| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Тадбирҳои аҳамияти стратегидошта қабул гардиданд
Барномаҳои иҷтимоии имрӯзҳо мавриди амал қароргирифта кафолати онанд, ки маъюбону пиронсолон ҳамеша дар мадди назари мақомоти идораҳои давлатӣ ва сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, давлат ва ҷомеа нисбат ба онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Бо мақсади тақвият бахшидани хифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбону пиронсолон аз ҷониби давлат тадбирҳои аҳамияти стратегӣ дошта қабул гардидаанд. Татбиқшавии муқаррароти Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, нақшаи татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар партави он дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», таҳияи механизми нави муайян кардани оилаҳои камбизоат, таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, баланд бардоштани андозаи нафақа ва тадбирҳои дигар асоси воқеии сиёсати некбинонаи давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати маъюбон ва пиронсолон ба шумор меравад.
Маблағгузории маъракаҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон сол то сол зиёд мегардад. Соли ҷорӣ барои истифодаи имтиёзҳо дар самти муолиҷаи санаторию курортӣ, истифодаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, барои хизмати алоқа ва хизматҳои коммуналӣ (об, партовҳо, гармидиҳӣ), ҷубронпулӣ ба иштирокчиён ва маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил бар ивази роҳхатҳои истифоданашуда барои муолиҷаву истироҳат, инчунин нигоҳдории осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои маъюбон, хариди таҷҳизоти протезию ортопедӣ ба маблағи 69 миллиону 927 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст, ки ин аз сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 557.998 нафар нафақагир бо нафақа таъмин аст. Аз шумораи 156 ҳазор маъюб 1747 нафараш маъюби ҷанги Бузурги Ватанӣ, 19500 нафари боқимонда кӯдакони маъюбанд.
Андозаи миёнаи нафақа то 1 июни соли ҷорӣ аз рӯи синну сол 92.04 сомонӣ ва аз рӯи маъюбӣ 128.57 сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади сари вақт ва босамар амалӣ гаштани ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбону пиронсолон дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 5 хона-интернати пиронсолон ва маъюбон, 2 хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳӣ ва «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ», 6 маркази минтақавии хизматрасонӣ ба пиронсолону маъюбон, коргоҳи протезию ортопедӣ бо бахшҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ», 4 муассисаи истироҳатию табобатӣ ва Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» фаъолият доранд, ки ин муассисаҳо дар маҷмӯъ низоми мукаммали сохтори вазоратро дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон барои тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо вазорат ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Комиссияи Аврупо, Барномаи тараққиёти СММ, Агентии байналхалқии рушди ҳамкории Туркия (ТИКА) ва даҳҳо созмонҳои дигар рӯз аз рӯз беҳтар намуда, дар доираи ин гуна ҳамкорӣ яке аз биноҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» ҳамчун Маркази илмии методӣ барои кормандони иҷтимоӣ таъсис ёфт.
Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ боз 4 маркази минтақавии будубоши рӯзона барои маъюбон ва калонсолон ва 3 марказ барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои 100 нафар 1 хонаинтернати касалиҳои рӯҳӣ кушода мешавад.
Оид ба татбиқи чорабиниҳои зикргардида ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоию моддии маъюбону пиронсолон нақши вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хеле фаъол мебошанд. Дар ин самт мавқеи ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, кару гунгҳо ва нобиноён, Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ низ назаррасанд. Дар мисоли ҳамкории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ин ташкилотҳо метавон гуфт, ки ин гуна фаъолият хеле самарабахш ба роҳ монда шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ҷамъиятҳои маъюбон бевосита иштирок намуданд. Чунин ҳамкориҳо барои такмили фаъолияти онҳо мусоидат менамоянд.
Соима МУҲАББАТОВА,
сардори шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва
масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдаки
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|