menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Паёмадҳои тағйири ҷаҳонии иқлим

Тағйирии ҷаҳонии иқлим ва паёмадҳои он аз масъалаҳоест, ки ҷаҳониёнро нигарон сохтааст. Ин падида чӣ таъсире ба Тоҷикистон хоҳад дошт. Дар ин бора бо профессор Абдулҳамид Қаюмов, мушовири илмии  Тарҳи тағйирёбии муҳити зисти Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем. ӯ чунин изҳори андеша намуд:

Омилҳои асосии муайянкунандаи инкишоф ва вазъи иқлим иборатанд аз радиатсияи офтобӣ ва тағйироти фазоию замонии он, ҷойгирии об ва хушкӣ, баландии сатҳи замин, шакли релйеф, таъсири  антропогенӣ. Тағйири иқлим маънои вариатсияи омории боаҳамият ё ҳолати миёнаи иқлим аст, ки барои як давраи тӯлонӣ нигоҳдорӣ шавад. Тағйири иқлимро мумкин аст ҷараёни табиии дохилӣ, таъсироти хориҷӣ ё тағйироти давомдори антропогенӣ дар таркиби атмосфера ё истифодаи замин ба вуҷуд орад.
Дар Тоҷикистон гуногунии зиёди шароити иқлимӣ вобаста ба табақабандии баланд, мавқеи ҷуғрофӣ ва орография мушоҳида мегардад, ки аз нуқтаи назари омӯзиш ва моделсозии тағйирёбии иқлим дар миқёси кишвар ва минтақа дорои аҳамияти зиёд аст. Ҳар гуна тағйирот дар мувозинати радиатсионии замин, аз ҷумла тағйироти вобаста ба афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ ё аэрозолҳо буда, даври гидрологии глобалӣ гардиши атмосферию уқёнусиро дигар сохта, ба ин тариқ ба ҳарорату боришот дар сатҳи минтақа таъсир мерасонад.
Маълумоти мавҷуд аз он шаҳодат медиҳад, ки падидаи гармшавӣ асосан дар тӯли 50 соли охир мушоҳида шудааст, ки ба фаъолияти инсон сахт вобастагӣ дорад. Таҳлили гузаштанигарии (ретроспективии) иқлим дар 1000 соли охир аз он шаҳодат медиҳад, ки гармшавии имрӯза ғайриоддист.
Гармшавие, ки дар 50 соли охир таҳти таъсири газҳои гулхонаии антропогенӣ рӯй додааст, сарфи назар аз номуайяниҳо дар таъсири аэрозолҳои сулфати антропогенӣ ва омилҳои табиӣ қобили муқоиса ва шарҳпазир аст. Дар ин давра таъсири аэрозолҳои антропогенӣ манфист, сабабгори гармшавӣ намебошад. Тағйирот дар таъсири табиӣ (радиатсияи офтобӣ ва фаъолияти вулқонҳо) дар қисмати бештари ин давра низ манфӣ буда ва гумон аст, ки мӯҷиби гармшавӣ шуда тавонад.
Пас қисми бештари гармшавие, ки дар 50 соли охир мушоҳида шудааст, шояд ба сабаби афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ ба амал омада бошад.
Ҳоло бо бовар метавон гуфт, ки иқлими Замин тағйир ёфта истодааст. Суръати феълии афзоиши ҳарорат тақрибан 0,15°С-ро дар даҳсола ташкил медиҳад. Дар тӯли асри ХХ коҳиши пиряхҳои кӯҳистон ва ҳаҷми ях дар минтақаҳои ғайриқутбӣ сурат гирифтааст, ки ба афзоиши ҳарорати рӯи замин пурра мутобиқат мекунад. Пиряхҳои Тоҷикистон дар ҳамин давр низ хеле коҳиш ёфтанд, ки ин аз бисёр ҷиҳат сабаби асосии шиддат ёфтани масъалаи захираи об дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бӯҳрони баҳри Арал гардид.
Маълумоте, ки ба воситаи моҳвораҳо ба даст омадааст, нишон медиҳад, ки аз охири солҳои шастум масоҳати қабати барф ба эҳтимоли зиёд, тақрибан 10% кам шудааст. Масоҳати яхи баҳр дар фаслҳои баҳору тобистон дар нимкураи шимолӣ дар давраи пас аз солҳои 1950 тахминан 10-15% коҳиш ёфтааст. Сатҳи миёнаи умумии баҳр дар зарфи асри ХХ ба андозаи 0,1-0,2 м боло омадааст. Гармии умумии уқёнусҳо зиёд шудааст.
Маълумоти мавҷуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тағйири минтақавии иқлим аллакай ба бисёре аз ҷараёнҳову низомҳои физикию биологӣ таъсир расондааст. Обшавии яхистони доимӣ, тағйири сатҳ ва баландии густариши наботот, коҳиш ёфтани баъзе намудҳои набототу ҳайвонот ва шиддат гирифтани ҷараёни биёбоншавӣ мисолҳое аз тағйири иқлим мебошанд.
Эҳтимол, таъсири фаъолияти инсон дар оянда низ таркиби атмосфераро дигаргун хоҳад кард. Партобҳои газҳои гулхонаӣ ба таркиби атмосфера, радиатсия ва иқлим таъсири давомдоре хоҳад расонд. Ҳарорати миёнаи глобалии рӯи замин, мувофиқи пешбиниҳо, дар солҳои 1990 ва 2100 ба андозаи 1,4-5,8°С меафзояд. Дар назари аввал гармшавӣ мӯътадил менамояд, вале ин суръат мумкин аст фалокатовар бошад.
Сипари яхии Антарктида эҳтимолан ҳаҷми худро дар натиҷаи афзоиши боришот зиёд мекунад ва шояд сипари яхии Гренландия ҳаҷми худро аз даст диҳад, чунки обшавӣ хеле бештар аз боришот хоҳад буд.
Тағйири иқлим барои экосистемаҳо, иқтисод ва саломатии аҳолӣ паёмадҳои чандинҷониба хоҳад дошт. Ҳамзамон диққати асосӣ ба арзёбӣ ва омӯзиши оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлим равона хоҳад шуд. Дар экосистемаҳои кӯҳистонии дорои гуногунии фаровони биологӣ шояд ҳудуди амудии набототу ҳайвонот тағйир ёбад. Баъзе навъҳои ҷангалу чарогоҳҳо шояд дучори деградатсия шаванд ва баъзе дигар баръакс ҳолат ва маҳсулнокии худро беҳтар намоянд.  Соҳаи кишоварзӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон хеле зарар мебинад. Аз ин ҷиҳат таъсирпазирии кишварҳои дорои иқлими хушку нимхушк, ки Тоҷикистон ба сабаби доштани ҳолати деградатсияи замин ва биёбоншавӣ ба он тааллуқ дорад, аз ин падида зиёд аст. Баръакс, дар кишварҳои арзҳои мӯътадил ва баланди нимкураи шимолӣ таъсири тағйирёбии иқлим имкон дорад манфӣ набошад.
Гидроэнергетика дар муқобили тағйири табиии даври гидрологӣ хеле устувор мемонад, вале камобии дарозмуддат ва афзоиши миқдори моддаҳои обоварди ҳалнашуда шояд ба вазъи ин соҳа таъсири манфӣ расонад. Хатари паҳншавии бемориҳои инфексионӣ-паразитарӣ, аз ҷумла вараҷа ва мавридҳои фавти вобаста ба фишори ҳароратӣ афзоиш меёбад. Камбизоаттарин табақаҳои аҳолӣ ба сабаби надоштани захираву воситаҳои лозими зиндагӣ ва бартарафсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ё мутобиқат бо он зарари зиёд мебинанд.
Хотирнишон бояд сохт, ки тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ бо тамоюли хатарноке сурат мегирад, ки ба муҳити зист ва худи инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин таъсирро метавон ба бештари минтақаҳои ҷаҳон ва бахусус Тоҷикистон, ки дар обу хоки на чандон калони он қариб тамоми минтақаҳои иқлимии Замин дида мешавад, нисбат дод. Тағйири иқлим, ки таҳти таъсири фаъолияти антропогенӣ сурат мегирад, барои чандин садсолаҳо идома хоҳад ёфт. Консентратсияи газҳои гулхонаии антропогенӣ вобаста ба миқёси истифодаи сӯзишвориҳои маъданӣ ва сиёсати мубориза бо партобҳои олудасозандаи атмосфера тағйир хоҳад ёфт.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед