| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Раиси вилоят қабули шаҳрвандонро дар маҳалҳо ба роҳ монд
Шанбеи гузашта раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал қабули шаҳрвандонро дар ноҳияи баландкӯҳи Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоб ба роҳ монд. Баҳри таъҷилан мавриди ҳаллу фасл қарор додани талабу дархости мардум дар ин чорабинӣ раисони шаҳру ноҳия, муовинони онҳо, раисони деҳот ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Шаҳрвандон ба раиси вилоят дар хусуси ба онҳо додани замин барои корҳои кишоварзӣ, бунёди манзили истиқоматӣ, таъмин бо оби тоза, таъсиси марказҳои фарҳангӣ дар деҳоту маҳаллаҳо муроҷиат карданд. Ғайбулло Афзал ба онҳо мужда дод, ки бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ин мақсад дар ҳамаи ноҳияҳо барои бунёди манзил замин ҷудо карда мешавад. Ва дар асоси низоми маъмул эҳтиёҷмандон ба замин таъмин мегарданд.
Дар гуфтугӯи ошкоро муроҷиаткунандагон ба раиси вилоят аз амалҳои худсаронаю бемасъулиятонаи иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мансабдорони зинаҳои гуногун шикоят намуданд. Онҳо сабаби асосии аз сел зиён дидани деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракиро натиҷаи хунукназарии роҳбарони хоҷагиҳо ва сари вақт таъмир надидани обравҳо арзёбӣ карданд. Шикояти Ғулом Сафаров бошад, аз ваҷҳи он буд, ки гӯё писари бегуноҳашро кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо тӯҳмат ба муҷозот кашидаанд. Ба гуфти ӯ писараш ҳеҷ гоҳ ба маводи мухаддир сару кор надошта бошад ҳам, ду сол боз зиндонист. Ба муроҷиати бисёркаратааш мақомоти тафтишот беэътиноӣ намуда, танҳо бо гардонидани ҷавобҳои аз сар соқиткунанда корашонро иҷрошуда мешуморанд.
Раис баъди шунидани арзи Ғ. Сафаров ваъда дод, ки барои ошкор сохтани ҳақиқати ҳол ва ҳақро ба ҳақдор расонидан чора меандешад.
ӯ баъди қабули шаҳрвандон изҳор намуд, ки воситаи аз ҳама муассири аз байн бурдани норасоиҳо, ошкор сохтани камбудиҳо мавриди ҳаллу фасл қарор додани масоили доғи рӯз ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошад.
- Мо дар оянда низ бо мардум тез-тез вохӯриҳо доир намуда, бо машварату ҳамбастагӣ раванди рушди устувори ҷомеаро пайгирӣ ва таъмин хоҳем кард, - гуфт раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал.
Ғ. ҲАЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|