| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иқтисод
Мукофоти байналмилалӣ барои фаъолияти шоиста
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки чанде пеш дар шаҳри Суздали Федератсияи Русия баргузор шуд, масъалаҳои кор бо парвандаҳо доир ба вайронсозии қонунҳои зиддиинҳисорӣ, назорати иҷроиши фармоишоти давлатӣ, рушди муносибатҳои байниҳамдигарӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши такмили қонунгузории зиддиинҳисорӣ бо назардошти хусусиятҳои миллии иқтисоди кишварҳои узви иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони ҳайати Тоҷикистон бо вакилони кишварҳои Австрия, Руминия, Маҷористон ва Булғористон, ки дар кори ҷаласа ба сифати мушоҳидачӣ ширкат доштанд, вохӯриҳои судманд гузарониданд. Ҷонибҳо барои бастани паймонҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба вижагиҳои хидмати зиддиинҳисорӣ, такомули қонунгузорӣ, расонидани ёрии техникӣ омодагии худро изҳор намуданд.
Баҳои хуб гирифтани фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои хотирмони ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ буд. Дар доираи тадбирҳо ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Русия сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонуллоҳи Ашӯр сазовори нишони фахрии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Барои хизмати шоён» гардид, ки нишонаест аз фаъолияти шоистаи ниҳоди зиддиинҳисории Тоҷикистон дар самти рушду густариши ҳамкориҳо ва пиёда сохтани сиёсати зиддиинҳисорӣ.
Елена РАҲИМОВА,
сардори шӯъбаи иттилооти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|