logo

номаҳо

Дасти ёрӣ сӯям дароз кунед

Як сол пештар ман ба воситаи нома аз ҳама шахсони ғамхору некдил барои ҷарроҳӣ намудани пойҳоям ёрӣ пурсида будам. Маро ноумед нагузоштанд, ба номам маблағ фиристоданд, аммо он барои ҷарроҳӣ дар шаҳри Маскав кифоят намекард. Худовандро шукр мегӯям ва аз Сарвари давлату шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Душанбе изҳори сипос менамоям, ки бо ёрии онҳо ба по хестам. Инак, 6 моҳ аст, ки таксиеро ба иҷора гирифтаам ва рӯзамро мегузаронам. Аммо бо ёрии асобағал кору зиндагӣ бисёр душвор аст. Пойҳои бениҳоят борикам қудрати бардоштани ҷисми маро надоранд. Модар ва хоҳару бародари хурдам дар рӯзгор ба мадади мани маъюб расида наметавонанд. Аз ин рӯ зарур шумурдам, ки ҳатман поямро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ намоям. Ва ин бор дар моҳи шарифи Рамазон  ёрӣ мепурсам. Яъне агар аз ҳисоби фитри рӯза ба ман ёрӣ расонанд, ба мақсаде, ки дорам, мерасам. Медонам, подоши онро ба шумо, ононе, ки дасти мадад дароз мекунед, ҳатман Худованди Кариму Раҳим медиҳад.

Хоҳиш дорам, ки маблағро
ба суратҳисоби зерин фиристед:
ҶСК  «Агроинвестбонк»,
МФО 350101403
К/СЧ 20402972714031
ИНН/банка 04 000 00 53
Р/счёт 20216972014032310125
Л/счёт 13821
Маҳмудов Ҷамшед Файзуллоевич

Пешакӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм мегиранд, изҳори сипос менамоям.
Ҷ. МАҲМУДОВ,
ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 269/2 ҳ.6


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 599

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед