logo

маориф

Дар самти бо кор таъминсозии дастпарварони донишгоҳ мушкилиҳо ҷой доранд

Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки имсол донишгоҳро 1447 нафар хатм намуд, ки аз он 55 нафар соҳиби дипломи аъло гашт. Аз 2111 довталабе, ки ба донишгоҳ ҳуҷҷат супурд, 1997 нафар сазовори номи донишҷӯ гардид.
Дар самти  фаъолияти илмии донишгоҳ чор семинар ва як конференсияи илмӣ гузаронида шуд. Дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ, бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадан, риояи сару либоси донишгоҳӣ, ташвиқи одоби ҳамида чорабиниҳо барпо гардиданд.
Ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуд. Дар ин давра ба 5 донишгоҳ робитаи дуҷониба барқарор гардид, ки барои пешрафти таълим, таҷрибаомӯзӣ мусоидат намуд. Умуман, донишгоҳ бо 50 донишгоҳи мамолики дунё робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Албатта, ин аз эътирофи мақому мартабаи муассисаи таълимии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон водор месозад, ки  сатҳу сифати таълиму тарбия баландтар бардошта шаваду шумораи ихтироу навовариҳо зиёд гардад.
Ректори донишгоҳ дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома оиди ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон гуфт, ки дар ин самт ҳанӯз  мушкилиҳои зиёд ҷой доранд. Талабот ба хатмкунандагони донишгоҳ гӯё зиёд аст, аммо мониторинги пешакии бозори меҳнат ва ҷобаҷогузории муташаккилонаи хатмкунандагон ҳоло ҳам муайян нест.

Фарзонаи Файзалӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 642

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед