menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Роҳи нав ба Аврупо

Дар интиҳои баҳор дар пойтахти Чехия анҷумани ҳаждаҳуми навбатии  Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили иқтисодию экологӣ сурат гирифт. Як сол муқаддам таҳти раёсати Юнон кишварҳои аъзои ин созмон оид ба равандҳои муҳоҷират мавқеи умумиро бо назардошти робитаҳои  мутақобила дар сиёсати  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи табиати давлатҳои шарик таҳия намуда буданд. Акнун Қазоқистон, ҳамчун раиси САҲА дар соли равон барои баррасӣ масъалаи беҳсозии амнияти роҳҳои байнисарҳадии нақлиёти боркаши заминӣ ва мусоидат ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани байналмилалиро ба миён гузошт.
Дар робита ба ин, бешубҳа, ҳамон далел боиси таваҷҷӯҳ аст, ки ташаббуси «нақлиёт»-ии Остонаи расмӣ тасодуфӣ нест. Дар ин соҳа роҳбарони Қазоқистон гуфтанианд, ки ба мо пайравӣ намоед. Аз моҳи сентябри соли 2009 дар ин мамлакати минтақаи Осиёи Марказӣ лоиҳаи бузурге амалӣ мегардад, ки намунаашро имрӯз пайдо кардан амрест маҳол. Ин сохтмони роҳи мошингарди «Аврупои Ғарбӣ- Чини Ғарбӣ» мебошад. Аъзои воломақоми ҳукумати Қазоқистон иброз медоранд, ки ин лоиҳа дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад. Мегӯянд, ки аз шоҳроҳи сеҳазоркилометраи Байкалу Амури даврони шӯравӣ, ки дар ду даҳсола 150 ҳазор коргар онро месохт, бузургтар аст. Қисми ба худ мутааллиқи шоҳроҳи «Аврупои Ғарбӣ – Чини Ғарбӣ»-ро хизматчиёни давлатии Остона ба нақша гирифтаанд, ки дар тӯли се сол месозанд. Шоҳроҳи «Аврупои Ғарбӣ – Чини Ғарбӣ» бояд ҳаракати муттасил, бо ҳузуру ҳаловат ва бехатари автомобилиро дар ҳудуди бузург – байни Санкт – Петербург ва бандари Лянюнгани Чин таъмин намояд. Дар Русия шоҳроҳ хатсайри Палмираи Шимолӣ –Маскав-Нижний Новгород-Қазон-Оренбургро дар бар мегирад. Қазоқистон ба бунёди хатсайр аз сарҳади вилояти Оренбури Федератсияи Русия ба воситаи Актобе, Қизилорда, Чимкент, Тараз, Кордай, Алмаато то бунгоҳи гумрукии Хоргос дар сарҳади Қазоқистону Чин масъул аст. Агар ин хатсайрро ба рақам гардонем, қариб 8440 километрро ташкил медиҳад, ки аз он наздики 2780 километраш аз қаламрави Қазоқистон мегузарад. Дар даштҳои қазоқ мардумон лоиҳаи мазкурро «роҳи нав ба Аврупо», расман бошад яке аз лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ном мегиранд.
Ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии сохтмон аллакай ҳуҷҷатҳоро барои ворид кардани шоҳроҳи «Аврупои Ғарбӣ- Чини Ғарбӣ» ба рӯйхати роҳҳои  автомобилии Осиё дар чорчӯбаи «ЭСКАТО»-и СММ барои мамлакатҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором омода месозанд. Дар назар аст, ки шоҳроҳ расман аз категорияи дуюм ба категорияи якуми техникӣ – ба роҳи ҳаракати чорқатора гузаронида шавад. Чизи аҷиб ҳамин аст, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҳукумати Қазоқистон маблағгузории лоиҳаро ба дӯш гирифтааст. Камаш се сарчашмаи маблағгузорӣ дар назар аст: буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзи берунаи институтҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷалби сармояи шахсӣ дар асоси имтиёзҳо. Масалан, барои таҳияи нисбатан комили лоиҳа ҳукумати Қазоқистон бо Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 187 миллион доллар қарз ба мӯҳлати 20 сол шартнома баст, ки панҷ солаш давраи имтиёзнок буда, аз рӯи ставкаи LIBOR+0,2% амал менамояд. Маблағ барои азнавсозии қитъаи Тараз-Кордай, ки дарозиаш қариб ба 80 километр мерасад, пешниҳод мегардад. Ба ғайр аз БОР дар амалисозии лоиҳа Бонки исломии рушд, Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд саҳм мегиранд. Ин лоиҳаро бояд кайҳо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо зери қаноти худ мегирифт, зеро роҳ аҳамияти геополитикӣ дошта, боркашониро ба се тарафи стратегӣ: Осиёи Марказӣ –Чин ва Чин-Қазоқистон-Русия-Аврупои Ғарбӣ таъмин менамояд. Роҳ вақти  зиёдеро намегирад. Шоҳроҳи абрешими эҳёгашта нисбат ба роҳи баҳрӣ ба воситаи канали Суэтс чор маротиба ва аз шоҳроҳи Транссибир якуним маротиба кӯтоҳтар аст. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки роҳи нав пурра ва ҳамеша истифода шавад.
Дар Қазоқистон ба муассисаҳои касбӣ барои ба истифода супурдани роҳ мӯҳлати ниҳоӣ муайян гардидааст, бояд аллакай дар соли 2012 мошинҳо ба роҳи нави асфалтпӯш бароянд. Иҷрои лоиҳа зери назорати хосаи президент Нурсултон Назарбоев қарор дорад. Чунин муносибати ҷиддӣ ва масъулиятноки Остона ба бунёди шоҳроҳи «Аврупои Ғарбӣ – Чини Ғарбӣ» боиси таҳайюр нест, баръакс намунавист. Ин лоиҳа барномаи мукаммал ва басандаи зиддибӯҳронӣ ба ҳисоб меравад, ки аз тарафи ҳукумати кишвар дар зарфи ду сол роҳандозӣ мешавад. Аз ҳисоби фаъолона иштирок намудан дар бунёди он якбора панҷ минтақаи Қазоқистон, аз ҷумла вилоятҳои осебпазири Қизилорда ва Ҷамбул зуд рушд меёбанд. Дар соли рафта аз ҳисоби лоиҳа на кам аз панҷ ҳазор сокини Қазоқистон соҳиби ҷойи кор шуд. Дар назар аст, ки ин рақам дар охири соли равон ба 50 ҳазор мерасад. Яъне аҳолии бисёр деҳаҳо соҳиби кор ва пули нақд мешаванд. Роҳ моҷароҳои қавмӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро бартараф сохта, ба сӯи ваҳдати кул роҳ мекушояд. Тиҷорати хурду миёна, хизматрасонӣ ва туризмро дар Қазоқистон рушд мебахшад. Ҳисобҳое, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронидааст, нишон медиҳанд, ки аллакай дар соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ дуним маротиба меафзояд. Фоидаи умумии иқтисодии ҳарсола қариб 225 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ин танҳо аз ҳисоби ихтисор шудани роҳи боркашонӣ аз Аврупо ба Чин ва аз Чин ба Аврупост. Ғайр аз ин наздики 350 миллион доллар аз кам гаштани садамаҳои нақлиётӣ фоида ба даст меояд. Ҳамчунин зиёда аз 540 миллион доллар аз фурӯши маҷмӯи маҳсулоти минтақа даромад гирифтан  муяссар мегардад.
Барои беҳсозии вазъи экологии минтақа низ иҷрои бисёр корҳоро ҳукумати Қазоқистон ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин ба бунёди шоҳроҳ кишвари Белорус даъват шудааст. Ҳамин тариқ шоҳроҳи «Аврупои Ғарбӣ- Чини Ғарбӣ» дар тамоми қаламрави САҲА лоиҳаи бузургтарин ба ҳисоб меравад ва он таваҷҷӯҳи бештари ин созмон ва иштирокдорони алоҳидаи онро тақозо дорад.

Мирзои Фирӯз,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед