menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Гузориш аз ташрифи Президенти ҷумҳурӣ ба ноҳияҳои вилояти Суғд, 8 июли соли 2010

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Суғд ва сӯҳбатҳои наздик бо мардум ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар намуд.

Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои иҷтимоии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, дар охир бо роҳбарият ва фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи он дар нимсолаи якуми соли  равон ва нақшаҳои минбаъда машварати корӣ доир мекунад.
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз ёфт. Мардуми шукргузор аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва созандагию бунёдкорӣ ӯро бо самимияту муҳаббати зиёд истиқбол гирифтанд.
Дар ин ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз заминҳои корам ва боғҳои хоҷагии деҳқонии ба  номи Холмаҳмад Шоев ва Шариф Ҳасанов дидан карда, бо деҳқонону боғдорон аз наздик сӯҳбат намуд. Тавре ки маълум шуд, деҳқонони ин хоҷагиҳо асосан ба картошкапарварӣ машғул буда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат аз ҳар гектар то 450 - сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фарҳанги баланди истифодабарии заминҳои корам дар ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд, зеро ки деҳқонон аз ҳар ваҷаби он пурсамар истифода мебаранд. Зимни сӯҳбат ҳамчунин зикр гардид, ки имсол деҳқонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар майдони 1700 гектар замин картошка кишт намуданд ва аз он 60 ҳазор тонна ҳосил рӯёнданианд.
Дар деҳаи Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як нерӯгоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори лоиҳавиаш 70 кВт/соат аст. Иттилоъ дода шуд, ки бе насби агрегати иловагӣ имкони то 130 кВт/соат зиёд намудани иқтидори ин нерӯгоҳ мавҷуд аст. Роҳбари ширкати «Диамант ва К» Абдулвоҳид Ғаниев, ки ин нерӯгоҳро бунёд намудааст, дар сӯҳбат бо Сарвари давлат ва мардуми ноҳия қавл дод, ки  аз ҳисоби даромадҳои  ширкаташ боз як нерӯгоҳи хурди обӣ бунёд карда,  деҳаҳои Ғукат ва Даштаки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро пурра бо нерӯи барқ таъмин менамояд.
Зимни боздид, аз ҷумла зикр гардид, ки ин нерӯгоҳ бо васлу насби 2 трансформатор ва хатҳои барқӣ дар зарфи ду соли охир бо харҷи қариб 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва он метавонад 57 хоҷагии ин деҳаро бо нерӯи барқ таъмин намояд.
Таъкид гардид, ки ин иншоот аз ҷумлаи 53 нерӯгоҳи хурди обӣ аст, ки дар доираи барномаи бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар солҳои охир дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёд ёфтаанд. 
Дар ҳамин деҳа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як бунгоҳи тиббӣ ба истифода супурда шуд, ки дорои шароити муосир барои хизматрасонии аввалияи муоина ва муолиҷа мебошад. Зимни сӯҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ маълум шуд, ки  аз ин ноҳия бо Квотаи президентӣ 12 нафар ҷавон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабул шудааст, 3 нафари онҳо аллакай ин муассисаи олиро хатм намуда,  имрӯз ба мардуми диёри худ хизмат мерасонад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия низ дидан кард. Чунонки аз сӯҳбат бо деҳқонону боғдорон маълум шуд, парвариши картошка, занбӯри асал, ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва ҷамъоварию истифодаи гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои парвариши гӯсфанди ҳисорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва умуман вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуд, зеро дар муддати кӯтоҳ саршумори  ин навъи гӯсфанди хушзот дар ноҳия ба 5 ҳазор ва дар вилояти ба 40 ҳазор сар расонида шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии Шариф Ҳасанов суханронӣ намуда,  бо роҳбарият ва фаъолони  ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.
Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки соли 2001 барои давраи то соли 2015 қабул шуда буд, то имрӯз 45 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд. Аз ин ҳисоб дар ноҳия зиёда аз 130 иншооти нави иҷтимоӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд ёфтааст. Тибқи барномаи мазкур бунёди 131 иншооти дигар дар нақшаи солҳои наздик аст.
Тибқи маълумоти Сарвари давлат, имсол ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда қариб 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло дар ноҳия ҳашт лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ мешавад, ки маблағи умумии онҳо 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи ин лоиҳаҳо 8 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 12 мактаб таҷдиду тармим гардида, барои муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 40 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харида шудаанд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки тамоми мактабҳои ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Тоҷикистон бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ то моҳи сентябри соли равон пурра таъмин карда мешаванд. Ба масъулони дахлдор дастур дода шуд, ки то ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 тамоми мактабҳои  таъмирталаби ноҳия  пурра навсозӣ карда шаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба суолу дархостҳои мардуми ноҳия посух гуфт.
Аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст ба зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки тибқи маълумоти зиёди таърихию фарҳангӣ ва ривоятҳои мардумӣ маҳз дар деҳаи Вешаби ноҳияи мазкур солҳои охири ҳаёти худро сипарӣ намуда, дар ҳамин ҷо ҷисмаш ба хок супурда шудааст, раҳсипор шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар назди оромгоҳи Шамси Табрезӣ бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид ба рӯҳи поки ин орифи маъруфу машҳури олам ва ҳам барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз дуои накӯ карданд.
Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати 220 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд-Айнӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфт.
Пояи нахустини  ин хати барқӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Президенти мамлакат ба мардуми ҷамъомада мужда расонд, ки ин хат дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне баъд аз як сол бояд мавриди истифода қарор гирифта, дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар қадами устувор гардад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ин хат ба 118 км тӯл кашида, имкон медиҳад, ки водии Зарафшон низ тавассути хати 500 - киловолтаи Ҷануб – Шимол ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст шуда, аз мушкилоти норасоии нерӯи барқ раҳо ёбад.
Ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 130 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати ТВЕА – Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дидан кард.
Аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони нақби мошингарди Шаҳристон аз қисмати шимоли он аз наздик шинос шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии лоиҳавии нақби нақлиётӣ  5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5305 метр буда, дар бунёди он 394 нафар кор мекунад. Аз ин шумора қариб 100 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар рафти шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз нақби нақлиётӣ ба дарозии беш аз 4 ҳазор метр ва нақби ҳаводиҳанда зиёда аз 4200 метр канда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони дахлдор дастур дод, ки  нақби Шаҳристон то моҳи июли соли 2011 пурра ба истифода супурда шавад.


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед