| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Проблемаи баҳри Арал вуҷуд дорад
Дар охирин, ҳаждаҳумин анҷумани иқтисодию экологии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Прага ибтидои моҳи майи соли ҷорӣ кори худро анҷом дод, асосан мавзӯъҳои хусусияти иқтисодидошта матраҳ шуданд. Ҳангоми баррасии масоили вобаста ба беҳсозии амнияти боркашонии нақлиёти заминӣ ва расонидани ёрӣ ба нақлиёти автомобилию роҳи оҳан, мавзӯи экологӣ умуман сарфи назар гардид, ҳол он ки масъалаҳои соҳаи экология, бо назардошти аҳамияти хоса доштани онҳо барои Қазоқистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва қаламрави САҲА дар маҷмӯъ, аз аввал ба рӯзномаи анҷуман ворид шуда буданд.
Дар байни ширкатдорони чорабинӣ намояндагони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал низ ҳузур доштанд. Ин хазинаро шонздаҳ сол муқаддам сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон асос гузошта буданд. Чи тавре ки маълум аст, фаъолияти сохтори мазкур ба беҳсозии фазои экологии минтақа ва нигоҳ доштани баҳри Арал нигаронида шудааст. Аз солҳои 60-уми асри сипаригашта ҳавзаи Арал 10 маротиба коҳиш ёфтааст. Ва ҳамин тавр дар рафти анҷумани иқтисодию экологии САҲА бармало рӯшан гашт, ки дар ин созмони бонуфуз, ҳатто ҳангоми раёсати Қазоқистон дар он низ, муносибат ба проблемаҳои баҳри Арал хусусияти дуюмдараҷаро ба худ гирифтаанд. Масалан, дар матни ба ном Декларатсияи остонагии Ассамблеяи порлумонии САҲА ва қарори иҷлосияи ҳабдаҳумини ҳарсолаи он, ки соли 2009 ба тасвиб расида буд, дар робита ба оқибатҳои фалокати экологӣ ташвиши ҷиддӣ баён меёфт. Гуфта мешуд, ки фалокати экологӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал меояд, ба амнияти минтақа бо пайдоиши хушксолӣ, нарасидани об, биёбоншавӣ таҳдид менамояд, ба кишварҳои осебпазири шарқи баҳри Миёназамин хатар эҷод месозад. Дар хусуси баҳри Арал дар ин ҳуҷҷат бо сабабҳои ноаён ягон сухане гуфта нашудааст. Чунин муносибат ба минтақаи осебпазир бо назардошти он, ки таъсири фалокати экологии ҳавзаи Арал ҳатто то давлатҳои аврупоӣ расидааст, тамоман норавост. Маълум аст, ки олимон дар рӯйи пиряхҳои Алп намаки соҳилҳои хушкшудаи баҳри Аралро дарёфт намудаанд. Намак бошад ба зуд об шудани пиряхҳо мусоидат менамояд.
Зикр месозем, ки мавзӯи фанои эҳтимолии Арал дар ҷомеаи байналмилалии ташхисгарон тахминан дар нимаи солҳои ҳаштодуми асри рафта, вақте ки хатҳои тақсими об аз нав бурида мешуданду оқибатҳои даҳшатзои онро касе дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба назари эътибор намегирифт ва ҳудуди фалокат дигар садамаҳои экологиро дар зери сояи худ пинҳон медошт, «мӯд» гашт. Вожаи «мӯд» ҳамчун муайянкунанда дар нисбати масъалаи баҳри Арал шояд як андоза беорона ба гӯш расад, вале дигар чи ҳам мегуфтем, дар ҳоле ки ба проблемаҳои сангини баҳри Арал аз ҷониби муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ, идораҳои расмию созмонҳои ҷамъиятии байналмилалии сайёра таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намегардад ва эҳтимол минбаъд низ зоҳир нашавад. Дар воқеъ, вазъи фоҷианоки баҳр хислати бетарафӣ, бераҳмии инсониятро бармало собит месозад.
Баҳри Арал ба тимсоли ҳақиқии сактаи экологӣ, ҳамчун натиҷаи ғайриратсионалӣ истифода бурдани захираҳои табиат, мубаддал гаштааст. Ҳамаи ин таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб мекард ва ҳоло низ диққатро ба сӯи хеш мекашад. Ду моҳ пештар Муншии умумии СММ Пан Гӣ Мун аз баҳр дидан кард. ӯ чизи дидаашро «садамаи сахт» («шок») ва «яке аз фоҷиаҳои бадтарини экологии ҷаҳон» номид. Баъд аз чанде дар Ашқобод дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Роҳбари Созмони Милали Муттаҳид ваъда дод, ки СММ ба ин лоиҳа ҳамаи ёрии техникию ташхисӣ ва кӯмаки молиявӣ хоҳад расонд. Илова бар ин, дар ҳафт соли охир барои наҷоти баҳри Арал қариб ду миллиард доллари амрикоӣ маблағ сарф шудааст. Ва дар айни замон маҷмӯи нави чорабиниҳо таҳия мегардад. Бонки ҷаҳонӣ иброз дошт, ки тайёр аст ба ин лоиҳа камаш панҷоҳ миллион доллар ҷудо намояд. Дар назар аст, ки ба ин маблағ дар назди Арал пойгоҳи замонавии гидрометеоӣ бунёд менамоянд.
Барномаи нави ёрӣ ба Арал аз соли 2011 то соли 2015 роҳандозӣ мегардад. Ин аллакай аз давраи созмонёбии Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал сеюмин барнома ба ҳисоб меравад.
Аён аст, ки Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал ҳангоми таҳия ва амалишавии ду барномаи аввал хеле таҷрибаи зарурӣ андӯхт. Хатоиҳо ва норасоиҳо ба назар гирифта шуданд, аз ин рӯ иштирокдорон бовар доранд, ки барномаи навбатӣ дар тақдири ояндаи минтақаи баҳри Арал нақши мусбат мебозад. Хотиррас месозем, ки ду барномаи пешина баҳри такмилдиҳии инфрасохторҳои хоҷагиҳои оби ҳавзаи дарёи Сир ва беҳсозии сифати оби нӯшидании сокинони назди Арал равона гардида буд. Ҳамаи ин натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Наҷот бахшидани баҳр бо қувваи «аҳли дунё» ба он овард, ки аз мушкилоти ҷойдошта кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфт. Имрӯз баҳр бармегардад. Лаҳзаи дигаргунии қатъӣ сохтмони банди об дар байни Арали Бузург ва Арали Хурд гардид. Ин як иншооти гидротехникие мебошад, ки вазъи фалокатовари экологиро тағйир дод. Алҳол ибораи «садамаи экологӣ»-ро дар нисбати баҳри Арал дигар истифода намебаранд.
Ба наздикӣ дар Русия оид ба масъалаи баҳри Арал дар сатҳи баланд бо иштироки олимони Белгия, Фаронса, Олмон, Юнон, Шветсия, Исроил, Шветсария, Ҷопон, Русия, Украина ва ИМА конфронс созмон ёфт. Дар ҳуҷҷатҳои ҳамоиш, ки дар Санкт – Петербург қабул шуд, чунин омадааст: «Ҳарчанд дар оянда Арали соли 1960 аз нав ба вуҷуд намеояд, хушбахтона қисми асосии баҳр нигоҳ дошта шуд. Баҳри хурди (шимолии) Арал қисман ва айни замон бомуваффақият аз нав таҷдид меёбад, аз ин рӯ вай аз нав аҳамияти муҳими экологӣ ва иқтисодӣ касб менамояд. Ҳарчанд ҳавзаи шарқии баҳри Арали Бузург аз миён рафт, ҳавзаи ғарбиро метавон қисман нигоҳ дошт ва барқарор кард, агар тадқиқот нишон диҳад, ки ин амр аз ҷиҳати иқтисодию экологӣ илоҷпазир мебошад. Аллакай кӯшишҳои назаррас баҳри муҳофизат ва нигоҳдошти шохобҳои Сирдарё ва Амударё зоҳир мешаванд».
Моҳи майи ҳамин сол дар Алмаато бори нахуст дар тӯли солҳои зиёд машварати донорҳо баргузор гашт, ки дар он роҳбарони бонкҳои ҷаҳонӣ, зиёда аз 20 созмони байналмилалӣ ва намояндагони сафоратхонаҳои бисёр кишварҳо ҳузур доштанд. Ба ҳамин тариқ, комёбиҳои чӣ Қазоқистон дар алоҳидагӣ ва ҳам умуман ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли «масъалаҳои Арал» аёнанд. Агар САҲА, ки «сабад»-и муҳимтаринаш мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад, иштирокашро дар ҳалли масоили баҳри Арал ва минтақаи назди Арал фаъолтар намояд, аз рӯзномаи машваратҳои байналмилалӣ бардоштани проблемаҳои баҳри Арал тезтар фаро мерасад.
Қ. МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|