logo

дигар

Ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор гашт

Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  27 сентябри соли 2010 ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҳодисаҳои вақтҳои охир баамаломада, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар шунида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаҳои дар давоми моҳҳои охир рӯйдода, аз ҷумла фирори маҳбусон аз тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнини дар қаламрави мамлакат содиршударо таҳти муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, аз Прокуратураи  генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ, инчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар талаб намуд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои  хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Бо мақсади ислоҳи қатъӣ ва ҳатмии камбудиҳои зикршуда ва бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада дар назди тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Аз ҷумла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлат таъкид гардид, ки вазъи оперативию ҷиноии тамоми қаламрави мамлакатро ҳарчи зудтар ба эътидол оварда, ҷиҳати таъмини амнияти давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва оромии мардуми кишвар, такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиён, тақвият бахшидан ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда диққати махсус зоҳир намоянд ва самаранокии фаъолияти ҳамаи ҷузъу томҳои худро пурзӯр созанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро огоҳ сохт, ки вазифаи базиммадоштаи худро бо дасту дили пок ва масъулияти баланд иҷро карда, қарзи худро дар назди давлат ва мардум дар сатҳи баланди касбӣ адо намоянд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, аз ҷумла амалҳои террористӣ ва кӯшишҳои ифротгароёна, ҳамеша омода бошанд ва бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳое, ки давлат дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ваҳдати миллӣ, сулҳу осудагии ҷомеа ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба оилаву пайвандони афсарону аскарони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҷараёни ҳодисоти вақтҳои охир фаъолона ва фидокорона ширкат доштанд, сипосу миннатдорӣ баён кард, инчунин ба онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд, шифои комил хоста, таъкид сохт, ки барои ҳарчи зудтар дастгир ва безарар гардонидани ҷинояткорон ва ба ҷазои қонунӣ гирифтор намудани онҳо тамоми чораҳо андешида шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 11074
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед