menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Гузориш аз ташрифи Президенти ҷумҳурӣ ба ноҳияҳои вилояти Суғд, 8-10 июли соли 2010

Субҳи 9 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшани бостонӣ идома ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мактаби нави деҳаи Найман, ки ба тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳа бунёд ёфтааст, ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки мактаби мазкур  барои 330 нафар аз ҷониби соҳибкорон ва саховатмандони деҳа бо харҷи 750 000 сомонӣ дар зарфи 4 моҳи охир бунёд ёфта, дорои 11 синфхона ва 4 утоқи корӣ мебошад.
Чунонки аён гашт, синфхонаҳо ва утоқҳои фаннии забони русӣ, англисӣ, риёзиёт, кимиё, биология ва технологияи информатсионӣ бо ашёи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз шудаанд. Синфи компютерӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет низ пайваст аст. Дар назди мактаб ҳамчунин варзишгоҳи хуб бунёд меёбад, ки то оғози соли таҳсил ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ояндаи ин мактаб, ки ба истиқболи ӯ омада буданд, сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дода, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани илму технологияҳои муосир ҳидоят намуд. Аз чониби Президенти мамлакат       Эмомалӣ Раҳмон ба ин мактаби навбунёд 10 компютер ва дигар таҷҳизоти техникии таълимӣ  тӯҳфа карда шуд.
Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонӣ ва савдои  «Садбарг»  ба истифода супурда шуд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин маҷмаа ҳанӯз соли 2005 оғоз ёфта, барои лоиҳакашӣ, сохтмон, васлкунӣ ва таҷҳизонидани он зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Маркази мазкур дар майдони  ним гектар замин бунёд ёфта, аз меҳмонхонаи сеситора барои 18 нафар, тарабхона бо 120 ҷойи нишаст, боғчаи бачагон барои 50 кӯдак, мағозаҳои фурӯши тӯҳфаҳо, либосҳои мардонаву занона ва бачагонаи истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ, маводҳои хӯрока, интернет-кафе, фитнесклуб, хушкашӯии либос, ҳаммом, сехҳои дӯзандагию қаннодӣ иборат аст.
Аз ҳама ҷойи ҷолиби ин марказ мавзеъҳои бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд.
Дар Маркази хизматрасонӣ ва савдои  “Садбарг”, ки аз ҷониби бародарони соҳибкор Аюбовҳо бунёд ёфтааст, беш аз 150 нафар шаҳрванд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст.
Яке аз қисматҳои аз ҳама муҳим ва хотирмони ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ     Раҳмон ба шаҳри Истаравшан боздиди ӯ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ буд.
Дар ин ҷо маҳсули кори устоҳои чирадасти чӯбтарош, оҳангар, мисгар, чармгар, читгар, мӯзадӯз, гулдӯз, гилембоф, қаннод ва ғайра ба маъраз гузошта шуда буданд. Фаровонӣ ва гуногунрангии маҳсули ҳунарҳои бостонӣ ва муосири мардумӣ аз таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик, аз ҷумла тоҷикони Истаравшани бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Дар тарабхонаи «Сӯҳбати дӯстон»-и шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури дастаҷамъонаи 40 нафар писарча ва базми арӯсии 10 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои камбизоат иштирок намуда, ба созмондиҳандагони ин амри хайр, ки дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои падаронаи Сарвари давлат ба роҳ монда шудааст,  арзи сипос кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои арзишманди барои рӯзгори ояндаашон зарурӣ, аз ҷумла телевизор, яхдон, чангкаш ва дигар дастовезҳои тӯёна тақдим намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии он иштирок намуда, аз самараи заҳмати аҳли деҳот, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳо тавассути кишти тухмиҳои хушсифат ва нигоҳубини хуби боғу токзор изҳори қаноатмандӣ намуд.
Чунонки маълум шуд, дар деҳаи Ругунд 14 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, онҳо ба парвариши боғу токзор, кишти сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд.
Таваҷҷӯҳи бештари Сарвари давлатро дар хоҷагии деҳқонии Ругунд таҷрибаи парвариши ангури кишмиш бо усули бобоӣ ҷалб намуд.
Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо ангур дар рӯйи замин бе сутунгузорию симкашӣ, яъне бо усуси хеле ҷолибу камхарҷ ба роҳ монда шудааст. Дар байни қаторҳои токзор ҷӯйҳои калону чуқур канда шудаанд, ки барои захираи об ва яхобмонӣ ва ҳамчунин барои дар фасли зимистон зери хок кардану аз сардӣ эмин нигоҳ доштани токҳои ангур пешбинӣ шудаанд.
Чунонки аз сӯҳбат бо роҳбарияти хоҷагӣ аён шуд, он дорои 1820 га замин ва 1916 саҳмдор мебошад. Аҳли хоҷагӣ соли гузашта аз 381 га токзори кишмиш 9100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Имсол умед доранд, ки аз ҳар гектар то 300 -сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Хоҷагӣ ҳамчунин бо ниҳолпарварӣ машғул буда, айни ҳол беш аз 1 миллион навниҳоли фурӯшӣ омода кардааст, аз он беш аз 300 ҳазорашро ниҳолҳои ангӯри кишмиш ташкил медиҳанд.
Дар сӯҳбат бо занбӯрпарвари ҳамин хоҷагӣ Шералӣ Аминҷонов маълум шуд, ки ӯ соли гузашта аз 90 оилаи занбӯр 3 тонна асал ҷамъоварӣ намудааст. Ба гуфти ӯ, дар ин минтақа дар як сол то 4 маротиба асал гирифтан мумкин аст. Ҳар оилаи занбӯри асал дар як сол то 30-35 кг асал медодааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои токзори хоҷагиҳои деҳқонии Ругунд ва Миразим ҳамчунин якчанд ниҳоли ангури кишмиш шинонда, ба роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Истаравшан ва боғпарварони ин хоҷагиҳо дастуру маслиҳат дод, ки чунин усули парвариши ангури ин навъи бозоргирро дар минтақаҳои ҷануби кишвар низ ба роҳ монанд.
Роҳбари хоҷагии Ругунд Ғафурҷон Ҳомидов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ба ӯ дар ноҳияҳои ҷануби кишвар замин ҷудо кунанд, ӯ омода аст, ки ин корро дар он ҷо ривоҷ диҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ба ӯ барои ҷудо намудани замин ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ мусоидат намоянд.
Субҳи 10 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, як қатор иншооти навбунёдро мавриди истифода қарор дод ва бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту сӯҳбатҳо намуд.
Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ        Раҳмон дар ин ноҳия нахуст корхонаи  муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон Олимпия ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 1,5 миллион евро барои тозакунӣ, яккачинӣ ва заҳролудсозии тухмии зироатҳои гуногун бунёд ёфтааст. Таъсисдиҳандаи ин корхона  аз ҷониби Тоҷикистон ширкати Хуҷанд инвесткоотон мебошад, ки фаъолияти гуногунсамти тиҷоратию саноатӣ дорад. Корхона бо харҷи 2 миллиону 130 ҳазор евро бунёд ёфта, дар он 50 нафар соҳиби кори хуб гаштааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки  ин корхона қодир аст дар як соат 4 тонна чигити тухмӣ ва ё 10 тонна тухмии ғалладонагӣ ва дигар зироатҳоро коркард намуда, барои кишт пешниҳод намояд.
Чунонки маълум шуд, иқтидори корхона барои таъмини тамоми хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо тухмии хушсифат басандагӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, бо назардошти дурии масофаи миёни минтақаҳои кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки яктоӣ чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бунёд карда шаванд.
Ба гуфти мутахассисон, кишти тухмиҳои покшуда ва хушсифати корхона имкон медиҳад, ки хароҷоти киштукор ва нигоҳубини пахта ва дигар зироатҳо 4 баробар кам шавад. Аз чигити тухмии дар ин ҷо коркардшуда дар як гектар коштани 25 кг басанда будааст, ҳол он ки аз тухмиҳои муқаррарии чигити то ин вақт киштшаванда дар як гектар аз 80 то 150 кг сарф мешавад. Дар сурати кишти тухмии покшуда зарурати ягона кардани ниҳолҳои пахта низ аз байн меравад.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Халилмахсум ташриф оварда, нашъунамои ниҳолҳои пахтаро аз наздик мушоҳида намуд ва бо деҳқонон сӯҳбатҳо анҷом дод. Чунонки иттилоъ дода шуд, хоҷагӣ дорои 81 гектар замин ва 80 аъзо мебошад. Дар 40 гектари он тухмии хушсифати пахтаи навъи Хуҷанд - 67 кишт намудаанд. Соли гузашта онҳо аз ҳар гектар замин 35 -сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд, имсол бошад ин нишондиҳандаро ба 40 -сентнерӣ расонданианд.
Аҳли хоҷагӣ ҳамчунин бо боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ машғул буда, ризқу рӯзии худ ва хонаводаашонро аз замин ба даст меоранд.
Дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як мактаби навбунёд барои 280 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд,  ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Таваккал Воситов бо харҷи қариб 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Чунонки маълум шуд, то ин вақт наздики 300 нафар хонандаи синфҳои болоии ин деҳа ба мактабҳои деҳоти дигар мерафтааст, ки дар масофаи хелу дур қарор доранд. Аз ин хотир шодию нишоти мактаббачагони деҳаро аз ин икдоми накӯ ва саховатмандона ҳадду канор нест.
Бинои мактаб аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона, аз ҷумла утоқҳои технологияи иттилоотӣ, физика, химия-биология, озмоишгоҳи химия, технология, рӯзгордорӣ ва ҳамчунин китобхона, утоқҳои маъмурӣ ва ошхона мебошад.
Бо хушнудӣ мужда расонда шуд, ки аз оғози соли нави хониш 320 нафар хонандаи синфҳои 1-11 дар ду баст дар ин мактаб таҳсилро оғоз менамояд. Ба хонандагон 20 нафар омӯзгори соҳибихтисос, ки бештари онҳо истиқоматкунандагони ҳамин деҳа мебошанд, таълиму тарбия медиҳанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастур дод, ки дар назди мактаб як толори калони варзишӣ низ бунёд карда шавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби навбунёд 10 адад компютер ва дигар таҷҳизоти техникии таълим тӯҳфа намуд.
Дар сӯҳбат бо аҳли мактаб ва деҳа, ки ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба Ҷамоати деҳоти Қистакӯз номи аслӣ ва бостонии он Хистеварз баргардонда шавад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ     Раҳмон  аз зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Воҳидсаркор, аз ҷумла зикр гардид, ки имсол ҳосили зардолу хеле фаровон аст ва боғдорон умед доранд, ки аз ҳар гектари он то 50 -сентнерӣ мева ҷамъоварӣ намоянд. Дар воқеъ ҳосили зардолу дар боғоти ин хоҷагӣ ба ҳадде зиёд аст, ки шоху навдаҳои дарахтон сар ба замин фурӯд овардаанд.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими гузаштаи ниҳолшинонӣ дар майдони 5714 га заминҳои вилояти Суғд боғҳои нав бунёд ёфтаанд, ки наздики 4400 гектараш зардолубоғ мебошад. Умуман аз 48 ҳазор гектар боғоти вилояти Суғд 38 ҳазорашро боғҳои зардолу ташкил медиҳанд, ки аз он 23 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба васеъ намудани боғҳои зардолу, хуб ба роҳ мондани басту банди мева бо шаклу намои муосири бозоргир ва ба яке аз нишонаҳои Тоҷикистон дар бозори  ҷаҳонӣ табдил додани зардолуи хушк маслиҳатҳои муфид дод.
Дар хоҷагии деҳқонии Исҳоқбой Додобоеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон заминҳои кишти такрории сабзавоту лӯбиёгиҳоро аз назар гузаронд.
Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки аҳли хоҷагӣ баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона рӯзи 26 июн дар майдони 4,5 гектар лӯбиё кишт намудаанд, ки дар муддати кӯтоҳ аллакай нашъунамои хуби он ба назар мерасад. Умуман хоҷагӣ 80 гектар замин дар ихтиёр доштааст, ки наздики 50 гектари онро зардолубоғ ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи нақша бояд дар майдони 51 ҳазор гектар замини вилояти Суғд кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад. Айни ҳол дар 10 ҳазор гектар аллакай сабзавоту полезӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои хӯроки чорво баъди ҷамъоварии ғалладона кишт карда шудааст.
Дар боғи хоҷагии деҳқонии Турсунов Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони сершумори ҷангу меҳнат мулоқот намуда, бо онҳо оид ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, танзими расму оини мардумӣ ва тарғиби фарҳанги волои истифодабарӣ аз заминҳои ҳосилхез, обу ҳаво ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаю вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ аз рафти сафари 4 – рӯзаи кории худ ба вилояти Суғд ва аз рӯҳияи баланди созандаи мардуми заҳматдӯсти шаҳру ноҳияҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2010 нақшаи қисми даромади буҷети вилоят 107 фоиз иҷро шудааст. Ҳамзамон аз мавҷудияти бақияпулиҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда шуд ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои сифатноки буҷет, ҳарчи зиёдтар гардонидани воридоти маблағҳо ба он, тадриҷан кам кардан ва пешгирӣ аз афзоиши бақияпулиҳои андоз  чораҳои муассир андешанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маблағгузориҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ, ки ба рушду нумӯи иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят равона гаштаанд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бо ин ҳадаф тайи солҳои 2006-2009 ва нимсолаи якуми соли равон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 540 миллион сомонӣ равона гардидааст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки айни ҳол дар вилоят ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ 21 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ карда мешавад.
Дар  доираи татбиқи лоиҳаҳо 206 километр роҳ, 7 пул, даҳҳо муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти кишоварзӣ - ирригатсионӣ ва дигар соҳаҳои вилоят бунёд ва мавриди навсозӣ қарор гирифта, сохтмони 2 нақб идома дорад.
Дар нимсолаи якуми соли равон баҳри рушди соҳибкории хурду миёна дар вилоят аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ ба андозаи 330 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар мамлакат додашуда 37 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат дастур дод, ки баҳри зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои қарздиҳии хурд ба соҳибкорони хурду миёна чораҳо андешида шаванд. Оид ба истифодаи ҳадафманд ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бо таваҷҷӯҳ ба рушди саноат дар вилоят чун яке аз соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз афзун шуд ва афзуд, ки аз 243 корхонаи саноатии вилоят дар 132 -тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъмин шудааст, аммо истеҳсолоти 67 корхона коҳиш ёфтааст.
Аз ин хотир, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ дастур дода шуд, ки доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои истеҳсолӣ ва  афзоиши коркарди маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳозираи фаровонии нерӯи барқ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 11 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд ва вобаста ба ин ба масъулон дастур дод, ки баҳри тақсимоти дурусту бонизоми қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои муассир андешанд.
Дастуру ҳидоятҳои мушаххас ҳамчунин оид ба таъмини рушди минбаъдаи саноат, энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ,  аз худ кардани заминҳои нав, васеъ намудани майдони боғу токзор, ҷамъоварии ҳосили фаровони мева, ғалладона ва дигар зироатҳо, вусъат додани кишти такрорӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоии вилоят ва бисёр корҳои муҳими дигар дода шуданд. Дастур дода шуд, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия ҳар сол мутобиқи имкону захираҳо аз 50 то 100-120 гектар замини нав шодоб карда шуда, ба истифодабарии кишоварзӣ супурда шавад.
Дар машварат ҳамчунин ахбори раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳои он ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Дар ҳисоботи раиси вилоят, аз ҷумла зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои нави дигар соҳаҳо 22250 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд. Тибқи иттилои ӯ, дар 6 моҳи соли равон аз вилоят 87 ҳазор тонна сабзавот ва ҳазорҳо тонна меваи хушк ва тару тоза ба хориҷа содир карда шудааст, ки маблағи умумии он ба 54 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят дастур дод, ки то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар марказҳои  ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он толорҳои муосири варзишӣ бунёд намоянд, то ки ҷавонон шароити бо варзиш машғул шуданро дар ҳамаи фаслҳои сол дошта бошанд.
Дар маҷмӯъ изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки баҳри татбиқи амалии 3 ҳадафи асосии стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории ватани азизамон қадамҳои намоёни устувор пайи ҳам гузошта мешаванд ва мардуми сарфароз ва баору номуси мо ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузургу пурарзиш дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истиқбол мегиранд.


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед