
-Тӯли камтар аз як моҳ дар бунёди нерӯгоҳи хурди барқи обӣ заҳмат кашидем,- мегӯяд сокини деҳа Муҳаббат Қурбонов. -Ҳатто занон низ дар ин амали хайр фаъолона иштирок карданд. Рузе, ки нерӯгоҳ ба кор даромад, хурсандии аҳли деҳаро ҳадду канор набуд.
Ҳоло дар Ванҷ дар баробари нерӯгоҳи калони барқи обии маркази ноҳия нерӯгоҳҳои хурди барқи обии деҳаҳои Андарбек, Техарв, Пои Мазор,  ҷамъ 8 нерӯгоҳ бунёд ёфт, ки дар бахши ҳалли мушкилоти энергетикии сокинон хизмати калоне мерасонад. Аммо як чиз қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи нуздаҳ сол муқаддам бунёднамудаи муҳандиси соҳаи барқ Давлат Қандов дар рустои Пшихарв ба раванди бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ин диёри кӯҳистон ибтидо гузошт.
Давлат Қандов дар ҳалли боз як мушкилоти аҳли деҳа чорасозӣ намуд. ӯ болотар аз генератори якум дар канори дарёча таҷҳизоти тавлиди барқии дуюмро васл намуд, ки тавоноии он қариб 30 киловатт мебошад. Бо ин амал ва ҳиммати ҷавонмардонаи хеш Давлат Қандов бо чунин кори хайре мусоидат намуд, ки кормандони маркази пахши барномаҳои телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳаи Пшихарв таҷҳизоти пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро оварда васл карданд. Акнун бошандагони деҳаи Пшихарв панҷ сол мешавад, ки аз тамошои телевизион низ бархурдоранд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Пшихарв агрегати сеюм низ васл шуд. Ҳамин тариқ, деҳаи Пшихарв дар ноҳияи Ванҷ ва шояд дар Бадахшон ягона рустое бошад, ки се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дорад ва сокинони он аз кулли асбобу анҷомҳои барқӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки барои истифодаи барқ рустонишинони Пшихарв нуздаҳ сол боз як дирам ҳам ба касе пардохт накардаанд. Муҳандис Давлат Қандов нерӯи барқро ба ҳамдеҳагон ройгон медиҳад, ки ин  амали ҳимматбаландона мебошад.

Сироншоҳи Диловар,
хабарнигори «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед