| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
сиёсат
Бо гурӯҳҳои ифротгаро оштинопазир бошем
Ходимони Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доранд, то заминаҳои зуҳури масоили доғ назири таассубу хурофотпарастӣ, маҳалгароӣ, таҳаввулоти динпарастию ифротгароӣ ва ғайраро, ки пайоварди нохуш доранд, ба ҷомеа ироа созанд. Онҳо зимни баргузории як семинар дар Душанбе, дар асоси пажӯҳишоти хеш домани густурдаи чунин раванду омилҳоро монеа дар рушди ҷомеаи муосир, камолоти зеҳнӣ, халалдор кардани низоми демократӣ ва таҳдид ба ваҳдату ягонагӣ хонданд.
Таваҷҷӯҳ ба ин масъала замоне сурат гирифт, ки як гурӯҳ олимони соҳаи фалсафа, сиёсатшиносону уламои дин перомуни мавзӯи «Анъана ва равандҳои демократикунонӣ дар Тоҷикистон» баҳс мекарданд. Масъалаҳои ташаккули анъанаҳои навин дар равандҳои сиёсӣ, анъанаҳои дунявӣ ва дурнамои ташаккули он дар шароити модернизатсиякунонии ҷомеаи тоҷик, фаҳмиши демократия дар исломи ибтидоӣ дар заминаи равандҳои муосири Тоҷикистон, тағйирпазирии элитаи сиёсии Тоҷикистон дар раванди гузариши ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосир, танзими расму оин ва рушди ҷомеа аз мавзӯъҳое буданд, ки дар меҳвари асосии сӯҳбати коршиносон қарор гирифтанд.
Зимнан дар мавриди зарфияти анъанаҳои миллӣ, фарҳанги динӣ, низоми корбасти урфу одатҳои маҳаллӣ изҳори назар шуд. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе маҳалҳо ва доираҳои муайян аз русуми кӯҳнаю ба ҷомеа зиёновар даст бардошта нашудааст, ки ба дунболи он мансубиятҳои маҳаллӣ авлавият пайдо карда, арзишҳои миллӣ сарфи назар мешаванд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки фаҳмиши демократӣ дар ҷомеаи мо ба андозаи муайян рушд накардааст. Зеро дар мавориди зиёд бо истифода аз фазои демократӣ гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки даст ба тафриқа ва эҷоди мухолифатҳо мезананд. Пайвастани бархе аз ҷавонон ба ҷараёну равандҳои номатлуб ва таҳти таъсири идеологияи ифротгароӣ қарор гирифтани онҳо нишони маърифати пасти ҳуқуқӣ, шуури сиёсӣ ва худогоҳию ҷаҳоншиносии онҳост. Илова бар ин дилбастагии сокинони маҳаллӣ ба расму одатҳои зиёдатӣ доираи маҳдуди тафаккур ва ҷаҳони андешаи онҳо дониста мешавад.
Дар ин робита Абдулвоҳид Шамолов, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд бояд талош кард то гурӯҳи равшанфикри воқеъбин ҷомеаро ба даст гирад ва ба миллату давлати худ хизмат кунад. ӯ ҳамчунин иброз намуд, моро зарур аст, ки ҷомеаро аз тангназарӣ барорем, бо гурӯҳҳои ифротгарое, ки мехоҳанд ҷомеаи навину муосирро ба қафо баранд, оштинопазир бошем.
А. Шамолов дар ҳоле ки перомуни омилҳои ҷудоисоз, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, назари воқеӣ ба ин ё он масъала ва шинохти равандҳои ҷаҳони муосир сӯҳбат мекард, аз ҷараёни таълиму тарбия дар макотиби миёнаву олии кишвар, ки заминаи асосии бунёди ҷомеаи солим аст, интиқод кард. ӯ аз мавҷудияти омилҳои фасодкорӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигаронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: Имрӯз табақаи дигари муаллим ба вуҷуд омадааст, муаллимӣ бизнесменӣ аст. ӯ барои талаба на дарс мегӯяд, балки ҳадафи ӯ аз ҳисоби талабаи мактаби миёна то муассисаҳои олӣ пул кор кардан аст… Мавсуф дар идомаи сухани худ ҳамчунин бо ҳассосият гуфт, бисёр олимони мо таҳқиқотҳои рӯякӣ анҷом дода, унвонҳои илмиро ба даст меоранд ва дар асл барои ҷомеа манфиати чашмрасе намерасонанд…
Ин дар ҳолест, ки Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз сатҳи пасти саводнокии хатмкунандагони муассисаҳои олӣ нигаронӣ кард ва гуфт, қисме аз хатмкунандагон баъди ба даст гирифтани диплом дар робита ба дарки одитарин ҷузъиёт ва нозукиҳои ихтисоси худ мушкилӣ доранд.
Дар кори хатми семинари илмӣ-амалӣ, ки бо эҳтимоми Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, Қурбон Гиёев, мудири шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии пажӯҳишгоҳи фалсафа дар сӯҳбат бо мо аз натиҷаи кори семинар қаноатмандӣ кард. Бино ба гуфти ӯ мавзӯи мавриди баҳс на танҳо дар Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муҳим аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|