menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Гуфтугӯи тамаддунҳо ва сулҳи ҷаҳонӣ

1
Ҷаҳони муосир бо як сари чолишҳои бузург хатарофарин ва ҳаётбарандоз мисли камбуди обу ғизо, рушди маҳорнашудаи аҳолӣ, султаталабии абарқудратҳо, густариши силоҳи куштори ҷамъӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятгаре чун СПИД, нажодпарастӣ, ифротгароии миллию мазҳабӣ, даҳшатафканӣ (терроризм), ситам бар занон, суиистифода аз кӯдакон, хариду фурӯши инсон, гармоиши иқлим ва тахриби муҳити зист рӯбарӯст. Дастаҳои мутаассибу ифротие вуҷуд доранд, ки хоҳонанд миёни ҷомеаҳои исломӣ ва масеҳӣ шикоф эҷод кунанд ва қавмҳоро бо қавмҳо ба ҷидол бархезонанд.
Инҳо ҳама таҳдидҳое ҷаҳонӣ шумориш мешаванд ва ба як кишвар ё як миллат тааллуқ намегиранд. Замоне абадан сипарӣ шудааст, ки дар сайёраи Замин халқҳо ва мамлакатҳо ба ранги ҷазираҳое хурд аз ҳам ҷудо ва мустақил ҳастӣ доштанд ва сарнавиштҳову саргузаштҳо мутафовит буд. Дар рӯзгори мо Замин кӯчактар гашта, ба як деҳкада табдил ёфта, сарнавиштҳову саргузаштҳо бо ҳам сахт гиреҳ хӯрдааст. Агар жарфтар ба сиголиш равем, фоҷиаи Хиросимаву Нагасакӣ фоҷиаи тамоми башар мебошад; агар зилзилае дар Ҳоитӣ рух диҳад, пасларзаи он дар Тоҷикистон эҳсос мешавад ва агар бачаҳои судонӣ аз гушнагӣ ҷон кананд, нон аз гулӯи тоҷикбачаҳо базӯр мегузарад; бӯҳрони ҷаҳонии молию иқтисодии солҳои 2008-09 дунёро яксара ларзонд ва ҳеҷ кишваре аз осебҳояш дар амон намонд. Эҳтимоли вуқӯъи ҷанги ҳастаӣ вуҷуд дорад, ки тамаддуни башарии ҳудудан даҳҳазорсоларо ба коми нобудӣ фурӯ хоҳад кашид. Ҳеҷ кишваре, бо он ки боазаматтарину густурдатарин иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомиро дошта бошад,тавонманд нест, ки дар танҳоӣ фоиқ бар хатарҳои ҷаҳонӣ ояд.
Пас раҳоёфти байналмилалӣ барои рафъи ин муъзилот ва таҳдидоти ҳастибарандоз чист? Чӣ назарияе, чӣ роҳкоре қодир аст, ки миёни миллатҳо ва мамлакатҳо, динҳо ва фарҳангҳо эҷоди ҳамфаҳмию ҳамбастагӣ кунад ва гавҳари зиндагӣ – ин нодиртарину гаронарзиштарин мавҳибати илоҳӣ дар манзумаи шамсиро бақо ва идома бибахшад.
Бояд бо қатъият изҳор дошт, ки дар ин маврид маҳз назарияи гуфтугӯи тамаддунҳо роҳгушо ва чорасоз мебошад, ки тарҳи тозаест барои сароғози даврони ҷадиде пас аз ҷанги сард ва  ноябрмоҳи соли 1998 Маҷмаъи Умумӣ бо тасвиби қатъномае соли 2001-умро соли гуфтугӯи тамаддунҳо эълом сохт. Пасон дар ҳимоят аз сулҳи ҷаҳонӣ бо ибтикори Созмони Милал дар Нюйорк иҷлоси ҳазораи давлатҳо бо ширкати сарони беш аз 150 кишвари ҷаҳон (5-7 сентябри соли 2000) ва сипас иҷлоси ҳазораи динҳо бо иштироки 1200 тан аз роҳбарони динӣ ва мазҳабии беш аз 50 кишвари ҷаҳон (28-30 сентябри ҳамон сол) баргузор гардид.
Дар иҷлоси ҳазораи давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард, дидгоҳи давлати худро роҷеъи ин печгунаи қисматсоз бо вазоҳат баён дошт, аз он истиқболи тому тамом ба амал овард ва баъдҳо дар бисёр нишастҳои байналмилалӣ гуфтмони тамаддунҳоро ягона роҳи дастёбӣ ба сулҳи ҷаҳонии пойдор ва зиндагии обрӯмандонаи инсонҳо талаққӣ намуд.
Дар банди шашуми Қатъномаи поёнии нишасти ҳазораи сарон омадааст: «Мо роҳбарон ва раисони давлатҳои узви Созмони Милал бархе аз арзишҳои бунёдин, монанди озодӣ, баробарӣ, ҳамбастагӣ, бурдборӣ, эҳтиром ба табиат ва тақсими масъулиятро асосу пояи робитаҳои байналмилалӣ дар асри бисту якум медонем ва абнои башар бо вуҷуди тафовутҳо дар фарҳанг, эътиқодот ва забон ба якдигар эҳтиром бигузоранд, тафовутҳои даруни ҷомеаҳо ва тафовутҳо ба дигар ҷомеаҳо набояд боиси эҷоди воҳима шавад ва набояд ки ин тафовутҳоро саркӯб кард, балки ба унвони як дороии арзишманди табиӣ бояд онҳоро гиромӣ дошт ва арҷ ниҳод». (Рӯзномаи «Иттилоот», 30 обони соли 1377, чопи Теҳрон). Дар ин банд аз Қатъномаи сарони давлатҳо тасреҳ шуда, ки муколамаи байни тамаддунҳо бояд фаъолона рушд ва иртиқо ёбад.

2
Тарҳи гуфтугӯи тамаддунҳо дар сатҳи робитаҳои байналмилалӣ дар муқобили назарияи бархӯрди тамаддунҳо, ки аввалин бор тавассути профессор Самуил Ҳонтингтон – назарияпардоз, ҷомеашинос ва аз меъморони сиёсати хориҷии ИМА соли 1993 баён шуда буд, ба майдон омад. Ҳонтингтон дар китоби «Назарияи бархӯрди тамаддунҳо», ки дар муддати кӯтоҳ ба бисёр забонҳо баргардон шуду маъруфияти оламгир касб кард (тарҷумаи форсиаш соли 1994 дар Теҳрон мунташир шуд), ин доктринаи сиёсиашро матраҳ месозад ва мӯътақид аст, ки назарияи ӯ аз назарияи ҷанги сард ҳам ҷаҳоншумултар мебошад. Зимнан назарияи ҷанги сардро нахустин бор Уилям Черчил, сиёсатмадори  саршиноси ингилис соли 1946 дар суханронии таърихиаш дар шаҳри Фултони ИМА  асос ниҳода буд ва бино ба он ҳеҷ гуна оштие байни дунёи сармоядорӣ ва дунёи сотсиалистӣ имкон надорад.  Ҷанги сард, ки наздики ним қарнро дар бар гирифт, ҷанги идеологии миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги низоми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва мардумсолорӣ бо низоми томгарой ва фардситез буд. Назарияи ҷанги сард бо фурӯрехти ампиротурии коммунистӣ ва низоми ҷаҳонии дуқутбӣ короияшро аз даст дод. Таҳлилгароне бар ин пиндоранд, ки сиёсатгузори амрикоӣ назарияи ҷанги сардро дар қолаби бархӯрди тамаддунҳо ироа кардааст.
Ҳонтингтон бо радди андешаи Франсис Фукаяма, назарияпардози сиёсии маъруф, ки бо тавсифу таблиғи ҷаҳоншумулии демократияи либералӣ онро комилтарин ва охирин низоми сиёсии ҷаҳонӣ пиндошта, поёни таърихро марбути он ангошта буд, менависад: «Таърих ба поён нарасидааст, ҷаҳон воҳид нест, тамаддунҳо навъи башарро муттаҳид ё мутафарриқ мекунанд, авомиле ки даргирии байни тамаддунҳоро ба вуҷуд меоваранд, танҳо дар сурате қобили кунтрул хоҳанд буд, ки шинохта шаванд. Дар ҷаҳони муташаккил аз тамаддунҳои мухталиф ҳар тамаддуне бояд ҳамзистӣ бо дигаронро биёмӯзад; дар ниҳоят он чи барои мардум аҳамият дорад, манофеи иқтисодӣ ё идиюлужӣ ва сиёсӣ нест, балки боварҳои динӣ, хонаводагӣ, робитаи хунӣ ва ақида ва дигар чизҳоест, ки мардум бо онҳо шинохта мешаванд, барои онҳо мубориза мекунанд ва дар роҳи онҳо кушта мешаванд» (с. 27).
Ҳонтингтон аз таҳлили воқеиятҳои сиёсии пас аз поёни ҷанги сард натиҷае мегирад, ки минтақагароии иқтисодӣ худогоҳии тамаддуниро тақвият медиҳад ва бозгашт ба решаҳои тамаддунӣ мӯҷиби тазъифи ҳувиятҳои миллӣ ва тазйиди (афзоиши) ҳувиятҳои тамаддунӣ мешавад; бад- ин ваҷҳ бархӯрдҳои оянда манбаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд, на сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бархӯрдҳои ҷаҳонӣ байни мамлакатҳо ва гурӯҳҳои тамаддунии мухталиф рух хоҳад дод ва тафовутҳои тамаддунӣ ба миқдоре шадид, амиқ ва решадор аст, ки умдатарин чолиши асри бисту якум ихтилофҳою таъорузҳои тамаддунӣ хоҳад буд ва тамаддун ба масобаи омили таъйинкунандаи ҷаҳони оянда дар авлавияти аввал қарор мегирад ва задухӯрди тамаддунҳо ғайри қобили иҷтиноб мебошад, зеро ихтилофоти фарҳангӣ душвортар аз масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ ҳал мешавад, чаро ки касе наметавонад нимамасеҳӣ ва нимамусалмон бошад.
Ба ибораи дигар дунё ба марҳилае ҷадид ворид шуда, ки робитаҳои суннатии байни кишварҳо - миллатҳо ба интиҳо расида ва дар он ягон бархӯрди ҷаҳонии мушаххасе миёни мактабҳои ақидатие мисли сотсиализм ва либерализм ба дид намеояд, баръакс бархӯрди миёни ҳувиятҳои тамаддунӣ ҳастӣ хоҳад дошт, ба ҷойи ақидаи инсонҳо мавҷудияти худи инсонҳо бартарӣ дорад.
Ба навиштаи Ҳонтингтон кунишу вокуниши байни ҳафт тамаддуни бузург – конфусийгароӣ (чинӣ), буддогароӣ (ҷопонӣ), ҳиндуизм, ислом, масеҳияти ғарбӣ (католик ва протестант), масеҳияти шарқӣ (православ ё ортодокс) ва кешҳои бадавӣ (африқоӣ) ояндаи ҷаҳонро тарсим хоҳад кард, зеро ҳар дин сангбинои як тамаддун аст ва онро падид оварда ва даргириҳои оянда дар дарозои хатҳои гусил (ҷудокунанда)-и ин тамаддунҳо сурат мепазирад ва дар сатҳи калон давлатҳои вобаста ба тамаддунҳои мухталифи дорои қудрати нисбии низомӣ ва иқтисодӣ бо ҳам ба рақобат хоҳанд пардохт, тазодҳои эътиқодӣ ё хатҳои гусили миёни тамаддунҳо марамматпазир нест ва ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт; пас задухӯрди хунини тамаддунҳо баҳри ҳаёту мамот аст, ки ояндаи башарро рақам хоҳад зад.
Аз назари Ҳонтингтон барои Ғарб дар ояндаи наздик ду хатари азим вуҷуд дорад: яке ислом ва дигаре Чин ва ҳатто эътилофи фарзии ин ду тамаддун дур аз эҳтимол нест; аммо ҷаҳони ислом аз якпорчагӣ бархурдор намебошад ва хеле таҷзия шуда ва нисбатан нотавон аст ва саҳми тавлиди иқтисодии он камтар аз чаҳоряки Ғарб мебошад; бо вуҷуди ин ҷомеаҳои исломӣ аслан сириште хушунатомезу зӯргӯёна доранд, аммо ин омилҳо Ҳонтингтонро тасаллӣ намебахшад ва ислом ва Ғарбро дар ояндаи наздик дар набард мебинад ва мегӯяд, ки муборизаталабӣ аз сӯи ислом усулан фарҳангист ва эҳтимолан ҳам тӯлонӣ хоҳад буд. Назарияпардози амрикоӣ хатари ислому мусалмононро барои тамаддуни масеҳии католикӣ бузург ҷилва медиҳад. Душмантарошӣ аз ислом ва мусалмонон хоси бисёре аз рӯшангарони ғарбист ва ҳол он ки тамаддуни исломӣ дар айёми мо дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон тақсим шуда ва дар воқеъ якпорча нест ва даруни ин тамаддун ихтилофоти фарҳангӣ мавҷуд аст ва ҳатто дар масъалаи Фаластин миёни онон ҳамандешӣ ва ҳамдилӣ ба дид намерасад.

3
Он сон ки баён шуд, Самуил Ҳонтингтон муддаист, ки пас аз поёни ҷанги сард тамаддунҳо такягоҳи аслии сиёсати ҷаҳониро созмон медиҳанд ва дар дунёи сиёсат ҳар гуна дигарворие мустақиман бо он пайвастагие дорад ва носозгориҳои тамаддунӣ дар оянда калидитар аз носозгориҳои идеологӣ ва сиёсӣ хоҳад буд ва феълу инфиъолоти байни миллатҳои вобаста ба тамаддунҳои мухталиф рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод. Албатта мухолифатҳои тамаддунӣ дар дунё мавҷуд аст ва касе инкорашон намекунад ва таърих шаҳодатдиҳандаи хунрезиҳову кушторҳои тамаддунии хурду калонест ва агар таассубу хурофотгарӣ рӯ ба афзунӣ ниҳад, дар оянда низ мудовамат хоҳад ёфт. Лек таърих то ба имрӯз ҷангҳои тамомиёре дар ёд надорад, ки тамаддунҳо бо ҳам ба задухӯрд пардохта бошанд, дар ҳоле ки Ҳонтингтон гуфта, ки ихтилофи мавҷуди байни тамаддунҳо мӯҷиби тӯлонитарину ваҳшатноктарин хуношомиҳо будааст.
Пас рабте миёни ҷангҳо ва тамаддунҳо вуҷуд надорад; ин бархӯрди манофеи давлатҳо ва қавму қабилаҳо буд, ки кашмакашҳоро бармеангехт. Ҷанги аҳли салиб бо ислом ба сари шаҳри Байтулмуқаддас (Уршалим) ва сарзамине, ки барои роҳиёни се ойини иброҳимӣ қудсист, низ ҷанги комилиёри тамаддунҳо набуд ва дар он маҷмӯи мамолики масеҳӣ ва исломӣ мушорикат надоштанд. Ду ҷанги ҷаҳонии садаи бистум низ доктринаи бархӯрди тамаддунҳоро нақше бар об месозад ва ин оташи оламсӯз ба иллати камбуди захираҳо, қудратталабиҳо ва тасодуми манфиатҳои миллии давлатҳо забона кашида буд. Дар ҷанги ҷаҳонии дуюм дар як сангар Олмони протестант бо Итолиёи католик ва Ҷопони буддогарой ва дар дигар сангар Иттиҳоди  Шӯравие, ки даҳриён, масеҳиёни фирқаҳои ҳаргуна, хусусан православҳо ва мусалмонони сунниву шиаро дар бар дошт, бо Ингилистону Фаронсаву Амрикои бағолиб католик саф оростанд. Дар рӯёрӯие, ки беш аз чиҳил сол мобайни режими саҳюнистӣ  ва фаластиниён давом дорад, унсурҳои тамаддунии мутааддиде ба нигоҳ меояд, ки аз ин ду ҳимоят мекунанд. Билфарз агар ҷанги ҷаҳонии сеюм дар пеш аст, он ҳам набарди қудратҳои бартар баҳри тасоҳуб (соҳибӣ кардан)-и бештари сарзаминҳо ва захираҳо хоҳад буд.
Аммо таърих дар заминаи тамос ва муколамаи тамаддунҳо мадраки фаровоне дар ихтиёр дорад, ки тамаддунҳо аз ҳам меомӯхтанд, сармояҳои фарҳангиашонро меафзуданд ва ба шукуфоӣ мерасиданд. Дарҳои тамаддуни орёии худвижа – яке аз панҷ тамаддуни бузурги бостон  - аз бадви ҳастиаш ба рӯи тамаддунҳои ҳамсоя боз  буд ва дастовардҳояшонро аз худ мекард ва бар онҳо асари файзбор мегузошт. Орёистон ба ангезаи мавқеияти истисноии роҳбурдиаш ва қароргириаш дар чаҳорсӯи ҷаҳонӣ дар талоқи (мулоқот)-и тамаддунҳо нақши фаъоле дошт. Рӯҳи орёӣ ба асл як рӯҳи оштиҷӯву сулҳофаринест. Аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки бозгӯи дурахшони ин рӯҳи таъолиҷӯст, ин қазия рӯшан мешавад. Фаридун, Эраҷ, Рустам, Сиёвуш, Кайхусрав ва дигар қаҳрамонон волотарин мазҳари рӯҳи эронӣ ҳастанд ва ҳамеша дасти оштиву гуфтугӯ ба тӯрониён дароз ва барои созандагиву ободонӣ талош мекунанд.
Ҳама з-оштӣ коми
                  мардум равост,
Ки нобуд бод он ки ӯ
                             ҷанг хост.
Тамаддуни орёӣ ҳам аз тамаддунҳои ҳиндӣ, бобилӣ, юнонӣ ва чинӣ асар мегирифт ва ҳам дар навбати худ ба онҳо асар мениҳод. Ин тамаддун пилапарварию пахтакориро аз ҳиндуҳо омӯхт ва аспу хачирпарвариро ба чиниҳо ёд дод. Фалсафаи Ҳироклит, Фисоғурас, Афлотун ва Арасту фурӯғманд аз омӯзаҳои минуии Зардушт буд. Аксари қабилаҳои турк зери нуфузи нерӯвари тамаддуни орёӣ қарор доштанд.
Доду ситади тамаддунҳо шабеҳи хати қирмизе буд, ки аз лобалои таърихи башар мегузашт ва дарунмояи онро шакл медод. Тамаддуни исломии навпадид низ ногузир буд, ки бо тамаддунҳои муҷовир ба мубодилаи афкор бипардозад. Таъкиди ислом бар ақлварзию донишандӯзӣ рағбати мусалмононро ба баҳрагирӣ аз комёбиҳои илму дониш меафзуд ва чун бистари нисбатан созманду озоде барои муколамаи миёни фарҳангҳо фароҳам гашт, тамаддуни исломӣ аз тамаддунҳои румӣ, юнонӣ, эронӣ ва ҳиндӣ бисёр дониш омӯхт. Нухбагон дар ҳавзаҳои илмии гуногун ба пажӯҳиш оғозиданд ва ба ибдоъу ибтикор пардохтанд. Дар аҳди Ҳорунаррашид ва Маъмун (асрҳои 7-8) фаровон китоб аз забонҳои юнонӣ, сурёнӣ, паҳлавӣ, форсӣ, лотинӣ, ҳиндӣ ва калдонӣ ба арабӣ тарҷума шуд. Анҷумани фалсафии «Ихвонуссафо» 72 китоб дар заминаи ҳикмати назарӣ ва амалӣ таълиф кард. Дар асрҳои IX- X ба афзун аз 250 риштаи илмӣ асар нигориш ёфт. Тамаддуни исломӣ бо ахзи низоми давлатдории эрониву румӣ, фалсафаи юнонӣ ва риёзии ҳиндӣ шукӯҳманд гашт ва он айём ба исми даврони тиллоии тамаддуни исломӣ маъруфият ёфт. Тамаддуни эронии исломӣ, ки ҷузви лоянфаки тамаддуни исломист, аз он шигарф дигардисиҳо дар канор намонд ва фалсафаи Форобию Сино, тибби Розию Сино, нуҷуми Берунию Бузаҷонӣ, кимиёи Ҳайён ва риёзии Хоразмию Хайём бе муомилоти фарҳангӣ асло наметавонист ба арсаи халлоқият биёяд.
Ҳамчунин тамаддуни аврупоии давраи Реннесанс мадюну мабзули тамаддуни исломист. Дар қуруни вусто Аврупо дар зулмати ваҳшатноке ба сар мебурд ва каме  аз мардум саводи хондану навиштан доштанд, дар вазъе ки кишварҳои исломӣ маҳди донишу фазилат буданд ва толибилмони аврупоӣ барои касби илму маърифат ба донишсароҳои Қоҳира, Бағдод, Қустантания, Қартаба ва Искандария рӯ мениҳоданд ва ҳатто нухбагони сиёсии ин қора барои муолиҷа ба кишварҳои исломӣ меомаданд. Масеҳиён аз мусалмонон пизишкӣ, табииёт, риёзӣ, нуҷум, кимиё, гиёҳшиносӣ, мусиқӣ, кишоварзӣ, ҳунар, адабиёт ва ҳатто фалсафаро омӯхтанд ва бархе аз рисолоти фалсафии юнониён дар тарҷумаи арабӣ ба эшон интиқол ёфт.
Аммо хуршеди илму дониш дар асри XV дар олами ислом ғуруб ва дар дунёи масеҳият тулӯъ кард ва ғарбиён ба дастовардҳои беназире дар илму фановарӣ (технология) ноил гаштанд ва ҳатто дар асри XIX ва нимаи аввали асри XX қариб сарзаминҳои исломӣ яксара бемиёнҷӣ ё бомиёнҷӣ таҳти сайтараи сиёсии мағрибиён қарор гирифтанд.
Дар асри XX тамосҳои фарҳангии яксӯяи мардумони эронӣ билхусус бо аврупоиён хеле афзоиш ёфт. Шеъри форсии нав меваи ҳамин гуфтугӯст. Садриддини Айнӣ дар Осиёи Марказӣ, Нимои Юшиҷ дар Эрон, Маҳмуди Тарзӣ дар Афғонистон ва Муҳаммади Иқбол дар Покистон  нахустин  сарводасариёне буданд, ки бо омӯзиши шеъри аврупоӣ ба сабки ҷадид роҳ гушоданд. Дар ин кишварҳо ҳунарҳои тозае мисли театр, симфония, синамо, осорхона, операву балет ба вуҷуд омад, ки собиқа надошт.
Саропои асри XX ва то имрӯз тамаддуни Ғарб дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мезанад ва якатози майдони сиёсат, иқтисод,  илм, иттилоот ва фановарист ва тамаддунҳои дигар ҷумлагӣ ночоранд, ки ин ҳарфи маҳкаму мутқанро бишунаванд, то қафо аз қофилаи башар намонанд ва дучори даҳанялагию саршикастагӣ нашаванд ва ҷамеи илмҷӯён аз чаҳор гӯшаи дунё маҷбуранд, ки забони ингилисиро ёд бигиранд, то ба василаи мағзона (интернет) ба навгониҳои илму фановарӣ дастрасӣ ёбанд ва ҳампойи замон бошанд.
Агар инсофан як ба даруни хонаҳои худ нигоҳ кунем, қариб тамоми афзори он  - аз меху гӯгирд гирифта, то телевизору компютер -  колои аврупоист; пироҳану шалвор ва куту шиме ки мепӯшем, ё фаровардаи корхонаҳои аврупоист ё дар тақлид аз он эҷод шудааст. Тамаддуни Ғарб бо истифода аз таваффуқу мумтозиҳои худ дар талош аст, ки тафаккур ва фарҳанги худро бар сойири миллатҳо ҳокимият бибахшад ва аз ин лиҳоз рӯшанфикрони ғарбӣ муддаиянд, ки тамаддуни мо як тамаддуни ормонист ва башар ба сӯйи он дар ҳаракат аст. Сайтара (ҳукумат)-и ин тамаддун ба андозаест, ки як дастаи азиме аз намояндагони сойири тамаддунҳо пеши он барои ҳамеша сар хамидаанд ва аз шукӯҳу шаҳоматаш моту мабҳут мондаанд, ҳувияти миллиашонро бохтаанд, шарафи инсонии худ ва бо ин хештани хешро аз даст додаанд ва ғарбзада шудаанд ва дар ин вартаи муҳлик дар дами назъ қарор доранд. Лек гурӯҳе боҳушу закӣ бо фарогирифти ҷанбаҳои ибратомӯзи тамаддуни Ғарб ва бо тафохур аз гузаштаҳову гузоштаҳои ниёгони худ ҳувияти миллиашонро умқу вусъат бахшидаанд, номуси инсониашонро тазалзулнопазиртар сохтаанд ва дар садади онанд, ки бо посдошти забони модарӣ, фарҳанги эронӣ ва ахлоқи исломӣ дар оянда бо Ғарб ба рақобати созанда бипардозанд, парчами пешоҳангиро монанди ниёгони худ дар садагони IX-XV аз нав барафрозанд ва сухани нахустро дар саропои гетӣ бигӯянд. Офтоби илму дониш дубора дар Орёистон рӯ ба тобандагӣ ва бахшандагист!

4
Гуфтугӯи тамаддунҳо қабл аз ҳама гуфтугӯи динҳост, зеро маҳз динҳои  ҷаҳонии бузург ҳастанд, ки тамаддунҳои ҷаҳонии бузургро падид овардаанд ва бе муколамаи динҳо муколамаи тамаддунҳо ба асл муяссар нашавад; ба дигар таъбир таомули тамаддунҳо ба моҳият таомули тадайюнҳост.
Он сон ки нурҳои фурӯрезанда ба рӯи сайёраи Замин аз Офтоб маншаъ мегиранд, кешҳои осмониро низ манбаъ якест ва он Офтоби офтобҳо- Худои Яктост. Пас динҳо ҳам монанди нурҳо аслеву ҷавҳаре муштарак доранд. Агар нек  тааммулу тааммуқ кунем, магар бунёдин арзишҳои ислом бо арзишҳои масеҳият, яҳудият, зардуштигарӣ, ҳиндуизм ва буддогароӣ дар таноқуз ва таоруз қарор дорад? Адёни самовӣ ҳама дорои паёмҳои яздонианд, ҳама ба алфозу истилоҳоти гуногун сухан аз яктоиву беҳамтоии Офаридгор мезананд ва пайравонашонро шинохту парастиши ӯ, ҳукумат бар нафси аммора, порсоӣ, меҳрбонӣ, оштӣ, шафқат, некукорӣ, созандагӣ, озодӣ ва озодагӣ меомӯзанд.
Ин ҳама танишҳову кашокашҳову даргириҳо ба овандест, ки намояндаи ҳар мазҳаб ва ҳар мактаб фақат худро ҳақбаҷонибу роҳёфта мешуморад ва ҳақиқатро дар инҳисори худ қарор медиҳад ва хостор аст, ки бар сойирон ҳукумат кунад ва ҳол он ки ҳақиқат дар ҳар нубуввате, дар ҳар шариате, дар ҳар тариқате ҷилвагарӣ дорад. Шариатҳои мутааддид таҷаллиёти мутааддиди Зоти Ақдаси Илоҳианд ва ҳар инсон маҳз аз рӯи шариате, ки аз он табаият мекунад, дар рӯзи Ҳашр доварӣ мешавад.
Ин ҷо ба ёд ҳикояте аз «Маснавӣ»-и Мавлонои Балх меояд; чаҳор кас –намояндаи чаҳор қавм барои хариди ангур роҳии бозор шуданд, форс «ангур», араб «инаб», турк «узум» ва румӣ «истофил» мегуфт ва ғофил аз ҳадафи муштарак, аз сирри номҳо байнашон танозуъ афтод ва бо ҳам ҷангӣ шуданд.
Мушт бар ҳам мезаданд
                              аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз
                         дониш тиҳӣ.
Дар роҳ фарде бо онҳо дучор омад, ки балад ба забонҳои мухталиф буд ва дарёфт, ки онҳо ҳама як чиз мехоҳанд, аммо аз фаҳми каломи якдигар оҷизӣ мекашанд. Аз дидгоҳи Мавлоно, марди соҳибасрор, ки бо калиди ҳикмат розро гушуд ва девори беэътимодиву носозгориро сарнагун намуд, даъваткунандаи мардум ба дарки гавҳари ҳақиқат аст: динҳову мазҳабҳо ҷумлагӣ як ҳарфро бо лафзҳои мухталиф баён мекунанд ва аз зеҳнияти нодуруст ихтилофоту мунозеъот сар мезанад; боҳушу зираксор касест, ки ҷангро ба оштӣ, хусумату тафриқаро ба ухувату иттиҳод бадал месозад.
Ин андешаи мутаъолӣ дар батни Қуръони Азимушшаън меҷӯшад ва ин Китоби осмонӣ китоби гуфтугӯст ва дар Он ба таҳқиқи огоҳдилон ин калимаи калидии мушкилгушо ва ҳидоятгар беш аз ду ҳазор бор дучор мешавад. Дар ояи 64 сураи Оли Имрон омада: «Бигӯ: Эй аҳли Китоб, биёед аз он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем, он ки ҷуз Худойро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики ӯ насозем ва баъзе аз мо баъзеи дигарро ба ҷуз Худо ба парастиш нагирад!». Калимаи муштараки адёни иброҳимӣ ҳамон «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст, ки маҳз ӯст сазовори парастишу ситоиш, маҳз ба умеди ӯ бояд шуд ва маҳз аз ӯ бояд хост ва ин тавҳиди маҳз аст. Даъват ба калимаи муштарак даъват ба маърифати ваҳдоният ва даъват ба маърифати ваҳдати инсонҳост ва ҳар сухане, ки банӣ башарро ба сулҳу сафо, хайру шарофат фаро мехонад, ҳамоно дари муколамаро ба рӯйи дигарон во мекунад.
Дар ояи 13 сураи Ҳуҷурот мехонем: «Эй мардум, мо шуморо аз нареву модае биёфаридем. Ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост». Дар  ин ҷо Офаридгор одамонро мефармояд, ки то якдигарро бишиносанд, на ин ки сояи ҳамдигарро аз девор тарошанд. Ин нукта бад-он мафҳум аст, ки инсонҳо ҳама ба гавҳар яксонанд ва як  рагу реша доранд, аз як падару як модар пайдо шудаанд, ҳеҷ бартариву тафохур ба ҳам надоранд ва ихтилофоти забонӣ, нажодӣ, қавмӣ, динӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии мавҷуд бурҳони он нест, ки бо ҳам ба пархош бархезанд, балки дар сояи муруввату мадоро аз  ҳамдигар огоҳӣ ёбанд, то ҳамназариву ҳамбастагие барои идомаи ҳаёт байнашон эҷод шавад. Шинохти ягонагии инсонҳо ва шинохти ягонагии мазҳабҳо ба наҳве парҳезгориву тақвост, ки ширинтарин меваи дарахти имон мебошад. Тақво миёни диёнатҳо ва маданиятҳо иттиҳоду амният падид меоварад ва тафриқаву ноамниро нобуд месозад.
Асли асосии тамоми динҳои осмонӣ якест ва миёни онҳо тафовуте дар ҳавзаи имон ба мушоҳида намерасад, тафовут фақат дар ҳавзаи шариат шурӯъ мешавад. Ба ин далел маҳдудандешон ва таассубкешони ҷамеъи адён ва мазоҳиб ба ихтилофу тафриқа фикр мекунанд ва ҳақиқати илоҳиро сирфан дар матни шариати худ мебинанд ва сойири шариатҳоро гумроҳкунандаву  нобудсозанда мепиндоранд.
Дар ояи 111 сураи Бақара ин бардошти инҳисорӣ шадидан маҳкум шудааст: «Гуфтанд: «Ҷуз яҳудон ва масеҳиён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи онҳост. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҳуҷҷати хеш биёваред». Оре, ҳар кас ки аз рӯи ихлос рӯ ба Худо кунад ва некукор бувад, подошашро аз Парвардгораш хоҳад гирифт ва дастхуши биму андӯҳ намешавад».
Мутаассифона чунин тафаккури инҳисорталабона дар қисми азиме аз мусалмонон низ дида мешавад, ки фақат аҳли исломро мӯъмин-роҳёфтаву раҳоёфта ва роҳиёни сойири ойинҳоро кофир – роҳгумкардаву баҳалокатрасида меангоранд ва ҳол он ки чанд ояи мубораки Қуръон ин зеҳнияти ҷоҳилона ва мутлақгароро нақше бар об месозад: «Касоне ки имон оварданд ва касоне ки ойини яҳудон ва тарсоён ва собиъонро баргузиданд, агар ба Худо ва рӯзи Қиёмат имон дошта бошанд ва коре шоиста кунанд, Худо ба онҳо подоши нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин». (Бақара, 62).
Ин андешаи қудсӣ дар ояи 82 сураи Бақара, ояи 173 сураи Нисо ва ояи 69 сураи Моида такрор мешавад ва бармеояд, ки танҳо мусалмонон мӯъмин нестанд, балки тамоми онҳое ки дар ин дунё ба Худову Растохез бовар доранд ва корҳои хайр анҷом медиҳанд, дар ин сафи баракатёфтаву башоратёфта қарор доранд ва наҷот, биҳишт ва саодат мухтасси нажоде ё қавме (чунонки яҳудиён иддао доранд) ва ё пайравони як ойине (чунонки дастае аз мусалмонон иддао доранд) нест, Худои Меҳрбон биҳиштро барои ҷамеи бандагонаш аз оғоз то фарҷоми таърих халқ фармудааст ва агар афроде туғён варзиданду аз масири камол лағзиданду аз раҳмати илоҳӣ Иблисвор ноумед шуданд, айб дар худи онҳост, ки ҷаҳлро бар илм, зулматро бар нур,  зиштиро бар зебоӣ, ҷаҳаннамро бар ҷаннат  бартарӣ доданд, балки пайравони солеҳи куллияи ойинҳои осмонӣ ба биҳишт хоҳанд рафт ва ҷовидона он ҷо хоҳанд буд.  На тааллуқпазирӣ ба мазҳабе ё дине ва нажоде ё қавме, балки имони комил, ҳукумат бар нафс, некукорӣ ва таслимӣ маҳз дар пешгоҳи хости илоҳӣ инсонро ҳамсалову ҳамнавои фариштагон месозад!

5
Гуфтугӯи миёни тамаддунҳо ахлоқи ҷаҳониро тақозо дорад. Чунонки бо ҳамаи гуногунии тамаддунҳо як тамаддуни ҷаҳонӣ ё заминии воҳид аз оғози таърих ҳастӣ дорад, ки аз куллияи онҳо бархоста, куллияи ҳамгуниҳову ноҳамгуниҳои онҳоро дар оғӯш мегирад, бо ҳамаи танаввуъи ахлоқҳо, ки қабл аз ҳама аз омӯзаҳои динӣ сарчашма мегиранд, як ахлоқи ҷаҳонии воҳид вуҷуд дорад, ки бунёнҳои ҷаҳонии равобити байни давлатҳо, мамлакатҳо ва маданиятҳо устувор бар он аст. Худои Якто тамоми тамаддунҳои заминиро дар як тамаддуни заминии воҳид ва тамоми ахлоқҳоро дар як ахлоқи заминии воҳид иттиҳод мебахшад ва муаррифӣ мекунад. Тамаддуни инсонии воҳид бо арзишҳои муштараки худ ҳатто қодир аст, ки бо тамаддунҳои фарозаминӣ ва фароҷаҳонӣ, ки айдун на мо аз онҳо иттилоъ дорем ва на онҳо аз мо, дар оянда ба муколама бипардозад ва таъсир бигираду таъсир бигузорад, зеро ин ҳама арзишҳо маншаи илоҳӣ доранд ва мухтасси тамоми мавҷудоти ҳушманди Коинотанд, ки дар ҳаждаҳ ҳазор ё бистучаҳор ҳазор олам бошиш гузидаанд.
Ахлоқи ҷаҳонӣ чист? Дарки он ҳақиқати самовист, ки мо- соҳибони тамаддуни ислом рӯи сафҳаи офоқ монои хуршед фард нестем ва дигар ахтарҳо ҳам фурӯзонанд ва ҳаққе ба зиндагӣ, озодӣ ва тобандагӣ доранд ва арзишҳои ягонае ҳастанд, ки онҳоро халқҳо ва мамлакатҳо ба ҳайси ҳанҷор (меъёр)-и ахлоқии воҳид мепазиранд. Ахлоқи ҷаҳонӣ пазириши плюрализми тамаддунӣ дар сатҳи байналмилалӣ, истиқлоли воқеии танаввуъи фарҳангҳо ба манзалаи вижагии поёи ҷомеаи башарӣ ва як сармояи гаронқадр ҷиҳати тараққӣ ва рафоҳ, шинохти расмии тамаддунҳои гуногун, сиголиш ба сулҳи ҷаҳонӣ, таъвизи забони гуфтугӯву хушунат ба оштиву меҳр аст. Ахлоқи ҷаҳонӣ ҳамоно пазируфти арзишҳои муштарак мисли аслҳои ягонагиву якпорчагии банӣ башар, таҳаммулпазирӣ, бурдборӣ, ёрӣ ба ҳамгинон, дастгирии мустамандон, озодиҳои инфиродӣ ва иҷтимоӣ, додгарӣ, дилсӯзӣ, арҷгузории ҳамдигар, озодии фикру баён ва баробарии ҳамаи одамон дар пешгоҳи Худост. Ахлоқи ҷаҳонӣ яксӯгузории ихтилофоту таноқузоти нажодӣ, қавмӣ, таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва марзиро мадди назар дорад.
Тамаддуни ҷаҳонии ягона зинҳор ба мафҳуме нест, ки танаввуъу такосур барҳам хӯрад ва ҷамеи башарият соҳиби як ақида, як мамлакат, як давлат, як забон,  як фарҳанг ва як тамаддун гардад. Кофӣ Аннон, пешин дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар суханроние, ки дар Маркази мутолиъоти исломии Донишгоҳи Оксфорд (1 августи соли 1999) дошт, гуфт: «Ва ин гуфтугӯ бояд бар асоси эҳтироми мутақобил бошад. Ҳадаф ин нест, ки тафовути байни абнои башарро ҳазф кард, балки онро бояд ҳифз кард ва ҳатто онро ба унвони манбаъе барои қудрат ва нишот гиромӣ дошт. Ин ҳамон ахлоқи ҷаҳонист, ки ба он ниёз дорем: чаҳорчӯбе аз арзишҳои муштарак, эҳсоси аз навъи башар будан, ки дар он суннатҳои мухталиф метавонанд ҳамзистии мусоламатомез дошта бошанд». (Рӯзномаи «Иттилоот», 15 шаҳривари 1378, чопи Теҳрон).
Имрӯз ин ҳақиқат рӯшантар аз бомдод аст, ки бе ахлоқи ҷаҳонӣ тамос, муфоҳама ва таовуни миллионҳо инсон ғайримумкин мебошад ва пойбандӣ ба аслҳои асили ахлоқи ҷаҳонӣ пешшарти ҳар гуна муколама аст ва ахлоқи ҷаҳонӣ аз ҳар гуфтугӯкунанда фарҳанги гуфтан ва фарҳанги шуниданро тақозо дорад ва бидуни фарҳанги гуфторӣ ва шунидорӣ ҳеҷ гуфтугӯи дарунтамаддунӣ ва бурунтамаддунӣ иттифоқ нахоҳад уфтод.

6
Агар  мо ба ваҳдат бияндешем, дар ҳама чиз ва дар ҳама ҷо ваҳдатро хоҳем дид ва агар мо ба ихтилоф бияндешем, дар ҳама чиз ва дар ҳама ҷо ихтилофро хоҳем дид. Пас ваҳдатандешӣ кунем, на ихтилофандешӣ.
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

(Мавлавӣ).

Тардиде нест, ки инсонҳо мутааллиқ ба тамаддунҳои мухталиф дидгоҳҳои мухталифе роҷеи равобити байни инсону Худо, фарду ҷомеа, шаҳрванду давлат, фарзандону хонавода, ҳуқуқу масъулиятҳо, озодиву бардагӣ, баробарии марду зан ва силсилаи мартабаҳои иҷтимоӣ доранд. Вале магар ин бинишҳо ба ғоятест, ки миёни тамаддунҳо ончунон шикофҳои жарфе вуҷуд дорад, ки бо ҳам наметавонанд ба таомулу тафоҳум бипардозанд? Оё зиддияти байни Осиё ва Аврупо, ки шурӯъ аз аҳди Ҳеродот гашт, ҳамешагист ва Шарқ Шарқ ва Ғарб Ғарб боқӣ хоҳанд монд ва ҳар кадом даъвои меҳварият ва қутбият доранд? Чӣ сон метавон ба гуфтугӯ оғозид, агар ҳар қавме худро баргузидаи илоҳӣ ангорад ва фарҳанги худро меҳвари ҷаҳонӣ пиндорад?
Аммо ба  умқи  ҳикмати офариниш бияндешем, тафовутҳои нажодӣ, забонӣ ва динии башар фаръӣ ба нигоҳ меояд, чаро ки ҳамаи нажодҳо ба Одаму Ҳавво мерасанд, ҳамаи забонҳо аз як модарзабон реша мегиранд ва ҳамаи динҳо ба моҳият дини муҳаббатанд. Ва тамоми башар агарчӣ аз чашмаҳо ва рӯдҳои гуногун об мехӯранд, вале сарчашмаи ин ҳама дарёи Кавсар аст, ки дар осмони якуми биҳишт ҷовидона ҷорист.
Инҳисорталабӣ, таҳаммулнопазирӣ ва нобурдборӣ сароғози чолишҳову танишҳову кашокашҳои ҷаҳонӣ ва табдили масъалаҳои ҷузъӣ ба бӯҳронзост.
Башарият ягона аст ва ягонагии башарият андешаи раҳоибахш бувад ва мо одамон ҳама имрӯз савори як киштием, ки Замин ном дорад ва агар киштӣ ғарқ шавад, ҷумлагӣ нобуд хоҳем шуд. Пас бунёнҳои устувор ва қудратманде дар тамоми тамаддунҳо вуҷуд дорад, ки бистари баракатбору файзосори гуфтугӯро ҳамвор месозад. Аз аъмоқи куллияи тамаддунҳо даъвати ҷаҳоние ба гуфтугӯ ғулғула меандозад. Арзишҳои ҳамагоние монанди навъдӯстӣ, покдилӣ, озодӣ, ҳамдардӣ, вазифашиносӣ, садоқат, озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳи ҷаҳонӣ бисёр бузургу муқаддас ва аносире аз ахлоқи илоҳианд ва ин аслҳо тамаддунҳоро иштирок ва умумият мебахшанд, посдории ин арзишҳо посдории назарияи гуфтугӯи тамаддунҳост. Ин назария арҷгузорӣ ва мӯҳтарамшумории тамоми динҳо ва тамаддунҳост ва дар мухолифати комил бо инҳисорталабиҳои қудратҳо ва тамаддунҳои бузург қарор дорад, нафйи мутлақгароиҳои динист, нафйи ситезаҷӯиҳои сиёсӣ ва қавмист, нафйи ҷаҳони якқутбӣ ва ҳаракати мантиқӣ ба сӯи ҷаҳони чандқутбист.
Зимнан аз он гоҳе ки дар дунё асли гуногунӣ ва такосури халқҳову забонҳо, динҳову фарҳангҳо, мамлакатҳову давлатҳо ба зуҳур пайваст, ҷаҳон асло якқутбӣ набудааст ва қутбҳо ҳам барои ҳамеша пойдор намондаанд. Ғайриимкон аст, ки як қудрати сиёсӣ бар саропои ҷаҳон якатозӣ кунад, бенуқсону бегазанд, берақибу бебадал бошад. Мо дар ҷаҳони чандсадоӣ, чанднизомӣ, чандқутбӣ, чандзабонӣ ва чандтамаддунӣ зиндагӣ дорем ва як садо, як низом, як қутб, як забон ва як тамаддун нотавон аст, ки бар сартосари ҷаҳон тасаллут дошта бошад. Ҳикмати илоҳӣ ин аст, ки ҷаҳон чандқутбӣ хоҳад буд, то як  тавозуну таъодуле миёни нерӯҳои ҳамовард ҳосил ояд.
Пас парадигмае ки ҷонишини парадигмаи бархӯрди тамаддунҳо бошад, маҳз гуфтугӯи тамаддунҳост, ки як чаҳорчӯбе барои робитаҳои байналмилалии навин ва ягона роҳи мумкин ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳи ҷаҳонии пойдор аст, ки талошҳои султаҷӯёнаи қудратҳои бузургро хунсо месозад, фарҳанги мадоро, созгорӣ ва оромишро ҷойгузини фарҳанги зӯроварӣ, гусастагӣ ва ошуфтагӣ мекунад, ҳаёти боэътидол ва шарофатмандонаро барои ҳар инсон тазмин менамояд ва ояндаи рӯшанро барои ҳама навид медиҳад; гуфтугӯи тамаддунҳо як ҳақиқати бечунучаро ва мондгорест. Пас ҷиҳати он ки хуршеди сулҳу субот дар чаҳор сӯи гетӣ пояндаву тобанда бошад, роҳе ҷуз ин нест, ки тамаддунҳо мавҷудияти таърихии якдигарро таҳаммул кунанд, ба ҳам эҳтиром бигузоранд, аз бинишҳои асосии динӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ ва сиёсии ҳамдигар огоҳии хуб дошта бошанд, бо ҳам ба таомул бипардозанд, табодули андешаҳову андӯхтаҳо, донишҳову фановариҳо кунанд, аз ҳам омӯзанд ва дороиҳои хешро афзоянд.
Ниёз дар рӯзгори мо ба ин ахлоқи ҷаҳонӣ, ба ин фалсафаи зиндагисоз, ба ин ҳамзистии мусоламатомез, ба ин ҳамкории созанда, ба ин ҳамёрии барозанда ба маротиб бештар аз гузаштаҳост ва тарҳи ин муколама бояд бар мабнои робитаҳои байналмилалӣ қарор бигирад, зеро маҳз гуфтугӯ ва табодули афкори рӯшангару созанда қодир аст каҷфаҳмиҳоро аз байн барад, дидгоҳҳоро наздик созад, ба ҳақиқат ва натиҷаи муштарак расад ва  ошуфтагиҳоро дар муносиботи байни кишварҳо коҳиш диҳад ва ҷаҳонро ба сӯи ояндаи рӯшан ва умедбахш ба пеш бибарад. Умед аст, ки ҳазораи сеюм, ки мо дар оғозгоҳи он ба сар мебарем, ба ҳазораи ҳамфаҳмию ҳамёбӣ, ҳамкориву ҳамёрии миллатҳову мамлакатҳо, динҳову фарҳангҳо табдил хоҳад ёфт ва сулҳу амният бар саросари сабзсайёраи Замин пойдор хоҳад монд.

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед