menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Гузориш аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияҳои ВМКБ ба муносибати таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, 23-28 июни соли 2010

Субҳи 25 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ташриф оварда, нахуст ба сохтмони як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ оғози расмӣ бахшид ва бо намояндагони сершумори мардуми ин ноҳия мулоқот намуд.

Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи сохтмони як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ гузошт, ки иқтидори лоиҳавияш 2,5 ҳазор киловатт/соат буда, бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Олмон дар муддати кӯтоҳ бунёд меёбад. Барои сохтмони ин нерӯгоҳ харҷи 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни мулоқот бо мардуми ноҳия ҳамчунин зикр гардид, ки бо сохта ба кор дароварда шудани нерӯгоҳ мушкили барқтаъминкунӣ дар ноҳия пурра бартараф мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои таъмини доимии мардуми ин ноҳияи дурдасту баландкӯҳ ва дорои иқлими вазнин бо ангишту дигар навъҳои сӯзишворӣ, озуқаворӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод.
Мардуми ноҳияи Мурғоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талошҳои беназираш баҳри таҳкими фазои сулҳу оромӣ дар кишвар ва рушду нумӯи бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар ин минтақаи дурдасти баландкӯҳ арзи сипос карданд.
Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як барномаи варзишӣ-фарҳангӣ низ иштирок намуд. Зимни он ҷавонону духтарони маҳаллӣ ҳунарҳои аспдавонӣ ва мусобиқаҳои гуногуни човандозиро намоиш доданд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.
Боздиди Сарвари давлат аз деҳаи Вранг- дуртарин ҷамоати ноҳия, ки дар дараи овозадори Вахон ҷойгир аст, оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби нави замонавиро, ки бо 10 синфхона барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст,  мавриди истифода қарор дод.
Зимни дидор зикр гардид, ки дар назди ин мактаб то соли оянда боз як бинои дигар бо 8 синфхона бунёд меёбад ва дар он маҷмӯан барои 320 хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё мегардад.
Ҳангоми сӯҳбат бо мактаббачагони деҳа аён гашт, ки сатҳи донишомӯзиашон хубу ибратбахш аст. Хонандаи синфи 9 Фидои Юсуфбек, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони ҷавон аст, дар сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки худаш лоиҳаи як осиёи обиро таҳия намудааст ва мехоҳад онро дар деҳаи Вранг бунёд карда, ба мардум хизмат расонад. Сарвари давлат дар посух бо хушнудӣ изҳор дошт, ки маблағи бунёди ин осиёро аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад. Ба роҳбарият ва омӯзгорони мактаб дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи хуби навраси боистеъдод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, то ки оянда бо Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қабул шавад.
Дар ҳамин деҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ишкошим мулоқот намуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом дод. Тадбирҳои зиёде, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия татбиқ мегарданд ва барои оянда ба нақша гирифта шудаанд, боиси хушҳолӣ, сарфарозӣ ва сипосу қадрдонии мардуми Ишкошим гардид.
Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ   Раҳмон хатмкардаи порсолаи мактаби деҳаи Путупи ноҳия Софияи Давлатбек, ки табъи шоирӣ ва дониши баланд дорад, аз ҳисоби Квотаи президентӣ ба яке аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе қабул шуда, бо хобгоҳ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мегардад. Чунонки маълум шуд, ӯ соли гузашта ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шудааст, вале бо сабаби тангдастии оилаашон, таҳсилро давом дода натавонистааст.
Мардуми деҳа бо самимияту муҳаббати беандоза андешаҳои сипосу қадршиносии худро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназираш баён намуданд.
Худи ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим бинои нави осоишгоҳ ва якчанд иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бегоҳии 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошимро, ки дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо тарҳу нигоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд.
Дар доираи омодагӣ ба солгарди 13 – уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон  дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо харҷи 10 миллион сомонӣ 5 бинои нави иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр иншооти дигари табобату фароғат ва саёҳат бунёд ёфтаанд.
Яке аз 5 бинои нав меҳмонхонаи Сомон ТМ бо тамоми шароити замонавӣ мебошад, ки ба қабули ҳама гуна меҳмонони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонони олимақом мутобиқ аст.
Як бинои нави фароғатию табобатӣ бо шароити пешқадами замонавӣ бунёд ёфта, биноҳои пешина мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд.
Маҷмааи варзишии Гармчашма иборат аз майдончаҳои баскетбол, волейбол ва теннис буда, хеле зебо ва мутобиқ ба талаботи мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст. Дар паҳлӯи он ҳамчунин майдончаҳои  офтобдиҳии бадан алоҳида барои занон ва мардон мавҷуданд.
Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ҳамчунин дорои сомонаи интернетии garmchashma.tj мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ва эҳтиёҷмандони дохилию хориҷӣ омода гаштааст ва дар он тамоми иттилооти заруриро дар бораи кор ва шароити ин маҷмаа пайдо кардан мумкин аст.
Маҷмаа ҳамчунин якчанд микроавтобус дорад, ки барои аз фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба Гармчашма ва баръакс аз ин ҷо  то фурудгоҳ расондани мизоҷон ва бо хатсайрҳои сайёҳӣ гардондани сайёҳон  пешбинӣ шудаанд.
Имкониятҳои табобатию истироҳатии обҳои шифобахш ва табиати биҳиштосои ин мавзеъ ҳеҷ эҳтиёҷ ба тасвиру муаррифӣ надоранд, зеро ки манфиати фавқулоддаи онҳо натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики хориҷӣ маъруфу машҳур аст.

Субҳи 26 июни соли   2010   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ    Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави бахши Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва варзишгоҳи марказии ноҳия иштирок намуд.
Зимни шиносоӣ бо бинои нави бахши «Амонатбонк», аз ҷумла зикр гардид, ки дар он барои 21 нафар ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст. Гардиши пулии ин бонк дар ноҳияи Роштқалъа дар 5 моҳи соли равон 4,5 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ба қариб 500 ҳазор сомонӣ ва сандуқи қарзӣ ба 1,2 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Роштқалъа ифтитоҳ ёфт, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Варзишгоҳ ҳоло дорои 2800  ҷойи нишаст мебошад.
Месазад таъкид намуд, ки дар доираи омодагӣ ба  ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия ҳамчунин беш аз 30 иншооти дигари иҷтимоию маъмурӣ, аз ҷумла 2 мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар варзишгоҳи марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолон ва намояндагони  сершумори аҳолии ноҳия мулоқот намуд. Зимни суханронии Президенти мамлакат ва сӯҳбатҳои дилнишинаш бо мардум, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо ҳамин сол барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд. Баҳри дастгирии бештари соҳибкорони деҳоти кӯҳистон ҳаҷми карздиҳии хурди бонкӣ 2 баробар зиёд карда мешавад. Ба мактабҳои ноҳияи Роштқалъа дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ боз 60 компютери иловагӣ тӯҳфа мегардад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, то соли оянда дар ноҳия як мактаби замонавии мусиқӣ бунёд меёбад ва то ҷашни истиқлоли соли равон варзишгоҳи марказӣ бо ҷудо намудани маблағи иловагӣ боз ҳам ободу зеботар карда мешавад.

Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як хобгоҳи чорошёна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бинои нави телевизиони вилоятӣ, қасри ҷавонон ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зимни ифтитоҳ ва боздид аз хобгоҳи донишҷӯён, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бинои 4 – ошёна барои 480 нафар дар зарфи 2 соли охир бо харҷи 7,4 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта, ба истифода омода карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони дахлдор дастур дод, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зист, дарсомӯзӣ ва истироҳати донишҷӯён, хусусан духтарон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави телевизиони вилоят ифтитоҳ ёфт. Лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва куҳансолтарин собиқадору ҷавонтарин корманди телевизион бурида шуд.
Дар рафти шиносоӣ бо шароити корӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки  ин бинои нав бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, бо таҷҳизоти техникии муосири телевизионӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Тамоми таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои танзим ва пахши барномаҳо, студияҳои сабти намоишҳо аз технологияҳои муосири рақамӣ буда, ба осонсозии кори кормандон ва баланд бардоштани сифати техникӣ нигаронда шудаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин бино 15 ҷойи иловагии корӣ муҳайё мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио супориш дод, ки ба телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беҳ намудани фарогирии ҳамаи гӯшаҳои ин минтақаи фарохи баландкӯҳ илова ба  нақлиёти мавҷудааш боз 2 мошини дигар ҷудо намоянд.  Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои дар сатҳи баланди касбӣ наворгирӣ кардани манзараҳои нотакрори кӯҳистони Бадахшон  ва пешниҳод ба тамошобинон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Биноҳои нави телевизион, қасри ҷавонон ва даҳҳо иншооти дигар, ки дар шаҳри Хоруғ ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ бунёд ёфтаанд, ба кӯчаҳои ин шаҳри баландкӯҳ ҳусну тароват ва шукӯҳу шаҳомати хоса зам намудаанд.
Ифтитоҳи бинои 3 – ошёнаи қасри ҷавонон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ба як тантанаи дилнишини фарҳангӣ табдил ёфт. Дар даромадгоҳ ва толорҳои қаср шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо ҳунарҳои волои навозандагӣ ва рақсу сурудхонӣ як фазои форами идонаро фароҳам оварданд. Аз ҳама ҷолиб дафзанӣ ё худ доиразании духтарчаҳои хурдсол буд, ки бо риоя ва пайравӣ аз оини бостонии ниёгони орёии мо  иҷро мекарданд.
Дар толори калони қасри ҷавонон дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ақди никоҳи шаҳрвандии 8 ҷуфти ҷавон, ки як ҷуфтӣ аз шаҳри Хоруғ ва ҳар як ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд,  баргузор шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти оилавӣ тӯҳфаҳои моддию хотиравӣ тақдим намуда, барояшон бахту саодат ва рӯзгори пурфараҳ таманно кард.
Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров баъд аз таҷдиду тармими асосӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин бинои солҳои сиюми асри гузашта бунёдёфта, бо харҷи 4,5 миллион сомонӣ дар зарфи камтар аз ду соли охир аз нав ободу зебо шуд.
Зимни сӯҳбат бо ҳунармандони театр ва аҳли фарҳанги вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мужда расонд, ки ба иловаи ин бино дар шаҳри Хоруғ дар зарфи 3,5 соли оянда як театри наву замонавӣ сохта, ба онҳо эҳдо карда мешавад, то ки ҳунармандони хушзавқу салиқаи ин минтақаи кӯҳистони тоҷик дар эҷоди асарҳои ҷолибу диданӣ аз пештара бештар дилгарм бошанд.
Субҳи 27 июни соли 2010 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави прокуратура ва раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Зимни боздид, аз бинои нави 3 ошёнаи прокуратураи вилоят зикр гардид, ки ин бино дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд ёфтааст. Дар он тамоми шароити зарурӣ барои кори кормандони прокуратура муҳайё гаштааст. 
Бинои нави раёсати корҳои дохилӣ низ аз 3 ошёна иборат буда, барои сохтмон ва ҷиҳозонидани он 5,2 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Айни ҳол аз ин маблағ 2,8 миллионаш аз худ карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз маблағҳои боқимонда тамоми шароити зарурии кори кормандони милитсия дар ин минтақаи фароху дурдасти кӯҳистон муҳайё карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои пешинаи  раёсати корҳои дохилӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ дода шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро вазифадор намуд, ки баҳри сохтмони биноҳои нави замонавӣ барои шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳо андешанд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо оид ба тадбирҳои сершумор ва судбахши Ҳукумати мамлакат баҳри рушду нумӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, зимнан изҳор дошт, ки дар зарфи 3 сол аз ҳамаи сарчашмаҳои ҷумҳуриявии маблағгузорӣ ба ин вилоят 870 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо шудааст. Тибқи иттилои Сарвари давлат, дар ҳудуди вилоят дар зарфи 3 соли оянда ҳамчунин бо маблағи умумии 1,5 миллиард сомонӣ аз сармоягузории муштараки хориҷӣ ва Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои зиёди дигар татбиқ мегарданд.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаҳои мавҷуда, аз ҷумла бо сохта, ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурд дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб то 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон камбуди норасоии нерӯи барқ дар вилоят пурра бартараф хоҳад шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ тайи 3 соли охир дар вилоят сохтмон ё таҷдид ва тармими асосии 240 иншооти хурду бузург оғоз ёфт, ки беш аз 100 адади он дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифт, аз ҷумла 60 муассисаи таълимии соҳаи маориф ва 36 муассисаи тандурустӣ.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва ҳисоботи раиси вилоят ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри аз худ намудани заминҳои нави корам,  бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, металҳои гаронбаҳо, пашму пӯст, мева, ташкили сехҳои дӯзандагию бофандагӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки ин корҳо ба муҳайё гаштани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ боис мегарданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки танҳо дар зарфи 5 моҳи соли равон дар вилоят 8 ҳазор ҷойи нави корӣ омода гаштааст. Таъкид карда шуд, ки бо зиёд намудани қарзҳои хурди бонкӣ ва грантҳои президентӣ ба соҳибкорони хурду миёна бояд занону духтарон низ бештар ба кор ҷалб карда шаванд. Ба сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан дар ноҳияи дурдасту баландкӯҳи Мурғоб, аз ҷумла оид ба захираи озуқаворӣ ва ангишту дигар маводи сӯхт  супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри вусъати минбаъдаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба таъминоти шаҳри Хоруғ бо оби нӯшокӣ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, шабакаи шаҳрии обпарто, мустаҳкам намудани соҳили рӯду каналҳо, аз мавзеъҳои зичии аҳолиашон зиёд ва маҳалҳои барои зист хатарнок ба мавзеъҳои васею бехавф кӯчондани мардум тадбирҳои судбахш андешида шаванд. Дастур дода шуд, ки баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ва омӯхтани дархостҳо ва арзу шикояти мардум нақшаи чорабиниҳои мушаххасу судбахш таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои қабули шаҳрвандон вақти муайян ҷудо намоянд ва баҳри сари вақт баровардани ҳоҷоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Худи ҳамин рӯз дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумор аз тамоми минтақаҳои вилоят ва кишвари азизамон намоиши бошукӯҳи Сайри Бадахшон баргузор гашт, ки дар таҳия ва пешкаши он масъулон ва ҳунармандони шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
Дар  боғи  марказии  фарҳангию  фароғатии шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур, ки дар бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон дар солҳои вазнину ҳассоси 20-ум ва 30 – юми асри гузашта саҳми намоён гузошта,  дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҷони худро қурбон кардааст, гулчанбар гузошт.
Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аҳли ҳунару фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят  бо завқу салиқаи хоса, меҳру муҳаббат ва самимияти беандоза рақсу сурудҳои дилкашу форам ва маҳсули ҳунарҳои мардуми Бадахшонзаминро пешкаши меҳмонон карданд. Аз ҳама ҷолиб дафзанону  чархзанон рақсидану бозидани ҳунармандони хурду калон ва намунаҳо аз ҳунари гулдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, чӯбтарошӣ, асбобҳои мусиқӣ, зарфҳои чӯбину сафолӣ, олоти гуногуни кишоварзӣ  ва ғайра буд, ки онҳоро метавон осори арзишманди фарҳангӣ номид.
Дар сӯҳбат бо  устои асбобҳои мусиқӣ аз деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим Масайн Масайнов маълум шуд, ки ин марди ҳунарманд 50 намуд сози аҷибу хушсадои миллиро аз чӯб месозад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба усто пешниҳод намуд, ки аз ҳамаи 50 намуд яктоӣ сози мусиқиро ба Осорхонаи миллии кишваршиносии мамлакат бифурӯшад ва ба вазири фарҳанги кишвар дастур дода шуд, ки ин созҳо дар як гӯшаи алоҳидаи осорхонаи мазкур бо ному насаб ва акси Устомасайн гузошта шаванд.
Дар намоишгоҳи ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат ба  маҳсули кори корхонаи басту банди меваи хушк таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба масъулон дастуру маслиҳат дод, ки ин кор дар ҳамаи минтақаҳои истеҳсолкунандаи меваи хушк ба роҳ монда шавад, то ки мардум аз заҳмати худ фоидаи бештар бигиранд.
Аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанг ва соҳибкорони хурди деҳот бо қаноатмандию сипосгузорӣ зикр мегардид, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо сеху корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо нафар занону духтарони хонашин, аз ҷумла занону духтарони маъюб боис гаштаанд.
Кӯҳнавардони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки як қуллаи 3523 метраи дар наздикии шаҳри Хоруғ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ фатҳнамудаи онҳо қуллаи Ваҳдат номгузорӣ шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ, талабот ба тӯҳфаҳои хотиравӣ аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷӯробҳо, сӯзанӣ ва мӯҳраю ороишоти машҳури бадахшӣ ва ҳамчунин болоравии арзиши онҳо ба масъулони дахлдор дастур дод, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мағозаҳои фурӯши чунин молҳои ҷолибу диданӣ кушода шаванд. Таъкид гардид, ки ин кор  ҳам боиси ба даст овардани фоидаи калони моддӣ ва ҳам муаррифии бештару хубтари фарҳанги бостонии миллати тоҷик мегардад.
Ин ҳама дилхушӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин намоишгоҳ пешкаш карда шуд ва он самимияту муҳаббате, ки аз ҷониби мардуми сипосгузори Бадахшон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, бо сухан тасвир карданаш аз имкон берун аст.


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед