menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Зиндагии шоистаи мардум ҳадафи сиёсати давлат аст

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 24 апрели соли ҷорӣ ироа шуд, дар самти татбиқи нақшаҳои минбаъдаи стратегии давлат ва саодати мардуми кишвар роҳи нав кушод. Воқеан ҳам аз Паём то Паём дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакати мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, зинаҳои нави рушду тараққиёт фатҳ мешаванд.

Ба андешаи ман ҳамчун ҳуқуқшинос, омӯзиши амиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа аз манфиати зиёд бархурдор буда, амалӣ намудани нишондодҳои Сарвари давлат ба рушди ҷомеа комилан мусоидат мекунад.
Қобили ёдоварист, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурии  мо Сарвари давлат ба ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин замина мусаллам аст, ки дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар назаррас аст.
Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бо дарназардошти амалӣ шудани Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли гузашта зарурати идома додани ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён гузошта будам.
Аз ин рӯ, ба  Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии  иқтисодӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ зарур аст, ки бо дарназардошти масъалаҳои зерин лоиҳаи онро ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳод намоянд».
Таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асоси воқеӣ дорад. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон, тавре ки аз Паём ҳам бармеояд, аллакай Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2008-2015 қабул кардааст. Мақсади барномаи мазкур, пеш аз ҳама  пурзӯр намудани  мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад.
Бояд гуфт, ки доир гардидани мулоқоти раисони судҳои аъзои Созишномаи ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш дар пойтахти Ватанамон, шаҳри Душанбе, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат баргузор гардид, ба раванди андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули  қарорҳои қонуниву асоснок заминаи хуберо барои оянда фароҳам овард.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ироаи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, он дар Вазорати адлия мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани нишондодҳо чораҳои муассир ба роҳ монда шуд. Вобаста ба он дар Вазорати адлия нақшаи мушаххаси корӣ мураттаб гардида, дар робита ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат самтҳои минбаъдаи фаъолият муайян шудаанд. Ҷомеаи меҳнатии вазорат бо дарки ин нуктаҳои Паём ва талабу тақозои замон ба вазифаҳои худ бо ҷиддияти касбӣ муносибат менамоянд.
Мусаллам аст, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари асосӣ қарор дода, перомуни ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон низоми шоистаеро ҷорӣ намудааст. Дар ин самт барои ҳар сокини ҷумҳурӣ иҷрои вазифаҳои масъулиятнок, аз ҷумла рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум, мустаҳкам намудани пояҳои низоми демократӣ ҳатмӣ дониста мешавад, ки шарти муҳими  комёб гардидан ба он, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат, меҳнати босубот, дарки арзишҳои воқеӣ ва ниҳоди бунёдкорист.
Нуктаи муҳиме, ки дар Паёми Сарвари давлат омадааст ин фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум аст. Ин нукта яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар ҳақиқат ҳамасола маблағҳои зиёди иловагӣ, аз ҷумла зиёда аз 80 фоизи Фонди эҳтиётии Президент, фонди хароҷоти пешбинишудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар захираҳои молиявӣ, инчунин маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба ин мақсад равона мегарданд. Новобаста аз ин дар Паёми Сарвари давлат махсус таъкид гардидааст, ки на ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағгузории иловагӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи мамлакат диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки таъмини ҳарчи бештари ҳифзи иҷтимоии мардум аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Дар ин замина талошҳои Ҳукумати мамлакат ҳокист, ки соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаҳои технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбанд,  барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба камол расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад. 

Мирзоҳиммат САБУРОВ,
нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Варзоб


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед