menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Телефони мобилӣ: зарар ва фоидаи он

Айни замон  робита бо телефонҳои мобилӣ аз қулайтарин навъи тамос мебошад. Қариб ҳар як шаҳрванди кишвари мо онро истифода мебарад. Умуман, талаботи аҳолӣ ба он рӯз ба рӯз зиёд шуда, бозори воситаи мобилӣ боз ҳам гармтар мегардад.
Тибқи иттилои Фурқат Бозоров, сардори шӯъбаи назорат ва бозрасии воситаҳои радиоэлектронии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, теъдоди муштариёни алоқаи кандуӣ (мобилӣ) ба 5394377 расидааст. Табиист, ки дар натиҷаи зиёдшавии шумораи муштариён, аз тарафи операторҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ барои таъмин ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, инчунин бо мақсади фарогирии  ҳудудҳои нави аҳолинишин бо алоқаи мобилӣ миқдори истгоҳҳои базавӣ, сутуни антенаҳои мавҷафкани алоқаи мобилӣ ва сохтмони онҳо дар шаҳру ноҳияҳо зиёд гашта истодааст.
Мусаллам аст, ки имрӯз алоқаи мобилӣ баҳри рушди кишвар, пешрафти илму техника, даҳчанд осонтар намудани кори мо саҳми калон дорад. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки ин навъи алоқа ба  саломатии инсон ва буҷети ҳар як истифодабаранда таъсири манфӣ мерасонад. Ин масъала чандест, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
 – На танҳо телефонҳои мобилӣ, балки ҳамаи асбобу ихтирооти техникӣ зарари худро дорад, - гуфт Муҳаммадқул Каримов, мудири бахши гигиенаи меҳнати Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Истифодаи аз ҳад зиёд ва бемавриди телефонҳои мобилӣ ба узвҳои системаи асаб, сомеа, чашм, дил ва дигар узвҳои одам зиён мерасонад. Барои эмин нигоҳ доштани саломатӣ ҳар як муштариро зарур аст, ки аз рӯи меъёр аз он истифода намояд.
Сатҳи ҳадди имконпазири майдонҳои электромагнитӣ ҳангоми таъсир ба истифодабарандагони радиотелефонҳои мобилӣ набояд зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда (100 мкВт/см2) бошад.
Дар мамлакатҳои хориҷӣ таъсири майдонҳои электромагнитӣ ба организми одам, ки аз телефонҳои алоқаи мобилӣ бармеоянд, таҳқиқ шудааст. Ченаки миқдори он аз рӯи бузургии мутлақ ба 0,8 Вт/кг баробар аст. Одамон медонанд, ки телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ зарар дорад, лекин аз он рӯй наметобанд. Аз ин рӯ, агар аз роҳҳои дурусти истифодаи он амал намоянд,  аз манфиат холӣ нест.
Аввало телефонҳои мобилии бо мавҷҳои пастро интихоб намуда, дар вақтҳои зарурӣ муддати 3-4 дақиқа бо танаффуси 10-15 дақиқа гап задан даркор аст. Масофаи телефони мобилӣ бояд аз манораи антенаҳои мавҷафкани алоқаи мобилӣ дуртар бошад, то мавҷҳо бисёртар ба саломатӣ таъсир нарасонанд. Инчунин телефонро аз бадан дуртар нигоҳ дошта, ба гардан овезон кардан лозим нест. Истифода намудани телефонҳои мобилӣ ба кӯдакони хурдсол қатъиян манъ аст ва ба наврасони то синни 14 сола, занони ҳомиладор ва беморони эпилептикӣ тавсия дода намешавад.
Дар вақти истифодабарӣ чораҳои маҳдудкунии таъсири майдонҳои электромагнитиро андешидан лозим аст. Хусусан, дар автомобил мавҷи телефонҳои мобилӣ 50-150 микВт/см2 бошад, дар берун ва дохили нақлиёт мавҷҳо ба 500-600 микВт/см2 баробар мешаванд, ки ин аз меъёр 4 - 10 маротиба зиёд мебошад.
Дар вақти гап задан бо телефонҳои дастӣ одамоне, ки айнаки гӯшакҳояшон оҳанин ва ба ин монанд дигар лавозимот доранд, бояд онҳоро гиранд, зеро ин ба дубора зиёдшавии шиддатнокии мавҷҳои майдонҳои электромагнитӣ оварда мерасонад ва таъсири он ба қисми майнаи сар дучанд мегардад. Истифодаи телефони мобилӣ дар гаражҳои оҳанин тавсия дода намешавад.
Дар мавриди гапзанӣ қисми поёнии телефонро доштан лозим нест. Агар онро пурра дар кафи даст гиред, таъсири мавҷҳо ба асаб зиёд мегардад. Вақти занг омадан ба телефони мобилии шумо бояд танҳо ба рӯи лавҳачаи (таблои) телефон нигоҳ карда, баъди он ки овози ҳамсӯҳбататонро мешунавед, телефонатонро ба тарафи гӯш баред ва ҳамзамон ба пӯсти бадан нарасонед.
Ин буд чанд маслиҳати судманди мутахассиси соҳаи тандурустӣ, ки аз он самарабахш истифода намудан ба манфиати мову шумо хоҳад буд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед