logo

илм

Мутахассисони ҳирфаӣ ва лаёқатмандро гирд оварем

Фаъолияти пажӯҳишгоҳи мо серсоҳа буда, тамоми паҳлуҳои илми кимиё, аз ҷумла кимиёи узвию ғайриузвӣ, аналитикиву пайвастагиҳои калонмолекулавӣ, ғанигардонии маъданҳову коркарди партовҳо ва амсоли онро фаро гирифтааст. Ғайр аз ин, технология ва дар амал ҷорӣ кардани дастовардҳои нави соҳаи илми кимиё  вазифаи асосии кормандони институти мо мебошад.  Аз ин рӯ  ҳар як соҳа дорои озмоишгоҳ буда, феълан дар пажӯҳишгоҳ  ҳашт лаборатория амал мекунад.  Гирдоварии  ҳамаи соҳаҳои илми кимиё дар як пажӯҳишгоҳ ба мо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои илмии дар як соҳа ҳосилнамудаамонро барои рушди  соҳаи дигар истифода намоем ва чизи наве кашф созем. То имсол дар ин  озмоишгоҳҳо панҷ мавзӯъ мавриди таҳқиқ қарор дошт. Айни замон   тадқиқи ду мавзӯи навро илова намудем. Солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ  дар пажӯҳишгоҳ ду шӯрои диссертатсионӣ таъсис додем. Беҳтарин олимони ҷумҳурӣ аз муассисаҳои гуногун, аз ҷумла мактабҳои олии мамлакат ва  пажӯҳишгоҳи кимиё гирд омада, дар омодасозии муҳаққиқон  ба муассисаҳои  илмии ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.  Дар натиҷа ба мо муяссар гашт, ки олимони ҷавонро тарбия намоем. Иддаи зиёди онҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ карда, ҳоло  ба корҳои тадқиқотӣ машғуланд ва дар рушди илми тоҷик саҳм мегиранд.  Олимони мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкони роҳандозии тадқиқоти муҳими илмиро дар ҳамкорӣ бо беҳтарин муассисаҳои илмии ҷаҳон пайдо карданд ва бо маърӯзаҳои илмиашон дар анҷуманҳои бузург ширкат меварзанд.
Институт айни замон бо тамоми марказҳои илмии ҷаҳон равобити илмӣ дорад. Дар конференсияи умумирусиявии соҳаи полимерҳо, ки ба қарибӣ баргузор шуд,  аз институти мо 5 нафар корманд бо 7 маърӯзаи  илмӣ иштирок намуд.  Шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон аст, ки муҳаққиқони  мо дар  давоми як соли охир дар шаҳрҳои Бостон ва Филаделфия (ИМА), Женева (Шветсария), Турку (Финляндия), Урумчӣ (Чин), Исфаҳон(ҶИЭ), Алмаато, Боку ва ғайра дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ бо натиҷаҳи илмии худ ширкат варзиданд ва аксарияти онҳо  ҷавононанд.
Таи чанд соли охир ба кимиёшиносон муяссар гашта, ки дар марказҳои илмии кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҷриба омӯзанд ва ҳамкориҳоро бо онҳо ба роҳ монанд. Соли равон низ кормандон  барои таҷибаомӯзӣ  ба мӯҳлати як сол ба Олмон ва ИМА сафар карданд. Имрӯз давлат ба мо имкониятҳои зиёд додааст, ки дар илм нерӯи худро санҷем, бо олимони кишварҳои дигар дар робита бошем ва дар рушди кимиёи тоҷик саҳм гирем. Аз ин рӯ бо дастгирии МБТИ кормандони мо дар асоси   5 лоиҳаи илмӣ  тадқиқот мебаранд ва қисме аз онҳоро ба анҷом расондаанд. Кор аз рӯи лоиҳаҳо имкон дод, ки чанде аз озмоишгоҳҳоро бо таҷҳизоти замонавии таҳлилӣ, асбобҳои навтарини озмоишӣ ва компютеру шабакаи интернет таъмин созем. Шароити кор хубтару мақолаҳои беҳтарин навишта шуданд, ки онҳо дар маҷаллаҳои илмии Русия,  кишварҳои Ғарб ва ИМА ба табъ   расиданд. Умуман шумораи мақолаҳои илмӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол аз сад зиёд аст.
 Олимони ҷавон низ  натиҷаи хубе, аз қабили коркарди маъданҳои бордоштаи маҳаллӣ –дамбуридҳои кони Оқ-Архар ба даст оварданд, ки дар пайомади он  як қатор маҳсулоти нав, ба монанди намаки оҳан ва алюминий, кислотаи борат ва ангидриди бор ҳосил карда шуда, дар соҳаҳои сохтмон, саноат барои истеҳсоли шиша,  тиб ва ғайра истифода мешавад.
Дар асоси алюминий якчанд намуди хӯлаҳо ҳосил карда шуд, ки  барои рӯйпӯш кардани деталҳо, яъне муҳофизати онҳо  аз коррозия истифода  мегарданд. Ду тадқиқ дар корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» аз санҷиш гузашт. Соли равон барои ин тадқиқот 8 патенти хурди ҷумҳурӣ гирифта шуд.
Истифодаи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тоза - бо роҳи буғронӣ аз қӯрғошим ҷудо кардани симоб дар кони Ҷиҷикруд фоидаовар  аст. Коркарди илмии бо намаки ошӣ аз ҳамдигар ҷудо кардани тилло, нуқра ва мисро  барои маъданҳои  кони Тарор истифода бурдан мумкин аст. Моддаҳои пектинӣ, ки аз партовҳои меваҳо гирифта шуд, дар саноати  хӯрокворӣ ва  дорусозӣ истифода мешаванд. Бисёр доруҳо фаъолнокии худро дар меъда гум мекунанд ва ба рӯда рафта намерасанд. Агар мо ин доруҳоро ба даруни ғилофак, ки аз пектин сохта шудааст, гузорем, онҳо  вайрон нашуда, аз меъда мегузаранд.  Инчунин якчанд моддаи зиддимикробӣ синтез карда шуд,  ки сифати онҳо нисбат ба моддаҳое, ки ҳозир  мавҷуданд, баланд буда, барои муолиҷаи чорво истифода мешаванд. Ба доруи  чорво - «Карбадокс» боқимондаи кислотаи равғанӣ омехта шуд, ки он роҳи тақсимшавии  доруро дар организм ба воситаи ин модда муайян мекунад. Аксарияти  коркардҳо бо патенти ҷумҳуриявӣ ҳимоя  шуда, ҳамаи моддаҳои синтезшудаи дорувории институт аз санҷиши лабораторияи фармакология гузаштааст.
Ҳадафи ниҳоии мо аз таҳқиқоти илмӣ татбиқи дастовардҳоямон дар амал мебошад. Ин кори бисёр мушкил аст. Олимони мо дар ҳалли масъалаҳое,  ки дар  ҷумҳурӣ падид меоянд, саҳм мегиранд. Аз ин нигоҳ тамоми мавзӯъҳои  корҳои илмӣ  таҷдиди назар гашта, ба масъалаҳои ҳаллашон аввалиндараҷа мувофиқ гардонида шуданд. Коркарду ғанигардонии маъданҳо, бунёди хӯлаҳои ба коррозия тобовар, моддаҳои барои истеҳсоли дорувор  ва маҳви ҳашарот зарур ва амсоли он аз мавзӯъҳоеанд,  ки дар  беҳбудии  сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон олимони мо ба сифати коршинос дар ҳалли масъалаҳои муассисаҳои калонтарини соҳаи саноати ҷумҳурӣ ёрӣ мерасонанд ва баъди омӯзиш ба  онҳо тавсияҳои илмӣ медиҳанд. 
Мо қувваамонро ба он равона карда истодаем, ки дар атрофамон мутахассисони ҳирфаӣ ва лаёқатмандро  гирд оварем.

Ҷӯрабой ХОЛИҚОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи кимиёи
Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 857

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед