logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 330; с. 2010, № 3, мод. 159) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ – қисми муҳими таркибии ҷараёни банақшагирии барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки имконияти санҷидани ҳама ҷабҳаҳои барномаи барӯйхатгирии аҳолиро то баргузории барӯйхатгирии асосӣ таъмин намуда, ба ин васила кори беист ва муваффақияти баргузории барӯйхатгирии аҳолиро муҳайё менамояд.».
2. Ба моддаи 4 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«3. Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду сол то баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар як ё якчанд воҳиди ҳудуди  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 4. Мақсади асосии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ санҷида баромадани лоиҳаи барномаи барӯйхатгирӣ, усулҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани он мебошад.».
3.  Моддаи 41 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «Моддаи 41. Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ
Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ аз номгӯи асосии чорабиниҳои ташкилӣ барои ҳар як марҳилаи кор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, мӯҳлати иҷрои онҳо, инчунин номгӯи мақомоти давлатие, ки дар асоси Қонуни мазкур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои онҳо мутасаддианд, иборат аст.».
4. Моддаи 61 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 61. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони мавриди пурсиш қароргирифта
1. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ҳуқуқ доранд, аз шахсони ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ  шаҳодатномаи мувофиқро талаб кунанд ва дар сурати пешниҳод накардани чунин шаҳодатнома ба саволҳои варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷавоб надиҳанд.
2. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ӯҳдадоранд барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ монеа нашаванд ва маълумоти мӯътамади инфиродиро мувофиқи варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ пешниҳод намоянд. Барӯйхатгирии аҳолӣ хусусияти ҳатмӣ дошта, шахсони мавриди пурсиш қароргирифта наметавонанд аз ҷавоб додан ба саволҳои варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ саркашӣ кунанд.».
5. Қисми 4 моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4. Варақаҳои пуркардашудаи барӯйхатгирӣ дар бойгонии мақомоти давлатии омор то 1 сол, маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ   РАҲМОН

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010, № 635


Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»
Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии    Ҷумҳурии   Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                    Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2010, № 124


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 8 июли соли 2010, № 65


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 842

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед