menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Об кишварҳо ва халқҳоро муттаҳид месозад

Баргузории Конфронси байналмилалии таҳаққуқи тадбирҳои Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ба таърихи  8-10 июни соли равон дар Душанберо, ки бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз шуд ва дар он намояндагони воломақоми 70 кишвар ва зиёда аз 65 созмони байналмилалию минтақавӣ ва садҳо донишманду коршиноси хориҷиву дохилӣ ширкат доштанд, бояд дастоварди муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ шумурд.

Об дар айёми мо ба бӯҳронзотарин чолиши байналмилалӣ табдил ёфтааст ва таҳлилгарон ҳатто вуқӯи мунозираҳои ҷаҳонӣ барои обро пешгӯӣ мекунанд. Вақте ки дар асри мо хушксолӣ ва биёбонзоӣ ба беш аз 1,2 миллиард бошандаи сайёра таҳдид менамояд ва аз рӯи омори мунташираи Созмони Милал баъди 15 сол аз се ду ҳиссаи ҷамъияти ҷаҳон аз камбуди оби нӯшиданӣ ранҷ хоҳад бурд, қазоват кунед, ки вазъи мавҷуд то чӣ марз буғранҷу печида хоҳад шуд.
Аммо Тоҷикистон дар ин маврид як сарзамини истисноӣ мебошад ва ҳар сол дар қаламрави ин қудрати минтақаии обӣ 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки беш аз 60 дарсади маҷрои рӯдхонаҳои ҳавзаи дарёи Хоразм (баҳри Арал)-ро созмон медиҳад, вале сирфан аз 11 дарсади ин захираи поённопазир баҳра бармедорад ва 89 дарсади он ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад.
Дар ҳамойиши мазкур ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои обию барқии фаровони Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ гашт. Тавре ки аксари соҳибмақомҳо ва мутахассисҳои мо роҷеи кишварҳои дунё иттилооти нокофӣ доранд, ҳамин сон нухбагони сиёсию илмии байналмилалӣ аз манобеи обию барқии ҷумҳурии мо чандон огоҳ нестанд. Аз ин лиҳоз ба меҳмонони ин конфронс, ки қишри пешниҳодкунанда ва тасмимгирандаи бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошанд, захираҳои обию барқии Тоҷикистон муаррифӣ ва тасреҳ шуд, ки кӯли Сарез, ки мӯъҷизаи ҳақиқии табиат буда ва зарфияте дорад, ки тамоми аҳолии Осиёи Марказиро бо оби нӯшидании тоза таъмин намояд.
Сарвари давлат дар суханрониаш изҳор дошт, ки кишвари мо аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар километри мураббаъ ҷои якум ва аз ҷиҳати тавлиди он ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад, лек аз ин захираи бузург ҳамагӣ 5-6 дарсад баҳрабардорӣ мешавад.
То зарфиятҳо ва тавонмандиҳои билқувваю билфеъли як кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ нашавад, ҳеҷ гуна сармоягузории ниҳодҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хориҷиро наметавон интизор  буд.
Аз ин рӯ давлати мо дар солҳои охир гомҳои муассире дар ин ҷода мегузорад ва бо пешгирифти сиёсати дарҳои боз, ки бешак баъзе аз нукоти он алъон бозбинӣ мехоҳад ва бо фароҳамсозии бистари муносиб кӯшост, ки ҳар чи бештар сармояи хориҷиро ҷалбу ҷазб кунад. Чанде пеш ширкати канадаии «Каннот инерҷӣ» хоҳиши сармоягузории 40 миллиард доллар дар Тоҷикистонро дошт, ки бо чунин сармояи ҳангуфт ҳеҷ ширкате алҳол вориди ҷумҳурӣ нашудааст.
Инчунин дар ин конфронс ихтилофоти мавҷуди байни кишварҳои болооб ва поёноб бори аввал дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ шуд. Маълум аст, ки поёнобиҳо дар масъалаи таъмини об аз болообиҳо сахт вобастагӣ доранд ва ба тариқи мисол Туркманистон 100 дарсад ва Ӯзбекистон 77 дарсади оби мавриди ниёзи худро аз берун мегиранд. Қаблан давлати мо аз баёни ин қазия то ҷое сарфи назар мекард, вале бо афзоиши иқтидори сиёсиву иқтисодиаш ва мақому манзалаташ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ онро қотеъона ба миён гузошт ва ҳалли одилонаашро бар мабнои қонуну меъёрҳои байналмилалӣ тақозо кард.
Дар ин конфронс бори дигар ёднишон гашт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ, дипломатия ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад ва бар ин назар аст, ки об бояд кишварҳову халқҳоро иттиҳод бибахшад, салоҳу амниятро тақвият кунад ва мӯҷиби шукуфоию боландагӣ гардад. Як далели коргирифт аз дипломатия баррасию арзёбии фанниву иқтисодӣ ва асароти иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи беҳтарин корогоҳоне дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки Бонки ҷаҳонӣ ононро ба ин амр ҷалб хоҳад кард.

А. СОЛЕҲИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед